Исрофкорӣ амали зишт

"Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинати (яъне, либос) худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустї, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданї. Ба дурустї, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст" (Сураи Исро: 26-27); "Ва исроф макунед, ба дурустї, ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад" (Сураи Анъом: 141); "Ва ононанд, ки чун ҳаљ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду љониб мўътадил бошанд" (Сураи Фурқон: 67).

 

"Исроф фақру тангдастӣ меоварад", "Дар исроф ва зиёдаравӣхайре нест ва дар корҳои хайр исроф нест", "Офати саховатмандӣисроф аст", "Касе, ки дар зиндагиаш сарфакор бошад, Худо ўро рўзӣмедиҳад ва касе, ки исроф ва зиёдаравӣкунад, маҳрумаш мекунад". 

Паёмбари ислом Муҳаммад (с)

"Барзиёд, бемавриду мақом сарфу исроф кардани мол аломати нодонию љаҳолати шахс аст".

Ибни Сино

 

"Исрофро шум дон ва ҳар чи офаридгор онро душман дорад, он бар бандагони Худои таоло шум бувад... Дар љумла корҳо исроф музаммат карда шудааст. Исроф танро бикоҳад ва нафсро биранљонад ва ақлро бипажмонад ва зиндаро бимиронад".

Унсурмаолии Кайковус

 

«Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле ва хеле кам, ё умуман вуҷуд надошта бошад, зеро карру фари зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рӯи зарурат пайдошуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро, якеро бо дороӣ дигареро бо нафсу ҳасудаш фосиқ, бадахлоқ ва вайрон мекунад: ин ҳолат ватанро гирифтори нозу неъмат, овораи шуҳратпарастӣ сохта, аз ватан ҳама шаҳрвандон-тобеонро кашида мегирад, то ин ки якеро ғуломи дигаре ва ҳамаро дар маҷмӯъ ғуломи ақидаи нодуруст созад». 

Ж. Ж. Руссо

 

"Сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта сарфаю сариштакориро ба хотири тарбияи беҳтари инсон тарѓиб намуда, исрофкорию худнамоиро маҳкум кардаанд. Ҳамаи китобҳои осмонӣ- Қуръону Инљил ва Тавроту Забур сарфакориро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ҳидоят кардаанд".

ЭмомалӣРаҳмон

 

Таҳиякунанда: Шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

Яндекс.Метрика