Истиқлоли зеҳнӣ - ҷузъи муҳими истиқлоли давлатӣ

Ҷойи шакке нест, ки истиқлоли давлатӣ барои ҳар фарди худшинос ва меҳанпарасти миллат беҳтарин дастовард ва арзиши сиёсист. Ҷойгоҳи истиқлоли давлатӣ дар зеҳни афроди хештаншинос ва миллатдӯст аз байни тамоми арзишҳо  волотарин ва арҷмандатарин маҳсуб ёфта, боиси ифтихормандию сарфарозии бепоён аст. Зеро маҳз истиқлоли давлатӣ, агар, аз як тарф, муаррифгари ҳамаҷонибаи чунин афрод ҳамчун ҷузъи миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёбад, аз тарафи дигар, кафили таъмини хушбахтии воқеии ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳар узви миллат ба шарофати ба даст овардани истиқлоли давлатӣ имконият пайдо менамояд, ки сарбаландона худро чун ҷузъи умумияти этникии алоҳида ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, сифатҳои вижагии худро ҳамчун намояндаи миллати эҷодкор, созанда, фарҳангсоз, мутамаддин ва соҳибэҳтиром ба маъраз гузорад. 
 
Аммо дарки моҳияти истиқлол ба ҳар кас муяссар намешавад. Танҳо бо гуфтани он ки мо истиқлоли худро азиз шуморида, барои таҳкими он мубориза мебарем, ҳоло моҳияти онро барои худ намекушоем. Зеро чунин гуфтор суханбозие беш нест. Имрӯз ҳар огоҳу ноогоҳ вожаи истиқлолро ба забон меронад. Вале барои дарки дурусти моҳияти истиқлол ҳар фарди хештаншиносро зарур аст, ки муборизаҳои шадид ва далеронаи Спитаменро бар зидди Искандари мақдунӣ пеши назар орад, барои гиромӣ доштани истиқлол ва аҳамияти тақдирсози он муборизаҳои хунини Деваштичи суғдию талошҳои озодихоҳонаи Муқаннаъро бар зидди ғоратгарону таҷовузгарони араб дар зеҳни худ ҷой кунад, барои арҷгузорӣ ба истиқлол таърихи муборизаҳои ҷоннисоронаи Темурмаликро бар зидди истилогарони муғул сафҳагардонӣ намояд, барои изҳори муҳаббати хеш ба истиқлол боре кӯшишу талошҳои нерӯҳои торику қафомондаи ҷомеаро дар солҳои навадуми қарни 20 барои бунёди ҷомеаи асримиёнагӣ ва қаҳрамониҳои нерӯҳои пешқадам ва ватандӯсти ҷомеаро бар зидди онҳо ба хотир оварад, барои нишон додани садоқати хеш ба истиқлол бар зидди пайомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои хатарноки бегонапарастии қишрҳои мутаассиби ҷомеа муқовимати ҷиддӣ ва пайгиронаи худро бояд нишон диҳад. Аз нигоҳи ин ҷониб, танҳо дар чунин сурат мо метавонем ба моҳияти истиқлол сарфаҳм рафта, тавассути рафтору кирдор аз истиқлоли худ дифоъ намоем ва баҳри таҳкими он талош варзем. 
  
Қобили зикр аст, ки танҳо аз афроди хештаншиносу миллатдӯст ва истиқлолпараст миллати озодихоҳу равшанзамир ташаккул меёбад. Миллатҳои фарҳангии куҳантамаддун истиқлоли сиёсии хешро чун олитарин арзиш эътироф намуда, дар зерматни он арзишҳои миллии худро низ чун гавҳараки чашм дифоъ намудаанд. Имрӯз бошад, дар чунин як фазои сиёсии пурталотуму пурмоҷаро инони тақдири худро ба дасти хеш гирифтан ва онро сарбаландона ҳифз намудан беҳтарин ва олитарин дастоварди миллат маҳсуб ёфта, аз фарҳанги сиёсии рушднамудаи ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамин аст, ки баҳри ҳифзи истиқлоли худ ва ё бадастоварии истиқлоли аздастрафта ҳар халқу миллат дар тамоми умри тулонии худ талош варзидааст. 
 
Чуноне, ки таъкид гардид, истиқлол маънои инони ихтиёри хешро ба дасти худ гирифтан аст.
 
Дар робита ба ин маънӣ шоири ватандӯст Муҳаммад Иқбол барҳақ фармудааст:
 
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
 
Бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳои фарҳангсози таърихиест, ки талоши ҳифз ва пойдории арзишҳои миллӣ ҳамчун заминаи моддии таъмини истиқлоли давлатӣ ҳамеша дар тору пудаш вуҷуд дошт. Аз замони пайдоишаш фарзандони фарзонаи миллат баҳри ривоҷу густариши арзишҳои миллӣ пайваста талош намудаанд. Навиштани осори гаронбаҳои қаҳрамонӣ ба забони модарӣ, тавассути ашъори пурмазмун ва гаронмояи муассир рушду тавсеа бахшидани забони миллӣ, ба забони миллӣ офаридани асарҳои гаронбаҳои илмӣ аз ҷумлаи он заҳматҳои беғаразонаи фарзандони худшиноси миллат дар роҳи саҳмгузорӣ ба истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбанд. 
 
Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки имрӯз ҳифз ва густариш бахшидани арзишҳои миллӣ ҳамчун заминаи маънавии таъмини истиқлоли давлатӣ  хеле мушкил гардидааст. Равандҳои ҷаҳонишавӣ, аз як тараф, нерӯ гирифтани бегонапарастӣ дар байни қишрҳои ноогоҳ ва қафомондаи ҷомеа, аз тарафи дигар, пайваста фазои парвози арзишҳои миллиро маҳдуд карда истодаанд.  Равандҳои мазкур, махсусан, солҳои охир суръати баланд ва хусусияти бемисли фарогир касб намуда, ба рушди фарҳанги миллӣ, махсусан, унсури муҳим ва муайянкунандаи он - забони миллӣ монеа эҷод намуда истодаанд. Он ҳолатҳое, ки фарзандони заковатманди миллат баъди аз худ намудани забонҳои пешрафтаи дунё забони модарии худро ё ба забони хонагӣ табдил медоданд ё пурра ба фаромӯшӣ месупориданд, баъзан пеши назар меоянд. Пешгирӣ намудани раванди мазкур яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё ва афроди хештаншиноси миллат маҳсуб меёбад.  
 
Дар баробари раванди фавқуззикр ҳамчунин месазад, ки нерӯ гирифтани тамоюли бегонапарастиро дар байни баъзе қишрҳои аҳолӣ, махсусан қишри дингарои ҷомеа ёдовар шуд. Аҳли таассуб ва фарҳангбохта ба сабаби ҷаҳолат ва маҳдудии илму дониш дар ҳамаи давру замон арзишҳои миллии худро қурбони эътиқоду ҷаҳонбинии хурофотии худ мегардонанд. Нерӯ гирифтани вабои мазкур имкон дорад, ки ба фарзандони тоифаи баёншуда, ва тавассути онҳо ба насли нави миллат сироят намояд. Сари вакт пешгирӣ накардани бегонапарастӣ ҳамчун вабои сирояткунанда тадриҷан решаҳои созандаи ҳувияти миллиро заиф сохта, метавонад як миллати омехтаи азхудбегонашударо тавлид намояд. Бинобар ин, пешгирӣ намудани ҳар навъи бегонапарастӣ ҳамчун вабои сиротӣ барои ҳифзи асолати миллӣ бояд ҳамчун иқдоми нек ва зарурӣ арзёбӣ гардад.  Дар робита ба пайомадҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои нангини таҷовузгарону истилогарони дуру наздик донишманди маъруфи Ҳиндустон Ҷовоҳирлол Неҳру хеле хуб гуфтааст: “Барои халқи худ аз интеллигентсияи бо дасти истисморгарон тарбияёфта дида душмани бузургтаре нест”.
 
Барои пешгирии пайомадҳои манфӣ ва ногувори равандҳои ҷаҳонишавӣ, ки ҳамчун раванди ногузир ва қонеъсозандаи талаботу ниёзмандиҳои ҷомеа баромад менамояд, ва ҳамчунин баҳри хотима бахшидан ба ҳар гуна шакли зуҳуроти бегонапарастӣ таъмини  истиқлоли зеҳнӣ хеле муҳим мебошад. Зеро зеҳни инсони махзани иттилоот ва  нуқтаи таҳлилу таҳқиқ ва хулосабарориҳои ҳаётан муҳим аст. Агар зеҳн бо маълумоти бардурӯғ, хурофотӣ, зиддимиллӣ ва носолим пур шуда бошад, бешак шахсро ва тавассути он тамоми ҷомеаро ба сӯйи ҳадафҳои нопоку барои миллату давлат хатарнок таҳрик медиҳад. Яъне, зеҳн барои инсон вазифаи ҳадафмуайянкунандаро иҷро менамояд. 
 
Шахсияти бофарҳангу огоҳ аз таъриху ҳувияти миллии хеш ҳама гуна озодӣ, ва бештар аз ҳама, озодии зеҳниро қадр намуда, дар ҳеҷ як гӯшае аз олами маънавии худ арзишҳои бегонаю таҳмилшударо роҳ намедиҳад. Зеро чунин ашхос дарк менамоянд,  ки қабули арзишҳои бегона ва таҳмилшуда оғози азхудбегонашавии худи ӯст. Шахси азхудбегонашударо ба миллату давлат ҳамчун умумияти этникию сиёсии барои ӯ ҳомӣ ва таъминкунандаи зиндагии гуворо коре нест. Зеро бесаводӣ, бардагии зеҳнӣ ва ноогоҳӣ аз ҳувияти миллӣ ба ӯ барои дарки чунин қонуният имкон намедиҳанд. Аз ин ҷост, ки баҳри шахси ноогоҳ аз ҳувияти миллӣ истиқлоли зеҳнӣ арзише надорад ва баҳри даст ёфтан ба он талоше ҳам намеварзад. 
 
Баҳри рушди мақсодноки ҷомеаю ташаккули шахсиятҳои солим зарур аст, ки зеҳнҳо аз ҳама гуна олудагиҳои хурофотию носолим озод бошанд. Саршори арзишҳои солиму созанда сохтани зеҳн имкон медиҳад, ки роҳи интихобнамуда ва ҳадафҳои пайгиришаванда низ дурусту солим бошанд. Дар пасманзараи муборизаҳои шадиди фарҳангӣ ва ҳадафи ҳифзи арзишҳои худӣ таъмини истиқлоли зеҳнӣ нақши муайянкунандаро иҷро менамояд. Зеро зеҳн,чуноне ки таъкид гардид, муайянкунандаии роҳи пешрафт ва интихобкунандаи ҳадафи зиндагист. Аз ин нуқтаи назар истиқлоли зеҳнӣ ҷузъи муҳими истиқлоли давлатӣ буда, дар ҳифзу пойдории он нақши бузургро иҷро менамояд. Агар матлабро содатар баён намоем, озодии зеҳн аз ҳар гуна вобастагиҳо, махсусан арзишҳои фарҳангии бегона барои дарёфти истиқлоли давлатӣ нақши муҳим дорад. Зеро зеҳн ҳамчун манбаи иттилоот ва роҳнамои шахс дар ҳолати банд  гардиданаш бо арзишҳои носолим ва хатаровару зарарнок метавонад, ки аввал дар рафтори шахс ва баъдан тавассути сирояташ ба дигарон дар рушди давлат ҳараҷу мараҷро тавлид намояд. 
 
Ҳамин тариқ, таъмини истиқлоли зеҳнӣ, яъне зеҳнҳои аз бегонапарастиҳо озод кафили ташаккули шахсияти солим ва ба миллату давлат вафодору содиқ буда,  баҳри пойдории бардавоми истиқлоли давлатӣ саҳми назаррас мегузорад.  Аз ин рӯ, таъмин ва ҳифзи истиқлоли зеҳнӣ дар раванди таҳкими истиқлоли давлатию эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ нақши бориз дорад. 
 
Абдухалилзода К.   
 
 
 
 
 
 
 
 
Яндекс.Метрика