Ин ҷолиб аст: анъанаҳои аҷиби халқҳои ҷаҳон

Маросими издивоҷ
 
Анъана падидаест, ки фарҳанги халқҳои ҷаҳонро гуногунранг, беназир ва ҷолиб месозад. Онҳо таърих, урфу одатҳо ва эътиқоди одамонро инъикос мекунанд ва метавонанд ҳам ҳайратовар ва ҳам аҷиб бошанд. 
 
Анъана мафҳуми васеътар аст ва расму оинҳоро баъзан унсури анъана меноманд. Одатан, расму оинҳо бо масъалаҳои ахлоқӣ, ки ҷомеаро ба ташвиш меоранд, алоқаманд аст. Ин анъана ба ҳама гуна муносибатҳои оилавӣ, фарҳангӣ ё иқтисодӣ дахолат дорад. Ин падида аксар вақт аз ҷониби одамон озодона шарҳ дода мешавад, дар ҳоле ки расму оинҳо тартиби қатъии амалро пешбинӣ мекунанд.
 
Дар таърихи инсоният бе анъана ягон фарҳанг вуҷуд надошт ва вуҷуд надорад. Дар ҷаҳони муосир, ҳастанд шахсоне, ки аксар вақт кӯшиш мекунанд аз урфҳои кӯҳна дур шаванд ва онҳоро боқимондаҳои гузашта ҳисоб мекунанд. Аммо дар давраҳое, ки шаклҳои фарҳангии кӯҳна бо арзишҳои нав иваз карда мешаванд, давраҳои номуайянӣ ба вуҷуд меоянд. Одамоне, ки тибқи қоидаҳои нави зиндагӣ одат кардаанд, дигар наметавонанд бо тарзи кӯҳна зиндагӣ кунанд. Гарчанде, ки нақши анъанаҳо дар ҳаёти муосир коҳиш меёбад, аксарияти одамон расму оини аҷдодии худро дастгирӣ мекунанд, ва ҳатто ба кишварҳои дигар ҳиҷрат кунанд ҳам онҳоро риоя мекунанд. Муҳим он аст, ки мо аз мероси худ огоҳ бошем, фаҳмем, ки оё он воқеан ба беҳтар шудани зиндагии кунунӣ мусоидат мекунад, ба рушди он ёрӣ мерасонад ё баръакс.
 
Дар ин мақола, мо ба анъанаҳои аҷиби халқҳои гуногуни ҷаҳон, ки боиси тааҷҷуб ва таваҷҷӯҳи бисёриҳо мебошад, аз сарчашмаҳои гуногуни сомонаҳои интернетӣ дастрас, тарҷума ва таҳия намудем, пешниҳод мегардад.
 
Расму оинҳо чуноне, ки дар боло зикр гардид, тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоии дилхоҳ ҷомеаро фаро мегирад, ки умдатарини онҳо маъракаҳои хурсандӣ ва маросимҳои азодорӣ мебошад. Дар зер чанд намунаи маросимҳои мазкурро, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон роиҷ аст, баррасӣ мекунем.
 
Издивоҷ дар Индонезия.
 
Дар минтақаи Тидуни кишвари  Индонезия дар баргузории тӯйҳои домодию арўсӣ,  анъанаҳои аҷиб ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи яке аз расму оини маҳаллӣ, домод чеҳраи арӯсро то он даме, ки барои арўс якчанд сурудҳои ошиқона нахонад, дида наметавонад. Пардае, ки байни ду ҷуфт овезон карда мешавад ва домод ҳамаи сурудҳои ошиқонаашро ба интихобкардааш то охир мехонад, танҳо пас аз ин парда аз байн бардошта мешавад. Аммо одати аз ин ҳам  аҷибтар он аст, ки арӯс ва домод дар давоми се шабонарӯзи бо ҳам будан ҳаққи истифодаи ташноб (ваннаро) надоранд. Сокинони Тидун ба ин боваранд, ки вайрон кардани ин одат метавонад ба оқибатҳои ногувори ҷиддии вайроншавии никоҳ ва ё хиёнати ҳамсарон оварда  расонад.  
 
Хонадоршавӣ дар Африқо.
 
Дар кишвари Мавритания муддати дароз чунин мешумориданд, ки зебоии зан ба фарбеҳии ӯ вобаста аст. Ҳар қадаре, ки зан фарбеҳ бошад, ҳамон қадар барои мардони африқоӣ мақбултар ва эҳтимоли издивоҷи ӯ бештар  аст. Ин одат дар байни аҳолӣ паҳн шуда буд ва ин як меъёри муҳим  ҳисобида мешуд. Аммо, дар солҳои охир, дар давлати Мавритания созмонҳое пайдо шуданд, ки барои баробарии ҳуқуқи занон ва зидди табъиз дар асоси вазн мубориза мебаранд. Позитиви маҷбурии бадан ҳаракатест, ки мекӯшад афкори ҷамъиятиро дар бораи он, ки зан  барои зебо будан фарбеҳ бошад, тағйир диҳад. Он занонро ташвиқ мекунад, ки новобаста аз шакл ва андозаи он аз бадани худ ифтихор кунанд. Гарчанде ки позитиви маҷбурии бадан ҳанӯз дар Мавритания паҳн нашудааст, он як қадами муҳим барои тағйир додани менталитет ва ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои табъиз дар асоси вазн мебошад. Ин амал ба занон новобаста аз он, ки онҳо тибқи стандартҳои анъанавӣ зебо ҳастанд ё не, кӯмак  мекунад то зебоӣ ва арзиши худро дарк кунанд. 
 
Издивоҷ дар кишвари Кения.
 
Дар кишвари Кения зан дар оила нисбат ба мард мавқеи эҳтиромтарро дорад ва чунин расм аст, ки домоди ҷавонро  баъди издивоҷ либоси занона мепӯшонанд ва ӯ вазифадор аст дар давоми як моҳ бо ин либос гардад ва тамоми корҳои хонагии занонаро иҷро кунад. Ин амал чунин ҳикмат дорад ва барои он анҷом дода мешавад, ки домод бубинад ин кори хона чӣ қадар душвор аст ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ ба ҳамсараш нагӯяд: "Шумо дар хона бе кор нишастаед ва ман кор мекунам" .  
 
Издивоҷ дар Ҷазираҳои Никобар.
 
Дар Ҷазираҳои Никобар ҷавоне, ки тасмим гирифтааст бо духтар хонадор шавад, бояд дар хонаи хусураш аз шаш моҳ то як сол "ғулом" шавад ва тамоми корҳои хонаро иҷро намояд. Дар ин муддат  падару модар ва арӯс феълу атвор ва ахлоқи домоди ояндаашро омўхта ба хулосае меоянд, ки оё чунин  шавҳар барои духтарашон мувофиқ аст ё не? 
 
Издивоҷ дар Ҳиндустон.
 
Дар Ҳиндустон ақди никоҳи мард бо зан бори сеюм манъ аст, аммо барои маротибаи чорум хонадоршавӣ иҷозат дода мешавад. Аз ин рӯ, мардон бори сеюм бо дарахт издивоҷ мекунанд ва дар айни замон тамоми расму оинҳои анъанавии он риоя карда мешаванд. Пас аз тӯй  дарахтро мебуранд ва мард аз масъулияти оиладорӣ озод шуда, ҳуқуқ дорад, ки бори чорум зан гирад. Барои  занҳо ҳам издивоч бо дарахт иҷозат дода мешавад, аммо ин кор танҳо бо мақсади рондани қувваҳои бад ва ҷинҳо иҷозат дода мешавад.
 
Тӯйҳо дар Юнон.
 
Тӯйҳо дар Юнон маросимҳои ҷолиби худро дорад. Дар вақти рақс арўси ҷавон кӯшиш мекунад, ки пои шавҳарашро зери қадам кунад. Гумон меравад, ки ин амал ба хотири он анҷом дода мешавад, ки арўс бар он  бовар аст, ки бо ин амалаш дар ҳаёти минбаъда ў сарвари оила мегардад. Ногуфта намонад, ки ин расм дар байни мардуми тоҷик низ роиҷ аст, ки шояд аз замонҳои қадим- истилои Юнониҳо ба мерос мондааст. Баъдан навхонадорон аввал кӯдаконро ба бистари хобашон медароранд. Тибқи эътиқод, агар хурдсолон давида, дар бистари ҷавонон ҷаҳидан гиранд, пас зану шавҳар дар издивоҷи худ хушбахт хоҳанд гардид.  
 
Маросим дар шаҳри Кастильо де Мурсия.
 
Дар шаҳри Кастильо де Мурсия соле як маротиба фестивали "Эл Колачо" баргузор мешавад, ки дар он мардон либоси зарду сурхи иблисро мепӯшанд ва аз болои кӯдаконе, ки дар болои матрасҳо хобидаанд, ҷаҳида мегузаранд. Сипас кӯдаконро болои барги гулҳо гузошта, епископ ба онҳо оби муқаддас мепошад. Онҳо боварӣ доранд, ки ин маросим кӯдаконро аз бемориҳо ва  амалҳои бад муҳофизат мекунад ва дар оянда онҳо хушбахт ва ба иқбол мегарданд.
 
Зодрӯз дар Нидерланд.
 
Дар Нидерланд бошад,чунин анъана аст, ки дар рўзи зодрўзи як аъзои оила, тамоми аҳли оилаи соҳибҷашн табрик карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки агар шумо як дӯсте аз Нидерландия дошта бошед, пас барои он ки ӯро хафа накунед, шумо бояд на танҳо ӯро, балки тамоми аҳли оилаашонро  низ табрик кунед. Ин анъана, гарчанде ки ғайриоддӣ ба назар расад ҳам, барои боз ҳам муҳимтар гардидани зодрӯз кӯмак мекунад ва ин васила робитаҳои байни хешовандонро мустаҳкам мекунад. Гуфта мешавад, ки барои фаромӯш накардани зодрӯзи наздикон, нидерландиҳо аксар вақт санаҳои зодрӯзи дӯстон ва хешовандони худро тибқи тақвим  ба нақша мегиранд. Ин ба онҳо кӯмак мекунад, ки ягон ҷашни зодрўзро фаромўш накунанд ва ҳамеша бораи табрики наздиконашон омода бошанд.
 
Идома дорад…
 
Дар таҳияи мавод аз шабакаҳои интернетӣ истифода шудааст.
      
 
Мушовири директори Марказ                                                            А.Мирзозода                
Яндекс.Метрика