Ислоҳи нафс дар мисоли Аждаҳои хуфта

     Ислоҳи нафс дар мисоли Аждаҳои хуфта

Моргир барои гирифтани мор роҳии кӯҳсорон шуд. Пас аз паймудани роҳе тӯлонӣ ба аждаҳои бузург бархӯрд, ки дар миёни барфҳо мурда менамуд:

               Ӯ ҳамеҷустӣ яке мори шигарф,

               Гирди кӯҳистон дар айёми барф.

               Аждаҳое мурда дид он ҷо азим,

               Ки дилаш аз шакли ӯ шуд пур зи бим.

Моргир ҳавои он дошт,ки морро барои тамошои мардумон ба намоиш гузорад ва ононро дучори эъҷобу шигифтӣ кунад, ғофил аз он, ки чун кӯҳе азим аст,бояд мафтуни море шавад:

              Одамӣ куҳест, чун мафтун шавад?

              Кӯҳ андар мор ҳайрон чун шавад?

              Хештан нашнохт мискин одамӣ, 

              Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.

Дар ҳар ҳол аждаҳои хуфтаро гирифт ва ҳамроҳи худ ба Бағдод овард, то маъракае бисозаду мардумонро дар ҳайрат фурӯ барад.

Моргири бенаво аждаҳоро  мурда мепиндошт ва аз ин рӯ, хиёлаш комилан осуда буд, ғофил аз он, ки ӯ зинда аст ва дар асари сармо беҳиссу ҳол шудааст:

             Ӯ ҳаме мурда гумон будаш, валек

             Зинда буду ӯ надидаш нек-нек.

             ӯ зи сармоҳову барф афсуда буд,

             Зинда буду шакли мурда менамуд.

Моргир канори рӯди Даҷла маъракае барпо кард ва мардум гирдаш ҷамъ омаданд ба гунае, ки ҷои сӯзанандохтан ҳам набуд ва ҳамчунон бар издиҳоми ҷамъият афзуда мешуд ва ҳамагӣ бо тааҷҷуб ба он аждаҳои ба зоҳир мурда менигаристанд. Албатта моргир, маҳзи эҳтиёт, ӯро ба банд кашида буд, то хатаре ӯро таҳдид накунад.

Дар ин фосила хуршеди гарми саҳро бадани аждаҳоро гарм кард ва аждаҳо ба ҳаракат даромад, бандҳоро пора кард ва ба ин сӯву он су ҷаст. Мардум аз тарс по ба фирор гузоштанд ва ба хотири касрати ҷамъият теъдоди зиёде зери дасту по захмӣ шуданд. Аждаҳо ба сӯи моргир ҳамлавар шуд ва ӯро дар коми худ фурӯ бурд:

                     Моргир аз тарс бар ҷо хушк гашт,

                     Ки чӣ овардам манн аз кӯҳсору дашт?

                     Аждаҳо як луқма кард он гиҷро

                     Саҳл бошад хунхӯрӣ ҳаҷҷоҷро.

Эй бародар! Нафси аммораи ту ҳамон аждаҳои хуфта аст, ки ту онро мурда мепиндорӣ, аммо ба вақти тобиши гармо молу қудрат чунон ба ҷунбиш дарояд ват уро дар ком барад, ки тасаввурашро ҳам намекардӣ. Нафси аммораро то хобидааст, бояд чора кард, вагарна ба вақти бедорӣ аз уҳдаи ӯ барнаёӣ:

                   Нафсат аждарҳост, ӯ кай мурда аст?

                   Аз ғаму беолатӣ афсурда аст.

                   Кирмак аст он аждаҳо аз дасти фақр,

                   Пашшае гардад зи ҷоҳу мол сақр.

                   Аждаҳоро дор бар барфи фироқ,

                   Ҳин, макаш ӯро ба хуршеди Ироқ.

                  То фисурда мебувад он аждаҳот,

                  Луқмаи ӯйи, чу ӯ ёбад наҷот.

                  Мот кун ӯрову эмин шав зи мот,

                   Раҳм кам кун, нест ӯ з-аҳли силот. 

 

Аз "Маснавӣ"-и Ҷалолуддин  Румӣ.

 

Исоев Насимҷон - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ

Яндекс.Метрика