Исрофкорӣ амали зишт

"Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинат (яъне, либос) - и худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданӣ. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст" (Сураи Исро: 26-27); "Ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст надорад" (Сураи Анъом: 141); "Ва ононанд, ки чун ҳаҷ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду ҷониб мўътадил бошанд" (Сураи Фурқон: 67).

Қуръони карим

 

"Исроф фақру тангдастӣ меоварад", "Дар исроф ва зиёдаравӣ хайре нест ва дар корҳои хайр исроф нест", "Офати саховатмандӣ исроф аст", "Касе, ки дар зиндагиаш сарфакор бошад, Худо ўро рўзӣ медиҳад ва касе, ки исроф ва зиёдаравӣ кунад, маҳрумаш мекунад". 

Паёмбари ислом Муҳаммад (с)

"Барзиёд, бемавриду мақом сарфу исроф кардани мол аломати нодонию ҷаҳолати шахс аст".

Ибни Сино

 

"Исрофро шум дон ва ҳар чи офаридгор онро душман дорад, он бар бандагони Худои таоло шум бувад... Дар ҷумла корҳо исроф музаммат карда шудааст. Исроф танро бикоҳад ва нафсро биранҷонад ва ақлро бипажмонад ва зиндаро бимиронад".

Унсурмаолии Кайковус

 

«Дар давлати демократӣ ва дунявӣ зарур аст, ки карру фарри зиёдатӣ ва исрофкорӣ хеле ва хеле кам, ё умуман вуҷуд надошта бошад, зеро карру фари зиёдатӣ ва хароҷоти беҳуда ё бо сабаби дороӣ ва ё аз рӯи зарурат пайдошуда, дар як вақт ҳам доро ва ҳам камбағалро, якеро бо дороӣ дигареро бо нафсу ҳасудаш фосиқ, бадахлоқ ва вайрон мекунад: ин ҳолат ватанро гирифтори нозу неъмат, овораи шуҳратпарастӣ сохта, аз ватан ҳама шаҳрвандон-тобеонро кашида мегирад, то ин ки якеро ғуломи дигаре ва ҳамаро дар маҷмӯъ ғуломи ақидаи нодуруст созад». 

Ж. Ж. Руссо

 

"Сарчашмаҳои диниву адабӣ ва ахлоқии халқҳои мутамаддину пешрафта сарфаю сариштакориро ба хотири тарбияи беҳтари инсон тарѓиб намуда, исрофкорию худнамоиро маҳкум кардаанд. Ҳамаи китобҳои осмонӣ - Қуръону Инҷил ва Тавроту Забур сарфакориро таълим дода, инсониятро ба зиндагии орому муназзам ҳидоят кардаанд".

Эмомалӣ Раҳмон

 

Таҳиякунанда: Шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

 

 

Яндекс.Метрика