Истиқлолият - оғози масъулият ва чароғи афрӯзандаи давлату миллат аст!

Вожаи «Истиқлол» муқаддас аст ва аз калимаҳои муҳимтарини ҳаёти мост.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки Истиқлол чароғи афрӯзандаи имрӯзу ояндаи ҷомеаи мост, ки бидуни он наметавонем бузургтарин ормонҳои миллии худро пиёда созем ва Тоҷикистони азизи худро ба тараққиву пешрафтҳои беназир расонем.

Ин ҳама оғозҳои нек аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шуруъ мешавад. Шоир мефармояд: «Ваҳдат аз домони модар мешавад оғоз» ва мо ҳам умед мебандем, ки бунёди хонаводаҳо мустаҳкаму қавӣ бошад ва Истиқлолияти миллӣ ҳамеша ҷовидона бегазанд бимонад.

Тоҷикистони бо баракати Истиқлол ва юмни Иҷлосияи оғозбахшаш ваҳдаткадаи миллати тоҷик шудааст.

Биё, ваҳдатнаво бошем, имрӯз,
Сарахбори сафо бошем, имрӯз,
Ватансозу ватаннозу ватандор,
Ватанро муттако бошем имрӯз,
Ҳама як дил, ҳама як руҳу як ҷон,
Ба дарди ҳам даво бошем, имрӯз.
Ба фардоҳои масъуду мунаввар,
Раҳораҳ раҳкушо бошем, имрӯз,
Ало, эй модарони Тоҷикистон
Дуои андар дуо бошем, имр
Ҳамовозу ҳамафкору ҳамомол,
Ба гирди Пешво бошем, имрӯз.

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика