Истаравшан:

Санаи 8 - уми июни соли равон вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ- и Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Генерал - майор Назарзода Турабек, сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ Абдуллоҳи Қодирӣ ва Ғайратзода Амруллоҳ муовини сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо афсарону сарбозон дар отряди сарҳадии шаҳри Истаравшан баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ атрофи масоили авзои ҷаҳонӣ, бархурди тафаккури ҷавонон бо идеологияи ҷавонон, муқовимат алайҳи эктремизму терроризм ва гардиши қочоқи маводи мухаддир суҳбатҳои судманд анҷом дода шуд.

Дар фарҷом шеъри :

Аз меҳри Ватан ҳаст матои дилу ҷонам,

Ман сар ба таги парчами бегона намонам... , қироат карда шуд.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика