ИСРОФКОРӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ва бемаъние омадааст, ки мардум ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Хушбахтона, баъд аз қабул ва дар амал татбиқ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибати мардум бо анъанаву маросим низ ба таври мусбат тағйир ва танзим ёфта, дар ин замина барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва аз байн бурдани исрофкориву зиёдаравӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо қабули Қонун ба хароҷот ва исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуда, шаҳрвандон аз ҳама гуна уҳдадориҳои беасос озод гаштанд. Саъдии Шерозӣ дар бораи сарфу хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкориҳои бемаврид чунин мегӯяд: “Эй фарзанд, дахл оби равон асту харҷ осиёи гарон, яъне, харҷи фаровон кардан мусаллам касеро бошад, ки дахли муайян дорад”. Инчунин, Қонуни танзим шароит фароҳам овард, ки мардум ҷашну маъракаҳои хурсандӣ ва маросими азодории худро бо хароҷоти кам гузаронанд. Адолати иҷтимоӣ миёни шахсони доро ва камбизоат ҳангоми маъракаороӣ ва маъракагузаронӣ ба эътидол дароварда шуд.

Сардафтари адабиёти классикӣ тоҷик Абу Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ мардумро аз сарфу хароҷоти зиёдӣ маън намуда, чунин мисраҳои шеъриро баён кардааст:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,

Дар банди такаллуф машав озод бизӣ.

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ!

Дар тӯли солҳои охир, ҳамзамон бо татбиқи Қонуни танзим, дар фарҳанги маъракаороӣ ва тафаккури шаҳрвандон низ тағйироти ҷиддӣ ворид гашта, зиндагӣ ба маҷрои нав даромад. Дар натиҷа пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуда, барои мардуми оддӣ шароит муҳайё шуд, ки мол ва дороии худро ба самти дурусти иқтисоди оилавӣ равона кунанд.

Исрофкорӣ яке аз амалҳои хурофотӣ ба ҳисоб рафта, ифодагари сарфу хароҷоти аз меъёр зиёд мебошад, ки ба буҷаи оила ва иқтисоди кишвар зарари моддӣ мерасонад. Тавре, ки Унсурмаолии Кайковус қайд намудааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”. Бояд зикр кард, ки яке аз мақсадҳои асосии Қонуни танзим маҳз аз байн бурдани ҳамин гуна хароҷот ва исрофкориҳои беҳудаю хурофотӣ мебошад. Дар моддаи якуми Қонуни мазкур оварда шудааст: “Мақсади Қонуни мазкур ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст...”.

Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) дар мавриди исрофу исрофкорӣ дар ҳадисе гуфтаанд: “Бихур, бинӯш, садақа кун, бидуни тахаюлот ва исрофкорӣ барои он ки Худованд дӯст медорад, натиҷаи неъматҳояшро дар бандагонаш бинад”. Ҳамчунин Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахаюлот ва исрофкорӣ”. Бояд қайд кард, ки Қонуни танзим, аз як ҷиҳат ҳамчун санади ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳатмиро барои ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо пешбинӣ шуда бошад, аз тарафи дигар чун мушкилкушо ё василае барои аз байн бурдани хурофот ва исрофкорӣ хизмат менамояд. Чуноне Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “... қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезанад, ки дар ягон гушаи олам ба назар намерасад”.

Аз ҷумла Саъдии Шерозӣ дар мазаммати исрофкорӣ ва иҷтиноб варзидан аз ин амали зарарнок чунин мисраҳои ҷолибро эҷод кардааст:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Исрофкорӣ худ амали хурофотӣ ба ҳисоб рафта, исроф ин хароҷоти аз меъёр зиёде мебошад, ки барои гузаронидани ҷашну маросимҳои гуногуни миллӣ ва динӣ масраф мешаванд.

Саъди Шерозӣ дар ҷои дигар сарфу хароҷот ва исрофкориҳои бемавридро чунин тасвир кардааст:

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун,

Ки мегӯянд маллоҳон суруде

“Агар борон ба кӯҳистон наборад,

Ба соле Даҷла гардад хушкрӯде”.

Дар ин замина Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: “То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем”.

Мирзо Абдулқодири Бедил дар бораи дуруст риоя кардани расму маросимҳо ва аз байн бурдани урфу одатҳои бегона ва исрофкориву хурофот чунин гуфтааст:

Зиндагӣ дар банди ваҳму расму оин мурдан аст,

Даст дасти туст бишкан ин тилисму ваҳмро.

Аксарияти мардум исрофкориро ба мақсади худнамоӣ ва тақлид ба дигар мардуми исрофкор анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ: “Расму оинҳоро камхарҷ намуда, бояд ба он муваффақ шавем, ки онҳо ба маданияти баланд, пурмазмун ва таъсирбахш гузашта, боиси ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардум гарданд”. Аз ҷумла, пеш аз қабули Қонуни танзим дар тӯю маъракаҳо, ҷашну маросим даҳҳо мошини сабукрав хизмат расонида, тӯй чанд шабонарӯз давом меёфт. Ин гуна тӯйҳо хароҷоти аз меъёр зиёдро талаб мекарданд ва аксарияти мардум баъди гузарноидани чунин тӯйи серхарҷ “ба қарз меғӯтиданд” Албонӣ дар китоби “Саҳеҳи Нисоӣ” аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки Пайғамбар Худо дар ҳадисе фармудаанд: “Он чизе, ки зарфро пур мекунад, бадтар аз он аст, ки меъдааш пур шавад. Бинобар гуфтаи писари Одам (а) сеяки хӯрок ва сеяки нӯшокӣ барои худ ногузир медонист”. Бояд ёдовар шуд, ки Қонуни танзим ин гуна хароҷоти зиёдатиро қатъиян маън намуда, мардумро ташвиқ кард, то тӯю маъракаҳои худро бо маблағи кам баргузор намуда, ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ, ки берун аз мазҳаби Ханафӣ мебошанд, даст назананд.

Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ низ исрофкорӣ хароҷоти аз меъёр зиёд ба ҳисоб рафта, ба зарари соҳиби маърака ва буҷаи оила мебошад, ки ҳеҷ гуна савоб дошта наметавонад. Дар Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд: “Ва он амволро аз тарси он, ки бузург шаванд ба исроф ва шитоб мехӯред” (Сураи “Нисо”, ояти 6); “Исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад” (Сураи “Анъом”, ояти 141); “Бихӯреду биошомед ва исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад” (Сураи “Аъроф”, ояти 31); ““Ҳеҷ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст” (Сураи “Исро”, ояти 26-27); Касонеанд, ки чун харҷ кунанд, исроф нанамоянд ва бухл наварзанд, балки миёни ин ду ҷониб муътадил бошанд (Сураи “Фурқон”, ояти 67); “Ба дурустӣ, ки Фиръавн саркаше аз исрофкорон буд” (Сураи “Духон”, ояти 31).

Дар моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” банди махсусе ҷорӣ гардид, ки дар он дар бораи камхарҷ оростани дастурхони идона сухан меравад. “Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста шуда, ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ додан манъ аст”.

Убайди Зоконӣ дар мисраи шеъри доир ба сарфу хароҷоти зиёдатӣ ва бемаврид чунин қайд намудааст:

Харҷам бурун зи одату қарзам бурун зи ҳад,

Фикр аз барои харҷ кунад ё барои қарз.

Луқмони Ҳаким яке аз шахсони сарватманди замони хеш ба ҳисоб рафта, бо чунин дороиҳову сарват хеш дар бораи сарфу хароҷоти зиёдатӣ, ҳамчунин исрофкорӣву зоҳирпарасти чунин зикр менамояд:

Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,

Ҳам лоиқи душман асту, ҳам лоиқи дӯст.

Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро омӯзанд. Мақсаду меъёрҳое, ки дар Қонуни танзим омадааст, ба тарзи зисту зиндагонии гузаштагони халқи тоҷик мувофиқат намуда, ғояҳои сарфаҷӯӣ, худдорӣ аз сарфу харҷи беҳудаву исрофкорӣ саросари осори эшонро фаро гирифтааст. Дар осори Рӯдакиву Саъдӣ, Мавлонову Ҳофиз, Ҷомиву Бедил, Унсурмаолии Кайковусу Зоконӣ, Луқмони Ҳакиму Дониш бошад, доир ба роҳ надодани мардум ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ ба пурагӣ дарҷ гардида, бо лаҳни ширину гуворо садо додааст:

Қобили тазаккур аст, ки ба қабули Қонуни саривақтии танзим 14 сол сипарӣ мешаваду он боиси аз байн рафтани исрофкорӣ ва зиёдаравию зоҳирпарастии беасос гардида, барои беҳбудии сатҳи зиндагии иқтисодиву иҷтимоии мардум саҳми босазое гузошт. Чи тавре ки дар оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайгамбари ислом Муҳаммад (с) дидем Худованд исрофкоронро дуст намедорад ва мардумро ба ҷои исрофкорӣ ба сӯи садақа додан ба мардуми камбизоат роҳнамуд менамояд.

Бояд қайд намуд, ки ниёгонамон дар осори хеш исрофкориро амали шарр ҳисобида, исрофкорро мавриди накуҳиш қарор додаанд. Сухани худро бо ҳадисе аз Саъд ибни Абивақос, ки аз Пайғамбар (с) ривоят кардааст, ҷамъбаст намоям: “Исроф ҳарчанд дар дарё бошад ҳам, манъ аст, зеро дар он оят ҳукмфармост, ҳеҷ исроф ва хаёлот нест, зеро ба мӯъмин амр шудааст сарфа кардани ҳама чиз ва сарф кардани исроф дар ҳама чиз манъ аст”.

Саҷҷоди Муҳаммадшарифзода - мутахассиси пешбари Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросимҳо ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика