Истиқлолияти давлатӣ сутуни заррини давлату миллат аст!

Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои зарине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдории миллатамонро боз ҳам таҳким бахшем.
                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон
 
Истиқлолият падидаи муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро он ба ҳар яки мо озодии комилро ҳадя намуд. Санаи 9 – уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Маҳз Истиқлолият кишвари моро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард.
 
Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар мамлакат сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба чор ҳадафи стратегӣ – раҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ҳоло тамоми мардум шукронаи Истиқлолияту Ваҳдат мекунанд ва дар ҳар гӯшаю канори қаламрави мамлакат бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Имрӯз маҳз ба шарофати Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 170 кишвари дунё робитаҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва тиҷоратию иқтисодӣ дорад.
 
 
 
 

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

 
 
 
 
 
 
 
 
 

Яндекс.Метрика