Истиқлол бузургтарин дастовардест, ки марҳалаи нави давлатдории миллӣ аз он оғоз мешавад. Ин паёмади таърихӣ омили иттиҳоду сарҷамъии мардум, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувият ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи шаъну шараф ва ҳастии миллат гардид. Муҳимтарин вазифаи халқи тоҷик имрӯз ҳифзу таҳкими истиқлолият мебошад. Зеро, ин вазифаест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сифати ғояи миллӣ муайян намуда буд. Истиқлоли давлатӣ беҳтарин ҷавҳарест, ки фаъолияти ҳокимиятро таъмин карда, роҳбарии сиёсию ҳуқуқии як давлатро мукаммал менамояд. Қисми асосӣ ва муайянкунандаи моҳияти истиқлоли давлатӣ ин муносибати сиёсию ҳуқуқӣ байни субъектҳои он – шахс, халқ, ҷомеа, ҷамъияти иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва давлат мебошад. Албатта, масъалаи истиқлоли сиёсӣ ва таҳлилу тадқиқи ҳамаҷонибаи он дар шароити муосир ба муҳимтарин мавзуи пажӯҳиши илмию академӣ табдил ёфтааст. Бисёр падидаҳо ва равандҳои ҷомеа аз инкишофи мутассили истиқлоли кишвар бар меоянд. Истиқлоли сиёсӣ, ки сатҳи олии истиқлол аст, бо масъалаҳои дигари тақдирсози давлатдорӣ робитаи ногусастанӣ дошта, яке дигареро комил мегардонанд [1, c. 7].
Мустақилият ин ҳокимияти худмухтори берунии ҳокимият буда, қобилияти фаъолиятро инъикос мекунад ва принсипи ҳал ва иҷрои онҳоро бе таъсири беруна иҷро менамояд. Яъне, истиқлоли давлатӣ ҳолатест, ки ҳамеша ба амният ва тартиботи сиёсӣ ниёз дорад, мустақилияти том бошад, дар сурати иҷрои амнияту озодии мардум имконпазир мегардад. Назарияи истиқлоли сиёсӣ ва таҳаввулоти он дар замони муосир бо масъалаҳое рӯбарӯ гардида истодааст, ки бештар ба идеология ва муносибатҳои нави ҷаҳонӣ вобастагӣ доранд. Инчунин, назарияи истиқлоли давлатӣ бо дарназардошти манфиатҳои стратегии кишварҳои абарқудрат ва соҳибистиқлоли пешин ба амал омада, татбиқи он маҳз дар вазъи гуногун имконпазир мебошад. Ҳамзамон, назария ва амалияи истиқлол истисно набуда, рушду нумӯъ ва озодию мустақилияти мардумро ба вуҷуд оварда метавонад. Истиқлоли комил доштан пеш аз ҳама, дар бунёди давлати миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад ва ба нишондиҳандаи обрӯи миллату давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, ки дар муаррифии он нақши Пешвои миллат бузургу мондагор аст. Дар умум, истиқлоли давлатӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди давлатдории миллӣ дар дурнамои миёнамуҳлату дарозмуддати кору имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, метавонад боиси таҳаввулоти нави ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ гардад. Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарафу эътибори ҷаҳонии миллат аст [2, c. 28].
Нақш ва фаъолияти сиёсию бунёдкорони Пешвои миллат дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории истиқлоли давлатӣ бузургу ибратомӯз аст. Бинобар ин, имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки тамоми халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон фаъолияти созандаи ӯро ба пуррагӣ дарк намудаанд, ки маҳаки сиёсати онро созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани ваҳдати сартосарӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар ташкил медиҳад. Ҳамзамон, фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ҷомеаи демократӣ шаҳодати он аст, ки он ҳамчун шахси оқилу дурандеш ғамхори мардум дар амалӣ шудани орзуву ормони ҳар фарди Ватан саҳмгузор мебошад. Ҳамин тавр, вазифаи ҳар яки мо дар чунин шароити бархуди манфиатҳо бо андешаи созандаю амалкардҳои оқилона ҳифзи якпорчагии Ватан, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ ва ободкориву созандагӣ мебошад. Бинобар ин, ҳар нафаре, ки назари хайр ба ояндаи неки фарзандонаш дорад, барои пойдории истиқлоли давлатӣ талош мекунад.
Адабиёт: 1. Зокиров Г.Н. Истиқлолияти сиёсӣ. – Душанбе.2006. – 156 с.
2. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷилди 3. – Душанбе, 2006. – С. 28.
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент