ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Ҳодисоти оламгири охири қарни гузашта бо силсила пошхӯриҳои низоми кишварҳои сотсиалистию истиқлолияти давлатҳои миллӣ тавлидгари як мафкураи сиёсӣ буда, пошхӯрию парокандашавиро барои қисмате аз кишварҳо ва муттаҳидию ваҳдатро ба иддаи дигари давлатҳо чун ҳодисоти тазод рӯи харитаи ҷаҳон овард [2, c. 32-34].
Албатта, барои баъзе миллатҳо ин дигаргунии сохтори сиёсӣ боис гардид, ки истиқлоли давлатиро ҳамчун туҳфаи табиат қабул намоянд. Аммо, миллати решабатаърихи тоҷик бо вуҷуди мероси гаронбаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатиро бо кашмакашиҳои сиёсӣ, ҷанги таҳмилӣ истиқбол намуд, ки оташи фитна дар кӯчаю шоҳроҳои давлати ҷавон аланга зада, манзили мардумро ба коми худ кашида, навҳаи модари тоҷикро ба само печонда, оинаҳои нилгуни олам аз оташи ҷанги шаҳрвандии кишвари мо хабарҳо пахш мекарданд. Миллате, ки ҳазорсолаҳо андешаи давлатдориро барои аҷнабиён меомӯзонду забони он татбиқкунандаи сиёсати давлатдорӣ маҳсуб меёфт, бо ғаразҳои манфиатҷуёнаи баъзе афроди ноогоҳу кӯрдил гирифтори ҷанги таҳмилӣ гардид. То андозае оташи ҷанг аланга гирифта буд, ки касе ба фардои ободи кишвар бовар надошт.
Дар чунин шароит барои миллат ва халқияте, ки ба гирдоби низоъ ва кашмакашҳои гурӯҳҳои манфиатхоҳон афтодаву азият мекашид, шахсияте дакор буд, ки тавонад ягонагӣ, устуворӣ ва пойдории давлати тозаистиқлолро ҳифз намояд, чунин шахс бояд пеш аз ҳама донишманд, соҳибкасб, мутахассис буда, ба манфиат ва арзишҳои миллии худ дар муқоиса бо арзишҳои дигар бартарият диҳад. Ин ягона роҳе буд, ки метавонист халқро аз оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ раҳои диҳад ва умеду боварии заифшудаи ӯро ба ояндаи дурахшони давлати тозаистиқлол аз нав барқарору устувор созад.
Хушбахтона халқи тоҷик бо истифода аз ақлу заковат ва таҷрибаи давлатдории ниёгони худ, шахсеро ба сифати роҳбар интихоб карданд, ки барои пойдории истиқлол ва таъмини сулҳу суботи сар то сарӣ, бунёди давлати демократию мазмунан миллӣ омода буд, худро қурбон намояд. Дар ин хусус А.Ғ. Холиқзода ба маврид қайд намудааст: «Таърих боз ба миллати мо тараҳҳум карда аз хони худаш дар шароити муайян ва тақдирсози таърихӣ фарзанди фидокор ва сарсупурдаи миллатро ба арсаи сиёсат овард. Таҳлили мунсифонаи раванди шаклгирии давлати муосири тоҷик муайян менамояд, ки таҳияи ҳокимияти давлатӣ дар шароити ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ, оташбаси ҷанги шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ, барқарор намудани иқтисодиёти миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва дигар унсурҳои муҳимми ҳастии давлати миллии муосири мо бевосита ба амалкардҳои ҳамин фарзанди содиқ, вафодор, қаҳрамон ва худододи миллат – Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад» [2, c. 36-39].
Дар чунин шароити ҳассос ва нобоварӣ ба ояндаи дурахшони давлат, роҳи наҷотро Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди як механизми мукаммали низоми идораи давлат, ки тавонад халқро аз мусибати омада халос намояд, оғоз намуд. Идораи давлатро бунёд карда, низоми идориро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд.
Дар шароити кунунии номусоиди ҷаҳонишавӣ бошад, масъалаи ташкили давлати миллӣ дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Зеро, дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳо, ки давлатҳои бузург думболи манфиатҳои худ бо роҳҳои мухталифи моддию маънавӣ ба паҳнои манфиатҳои кишварҳои рӯ ба рушд ва қафомонда ворид гашта, ба истиқлолияту ваҳдат латма ворид менамоянд, коркарди воситаю усулҳои мухталифи ҳифзи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ногузир мегардад. Аз зумраи воситаҳои муосири ҳифзи истиқлоли сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ки имтиҳони таърихиро гузаштааст, ин вуҷуди устувори худшиносии миллӣ ва мафкураи солими миллӣ маҳсуб мегардад. Зеро заруриати объективии ин раванд аз ҷустуҷӯ ва ба вуҷуд овардани пояи муттаҳидсозандае иборат мебошад, ки қодир бошад манфиатҳои рушди кишварро дар роҳи таъмини истиқлоли миллию давлатии тоҷикон дуруст инъикос карда, таъмини вазъи иҷтимоию сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва ваҳдати миллиро иҷро намояд.
Дар чунин шароит ва муҳит, ки дар асл тавлидгари табиати нави навъи давлатҳои муосир гардидааст, таърих танҳо ба давлат ва иттиҳоди сиёсие имкон додааст, ки истиқлолияти худро ҳифз ва вуҷуди сиёсии худро ба наслҳои оянда комил гузоранд. Агар вобаста ба шароит ва қоидаҳои ҷоригаштаи сиёсати байналмилалӣ ва мафкураи халқи худро дуруст, мутобиқ ба талабот ташаккул дода, заминаҳои ҳимоя ва рушди иттиҳоди сиёсӣ ва иҷтимоии инсонҳоро дар паҳнои муайян ташаккул диҳанд. Дар акси ҳол давлати миллии нотайёр ва нопухтаро амвоҷи фурӯбарандаи ҷаҳонишавии арзишҳо чун қадамҳои нахустини ғояи давлати умумиҷаҳонӣ ва накҳати «сулҳи ҷаҳонӣ» (И. Кант), бо воситаи яроқҳои ҳуқуқии мудшудаи «дармонбахшӣ», «интиқоли ҳуқуқу озодиҳо» ва «тавсеаи демократия»-и ба таҷрибаи рӯз табдилёфтаи кишварҳои бузург ором ва зебо қурбон менамоянд [3, c. 121-123]. Пас, мафкураи миллӣ шароити макону замонро бояд дар парадигмаи манфиати миллӣ ва арзишҳои ҳуқуқӣ бо қонуниятҳои фалсафаи ҳуқуқ дуруст бояд мадди назар гирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти давлатсозӣ қайд намудаанд: «Омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад». Дар воқеъ, барои шахси ватандӯст бузургтарин неъмат, истиқлоли давлатӣ аст, зеро бидуни он истифодаи дигар неъматҳо ҳеҷ арзише надорад. Истиқлолият дар ҳама ҳолат ва хосияти мавҷудияти хеш дар ҳастӣ, шаклгирӣ, худмуайянсозӣ ва рушди падидаҳои иҷтимоиву сиёсӣ нақши марказиро мебозад. Агар истиқлолияти фикрӣ дар инкишофи ҳар фард шароит муҳаqё намояд, пас, истиқлолияти миллӣ дар худмуайянкунии миллат ва истиқлолияти давлатӣ дар муайян кардани иродаи сиёсии халқ тақдирсоз мебошад. Бидуни истиқлолият ва мухторият мавҷудияти ҳар ҳодисаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамчун зуҳуроти мушаххас ва мустақил зери шубҳа меафтад. Бунёди давлати миллӣ таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ роҳи фардои давлатсозиро муайян кард. Тавре профессор Зариф Ализода ҳақиқатнигорона таъкид менамоянд, ки масъалаи муайян намудани шоҳроҳи давлатдорӣ ва ташкили падидаҳои асосии ҳокимияти давлатӣ нахустин шуда назди Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон истода буд [1, c. 4]. Зеро барои побарҷо нигоҳ доштани истиқоли давлатӣ таъсиси ниҳодҳои давлатдорӣ шарт ва зарур буд. Хушбатона халқи тоҷик бо истифода аз таҷрибаи давлатдории ниёгони худ, зери роҳбарии Эмомаӣ Раҳмон сохтори давлатдориро бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои миллӣ таъсис дод, ки самараи он ҳоҷат ба шарҳ надорад.
Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали вориди сиёсат гаштан, дарк намуда буд, ки ояндаи дурахшони ҳар як давлати миллии соҳибистиқлол аз сатҳу савияи худшиносиву ҳувияти миллии мардуми он вобаста аст. Бинобар ин, пайваста талош менамояд, ки барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳисси худшиносӣ боло бурда шавад. Зеро, ояндаи миллат аз худогоҳию худшиносӣ вобастагии зич дорад, агар ҳар як шаҳрванди кишвар худшинос гардад, пас пояҳои давлати миллӣ устувору истиқлоли давлатӣ осебнопазир боқӣ хоҳад монд. Агар мардуми кишвар худшинос набошанд ва ҳувияти миллиашон заифу нопурра бошад, пас он ба истиқлоли давлати миллӣ хатар эҷод намуда, ояндаи истиқлоли давлатӣ норавшан мегардад. Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ аз таблиғи ифтихори ватандорӣ, худшиносии миллӣ, мафкуравии солим, бедор намудани ҳувияти миллии ҳамаи қишрҳои ҷомеа корро шурӯъ кард, ки самараи он дар давоми 33 соли истиқлоли давлатӣ равшан намудор аст.
Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки нерӯву тавони дилхоҳ сиёсат ба фарогири манофеи миллӣ ва таъминкунадаи зиндагии шоиста вобаста аст. Бинобар ин, барои бунёди давлати миллӣ, зарур аст, ки ҳама гуна андешаву мафкураҳо ба масъалаи ташвиқу таблиғи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ равона гардад, зеро танҳо ба ин восита метавон мафкураҳои бегонаро, ки ояндаи шукуфони Тоҷикитонро дидан намехоҳанд, заиф сохт.
Дар ин хусус А.Ғ. Холиқзода қайд намудааст, ки «омилҳои асосиии худшиносӣ ва расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ сабақи мувофиқ бардоштан аз таҷрибаи таърихист. Ба хусус таҷрибаи талхи таърихи халқи тоҷик, ки бо ҷурми иллатҳои мухталифи дохилию хориҷӣ садсолаҳо дар вартаи бедавлатӣ буда, фарзандони барӯманди он дар ба дари ҳокимони аҷнабӣ дар давлати худ барои бегонагон хизмат кардаанд» [3, c. 12-13]. Дар рӯзгори муосир дар замони соҳибистиқлолии давлатии мо, ки ҷаҳон ноором аст, дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик баъзе аз равишҳо ва калавишҳое сар мезананд, ки аз содагӣ ва самимияти инсондӯстии мардум аз эътиқоди самимиашон ба арзишҳои динӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандорию ҳифзи истиқлол латма ворид мегардад. Ин омилҳо пояи давлатдории миллиро заиф гардонида, ба ҳастии истиқлолии давлатӣ хатар эҷод менамояд. Насли оянда дигар моро намебахшад, агар хунукназарие, ки гузаштагони мо дар масири таърих нисбат ба давлату миллати хеш кардаанд, такрор намоем. Бинобар ин манфиати миллат ва давлатро бояд дар мадди аввал гузорем, бародарони гиромии бо ном озодихоҳ ин зарурат ва ногузириро бояд дарк намоянд. Ҳар озодӣ ва ҳар сухан сарҳад дорад, сарҳади ҳарфи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ имрӯз манфиати мардуми Тоҷикистон аст. Имрӯз ҳар як шахси ватандӯст бо дарки масъулият дар назди таърихи талхи халқ, дар назди номи неки миллат ва дар назди ояндагон, ки онҳо низ аз мо умедҳои калон доранд, аққалан ба хотири он ки пас аз мо нагӯянд, ки гузаштагони наздикамон ба мо чӣ мондаанд (?), мо мардуми Тоҷикистон бояд сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат [3, c. 19-21], Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дасгирӣ намуда, истиқлоли давлатиро бо кору фаъолияти содиқона, беғаразона ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ муаррифӣ ва ҳифз намоем.
Бо дарки масъулият, сиёсати Пешвои миллат дар ин самт бисёр оқилона ва ҳадафмандона аст, зеро, дар давоми 33-соли истиқлоли давлатӣ, моҳияту ҷавҳари сиёсати мафкуравии давлати Тоҷикистонро тарғибу таблиғи худшиносиву ҳувияти миллӣ ташкил медиҳад, ки ҳадаф аз он худшиносу худогоҳ, ватанхоҳу миллатпарвар намудани шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар робита ба ин, хеле ба маврид таъкид намудаанд: «Пешрафти устувори миллат ва ҷомеа дар ҷаҳони муосир, қабл аз ҳама, ба ифтихори баланди милливу ватандорӣ, худшиносиву худогоҳии ашхоси он ва садоқату муҳаббати фарзандонаш ба ин сарзамини аҷдодӣ вобаста мебошад» [5]. Дар воқеъ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори давлати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон кореро ба анҷом расонида истодаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикони дунё мебошад, муаррифии арзишҳои фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Ҳамаи ин музаффарият бо шарофати истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст.
Чуноне аз раванди сиёсати созандаи Пешвои миллат маълум аст, он ба раванди тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик таваҷҷӯҳ намуда, дар ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои Ватани маҳбубамон нақши мондагор гузошта истодааст. Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ақлу заковат ва сиёсати дурандешонаи худ дар беҳрӯзии аҳолии кишвар таъсири амиқ гузошта, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум марҳила ба марҳила тамоми имкониятҳои лозимаро барои таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандози намуда истодааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи худ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллатро пуштибонӣ менамояд, ки он дар заминаи дар амал татбиқ гаштани ормонҳои халқ ба миён омадааст. Фаъолияти пурсамару созандаи он нишон медиҳад, ки тӯли 33-соли истиқлоли давлатӣ бо роҳи ҷалби фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳаёти сиёсӣ ва ба таври дастҷамъона бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, дар байни мардуми кишвар маҳбубияти хосро соҳиб гаштааст. Сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии ҳамешагии халқ бархурдор аст, зеро, тамоми фаъолияти созандаи худро дар доираи манфиату ғояҳои шаҳрвандони кишвар, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ барномарезӣ менамояд ва дар доираи хостаҳои мардум онро амалӣ месозад.
Дар ин замина нақши истиқлолият дар бунёди давлати миллӣ бо дарназардошти ҳифзи арзишҳои ниёгон хеле бузур аст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус қайд менамоянд: «Агар мо раванди зуҳур ва таърихи ташаккули истиқлоли миллатамонро амиқан баррасӣ намоем, равшан хоҳем дид, ки роҳ ба сӯи истиқлолият душвору тӯлонӣ, пур аз шебу фароз ва саршор аз муборизаву ҷонсупориҳо ва равандҳои ихтилофомезу зиддиятнок будааст. Вале, дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд дошт, ки асолату ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузургу созандаи иҷтимоӣ, фарҳангу маънавиёти ғанӣ ва ғайра дар асл шоҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии миллати мо будаанд» [4].
Ҳамзамон, Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки «ормони истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст» [6, c. 28].
Дар ин росто танҳо омӯзиши сабақандӯзонаи таърих, расидан ба қудрати давлати миллӣ ва гиромидошти забони модарӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дигар арзишҳои волои халқамон кӯмак мекунанд, зеро беадолатиҳое, ки нисбат ба халқу миллати мо дар масири таърих рух додааст, такрор нагарданд. Он зулме, ки дар сароғози бунёди давлати шӯравӣ аз табартақсими ҳудуди таърихии тоҷикон бар қалби миллати мо нишастааст ва ин табартақсим асосан ба воситаи баъзе нафарони аслунасабгумкарда ва бегонапараст сурат гирифтааст, ҳанӯз хуншоранд. Насли имрӯза танҳо дар ҳолати дарки воқияти гузашта, барои ояндаи дурахшон талош менамоянд, дар ғайри ин иштибоҳи гузаштагон такрор хоҳад ёфт. Олими испанӣ Ҷорҷ Сантана хеле хуб гуфтааст: «Ононе, ки аз таърих дарс намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд». Бо назардошти ин, ки ҳасаду душманиву хусумат ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар расонаҳои хориҷӣ, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ин душманӣ ба ҳадди ифрот мерасад, баъзе шахсиятҳои нотавонбин, ҳатто мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекунанд, ки ин барои рӯ овардан ба таърих ва омӯзиши он, боз ҳам боло бурдани худогоҳӣ, бедорӣ ва ҳушёрии миллӣ замина фароҳам меоварад. Омӯзиши таърих ва таҷрибаи давлатдории миллатамон ба мо барои бунёд кардани давлати пешрафта, тараққихоҳ ва сулҳдӯст, инчунин таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва дар қалби мардум баланд бардоштани эҳсоси гарми ватандориву ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро бедор мекунад, ки дар чунин вазъи ноҳамвори ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба мисли обу ҳаво зарур аст. Зеро, наҷоти ҳар давлат аз бӯҳрони сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба ташкили давлати миллӣ вобастагӣ дорад. Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам меовард, ки ҳар яки мо барои гузоштани давлати соҳибистиқол ба наслҳои оянда бо дарназардошти ҳифзи манфиятҳои миллӣ талош намоем.

Адабиёт:
1. Ализода З. Становление института парламента в Республике Таджикистан: проблемы теории и практики. – Душанбе: ТНУ, 2011. – 264 с.
2. Холиқзода А.Ғ. Пешво ва оини давлатсозӣ [монография]. – Душанбе: Дониш, 2021. – 472 с.
3. Холиқзода А.Ғ. Мафкураи миллӣ ва ҳуқуқ [монография]. – Душанбе: Эр-граф, 2021. – 588 с.
4. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 08.09.2004 сол, шаҳри Душанбе.
5. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар. 20 марти соли 2013 [Захираи электронӣ]. – Реҷаи дастрасӣ: http://www.president.tj/node/4130 (санаи муроҷиат: 03.05.2020).
6. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Ҷилди 3. – Душанбе, 2006. – С. 28.

Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид – сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Шоев Фируз Маҳмадаминович – сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика