ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХИСТ!

Истиқлолият ҳаммаънои озодӣ ва ба даст гирифтани сарнавишти хеш мебошад.

Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Худо он миллатеро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.
Бадон миллат сару коре надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кишт.

Оре, Истиқлолият барои мо асоси давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда ва азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагист.

Бо шарофати ин руйдоди бузурги таърихӣ, Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатии худ Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конистутсия гашта, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Имрӯз бо дарки масъулият дар назди таърихи халқи тоҷик ва ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, мо бояд дар атрофи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, Истиқлоли давлатиро бо хишти ҷони хеш ва фаъолияти содиқона, беғаразона муаррифӣ ва ҳифз намоем.

Хушбахтона, имрӯз мо дар остонаи таҷлили 31–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем.
Давлатсозиву давлатдорӣ кори як даҳсола ва ҳатто як насл нест, балки як даврони тӯлонии таърихӣ ва пайвасти ногусастании онҳо, анъанаҳо ва арзишҳои халқиро тақозо дорад.

Давраи навини давлатсозиву давлатдории миллӣ моро водор месозад, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои давлатсозию давлатдориро анҷом дода, дар шоҳроҳи таҷрибаи идораи пешқадами ҷаҳонӣ роҳи дурусти бунёдгузории давлати миллиро пайдо намоем.

Сарвари давлат ҳамеша дар баромаду суханрониҳояшон Истиқлолияти давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин падидаи муҳимро таъкид менамояд ва мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад:
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдории давлат, миллат ва соҳибистиқлолиро ҳамеша бо чунин омили муҳим – халқ ва садоқати он пайваста донистааст, ки дар бунёди давлатдории миллӣ барои ҳар як қавму миллат нақши калидиро мебозад: “Садоқати мардуми Тоҷикистон ба Истиқлоли давлатӣ пойдевори давлати миллиро устувор намуд”.

Истиқлолият ва сиёсати истиқлолхоҳии Пешвои муаззами миллат имконият фароҳам сохтанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик баъди садсолаҳо дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри нави ХХI аз нав соҳиби давлати миллии хеш гардад ва роҳи бунёди давлатдории миллиро пеш гирифта, дар зарфи 31 соли охир пояҳои мустаҳками онро побарҷо созад.

Маҳз ҳамин Истиқлоли давлатӣ, ба қавли Сарвари ҷумҳурӣ, дар замони муосир “кишвари азизи моро ба марҳалаи нави рушд ворид намуда, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад”.

Имрӯз вазифаи ҳар як мо аз он иборат аст, ки аз сиёсати истиқлолхоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ содиқона пуштибонӣ намоем ва пояҳои соҳибистиқлолии кишварро барои наслҳои оянда ва садсолаҳо таҳким бахшем.

Сиёсатшинос,
Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика