Истиқлол ва ҳикмати давлатдорӣ (Ба сиюмин солгарди давлатдории навини тоҷикон)

Қисми I.

 Шукри неъмат неъматат афзун кунад, 

 Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Мавлонои Балхӣ

 

Истиқлол гарави озодии мост. Бузургтарин неъмат, ки бидуни он аз истифодаи дигар неъматҳо маҳрум мешавем, ба қавли бузургон  ин –«истиқлол» аст. Истиқлол ва ё истиқлолиятхоҳӣ ва истиқлол мондан дар ҳама паҳно ва бӯъдҳои мављудияти хеш дар ҳастӣ, шаклгирӣ, худмуайянсозӣ ва рушди падидаҳои иљтимоӣ ва сиёсӣ нақши марказиро мебозад. Истиқлол ҳам барои фардҳо ва ҳам барои иттиҳодияи муайян тақдирсоз аст. Бидуни истиқлоли фикрӣ, истиқлоли моддӣ ва маънавӣ на фард ва на иттиҳод хостаю ормонҳои худро ба таври қобили қабули саодати хеш амалӣ карда наметавонад. 

Истиқлолияти фикрӣ дар рушди ҳар фард, истиқлолияти миллӣ дар худмуайянсозии миллат ва истиқлолияти давлатӣ дар муайян кардани иродаи сиёсии халқ масъалаи марказии ҳастии онҳост. Бидуни истиқолият ва мухторият вуљудияти ҳар ҳодисаи иљтимоӣ   ва сиёсӣ ҳамчун зуҳуроти мушаххас ва мустақил зери шубҳа меафтад.  Инсони истиқлолияти фикрӣ надошта таърихан ба барда монанд аст, иттиҳоди истиқлолияти сиёси надошта ба колонияю протектаратҳо нисбат мегирад. Ҳолати ин навъ инсонҳо ва давлатҳо чи қадру манзалат доштанд, мо хуб аз таърих медонем.  

Мутобиқ ба иттилои этнологҳо дар олами инсонӣ тақрибан 1500 халқиятҳо зиндагӣ мекунанд, ки аз он зиёда аз 257 халқияташ бештар аз миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор танҳо ҳудуди 200 халқият давлати худро дошта, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти соҳибихтиёр фаъолият мекунанд. 

Аз ин хотир, доштани истиқлолияти давлатӣ барои ҳар халқу миллат ифтихори бузургу, неъмати бебаҳост. Зеро халқу  миллатҳои зиёде вуљуд доранд, ки теъдоди онҳо бештар аз миллионҳо буда, вале бо иллатҳои мухталифи дохилию хориљӣ, субъективию объективӣ то ҳанӯз давлати худро надоранд. Забон доранд, таърихи ѓанӣ ва фарҳанги шоистаю аҳли адаби оламшинос низ дар домани онҳо ба воя расида, ҳамчун рамзи ифтихори насли башар хизмат намудаанд ва менамоянд, аммо давлат, ҳуқуқи миллӣ ва забони ҳифзшудаи давлатии худро доро нестанд. 

Ифтихори давлатдорию забондориро барои онҳо на эътирофи ҳуқуқи аққалиятҳо, на паймонҳои байналмилалӣ на стандартҳои ҳуқуқи инсон, на эломияҳои ҳуқуқи башар ва ҳатто на  созмону ташкилотҳои байналхалқӣ иваз карда метавонанд. 

Чунки тамаддун то имрӯз ба ҳайси ягона падида, зуҳуроти сиёсӣ, неъмат ва муқаддасот, ки дар домони он рушди комилҳуқуқи халқу миллатҳоро таъмин намуда, решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии инсонҳоро зинда нигоҳ дошта, меросбарии ахлоқӣ, адабӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва ҳуқуқияшонро таъмин намудааст, ҳамин Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқиро эътироф кардааст. 

Ҳама норасоию мушкилиҳо, ҳама ноҳамвории ҳаёти љамъиятию нақзи ҳуқуқҳои инсон ва дигар нобасомониҳои ҳаёти иљтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ назди маҳрумӣ аз истиқлолият ҳељ аст. Истиқлолият андеша, ѓоя, ҳарф ва иродаи мустақили ҳар зуҳуроти зиндаи фикркунанда аст. Истиқлолияти давлатӣ, ки дар симои соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқӣ ҳамчун иттиҳоди одамон зоҳир мегардад, идомаи инъикоси симои рӯҳи озодии ҳар инсон ва вуљуди  мафкураи солиму мустақили ҳастии ӯст. 

Мисли оне, ки инсон бо доштани ирода ва зоҳирёбии озоди он, ҳастӣ ва озодии худро мустақилона собит менамояд, халқу миллатҳо низ ҳамчун ҳодисаи мураккаби иљтимоӣ мављудият, эътироф ва озодии рӯҳии  худро дар доштани соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ таъмин менамоянд. Ба ақидаи Н. Бентам: «Истилоҳи «мустақилият» бо ѓояҳои ҳамрадифаш шаъну шараф ва шуљоат ва истилоҳи «мустақил набудан» ба тобеият ва фасод тавъам аст.»  

Маҳз соҳиби неъмати истиқлол будан  ба инсон саодати шаъну шараф ва шуљоатро насиб гаштанашро таъмин менамояд. Зеро инсон бо мустақиляти фикрӣ ва амалҳои дар доираи манфиатҳои худ тарҳрезӣ намуда, ба муносибатҳо ворид шуда эълон ва ҳифзи шаъну шараф ва саодати зиндагии худро амалӣ менамояд. Маҳз соҳибақидавӣ ва мустақилияти фикрӣ паҳнои муносиби ҳифзи манфиатҳост. Давлат низ тавассути истиқлолият имкон пайдо мекунад, ки манфиатҳои худро дар сиёсати дохилӣ ва хориљӣ дуруст таҳия намуда, дар муносибат бо давлатҳои олам  шаъну эътибор ва мақому манзалати худро дифоъ намояд. Шаъну эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ ин шаъну шарафи шаҳрвандони он аст. 

Дар ин нукта мо ҳамовозии истиқлоли сиёсии давлат ва истиқлоли фардиро дар мисоли ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ эҳсос менамоем. Зарур аст, ки ин ду нукта дар паҳнои давлати миллӣ ва демократӣ ҳамдигарро пурра намоянд, аммо ҳаргиз аз паҳнои худ сӯиистифода нанамоянд, зеро зиёдаравӣ дар ин паҳно ба номуназзамии давлат ва иллати соҳибистиқлолӣ мекашад. Муҳим он аст, ки дар ин нукта мо қиммат ва арзиши истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии фардро дар тавозуни манфиатҳои умум дуруст пайдо намоем. Дар ин самт дарк ва эҳсоси дурусти ҳикмати мустақилияти фардӣ ва паҳнои он нақши бориз дорад. 

Яъне, маҳз мустақил будан ба иродаи инсон озодиро фароҳам оварда, мусоидат ба он мекунад, ки ақл ва хиради ӯ аз сарчашмаҳои дониш бевосита (бидуни дахолати беруна, мустақиман) ба манфиати руҳӯ тан  ѓизои маънавӣ гирифта, имрӯзу фардои худро дар доираи хостаҳои худ роҳандозӣ намояд. Муҳим он аст, ки андешаи озоди ӯ ва амалкардҳояш дар сатҳи хираду донишаш мутобиқ ба манфиат, қадру қимат, нангу номӯс ва шаъну шарафаш созмон мегирад. Пас хирадмандӣ ва сатҳи саводнокӣ дар арљгузорӣ ба озодию истиқлолият  нақши муҳим дорад. 

Агар субъект дониши кифоя ва хиради комил надошта бошад, пас ӯ иродаро дар тобеияти нафс ва ѓаризаҳои номуайян ва ё манфии ботинӣ гузошта, пас он озод ва мустақил буда наметавонад. Ба ин минвол истиқлолият дар сатҳи давлатӣ аз як љониб, истиқлолияти фардиро таъмин намуда, ба инсонҳо имкон фароҳам меорад, ки љиҳати эътироф, ҳимоя ва таъмини қадру қиммат ва шаъну шарафи худ кор ва зиндагӣ намоянд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар паҳнои истиқлолият тимсоли оксиген аст, ки  инсон аз он нафас мегирад, тавассути он солимӣ ва бузургиашро дифоъ менамояд, ҳељ арзиши дигаре ин нақшро бозида наметавонад. 

 Давлати соҳибистиқлоли адолатнок ба шаҳрвандон озодӣ ва истиқлоли фикр дода, онҳоро ҳамчун унсурҳои зиндаи фикркунананда, ҳуқУқу озодиҳо, бо орзую омол, талабу дархост ва дигар кашишҳои инсониашон ба ҳаёти фаъоли дастаљамъона ва лаззатҳои инфиродӣ ҳидоят менамояд. 

Маҳз ҳамин худфаъолияти субъектон қудрат ва нуфӯзи давлатро дар дохил ва хориљ баланд бардошта устувории онро ҳамчун организми том таъмин менамояд. Агар истиқлолияти давлатӣ бо ҳуқуқу озодиҳои инсон созгор набошад, устувории он дохилан зарар дида, ягонагӣ ва томияти он осебпазир мегардад. Вуљуди соҳибистиқлолии фардӣ ва коллективӣ бояд дар тавозуни муайян сурат гирад, ки тавонад фарзанди умедбахши манфиатҳои миллиро тавлид ва тарбия созад.  

Аз љониби дигар, истиқлолияти давлатӣ мустақилиятро дар зинаи мураккабтари ҳаёти иљтимоии одамон эълон дошта, ба ҳайси як нуқтаи  калидӣ - эътироф ва эълони ҳастии ҳуқуқии халқу миллати соҳибдавлатро дар олами муосир таъмин менамояд. Истиқлолият шиносномаи таваллуди давлат аст.  Тавассути ҳамин соҳибихтиёрӣ ҳуқуқ  ба озодӣ, ба давлатдорӣ ва мављудияти худро инсонҳо ба мисли як иттиҳоди халқӣ ва миллӣ эълон медоранд. 

Халқ ва миллате, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатӣ надорад, шахси дар маҳбас бударо мемонад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои аслӣ, табиӣ ва сиёсии худ бархурдор нест, ҳавои нафасгирии ӯ танг шудааст, вазъи саломатиаш бо мурури замон бад мегардад. Пешвои миллати мо дуруст таъкид намудаанд, ки «Омилии ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.»  Маҳз вуљуди ҳамин андешаи истиқлолхоҳӣ ва  бунёди давлати мустақили миллӣ дар шароити имрӯз кафили ҳастии сиёсии миллатҳо аст. 

Албатта, љойи шукргузорӣ ва ифтихор аст, ки мо фарзандони миллати соҳибдавлат ҳастем мо аз халқияте ҳастем, ки дар баробари дигар ҳуқуқҳои азалӣ ва табиии инсон аз ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ бархӯрдор буда, давлате бо номи Тољикистон дорем. Тољикистоне ки номаш тољиконро дар ҳама атрофу акнофи олам пуштибон асту, рамзҳояш ҳамсафару обу хоки бемислаш, табиати биҳиштосояш мисли гаҳвораи рангин моро дар оѓуши худ љо кардааст. 

Боз ҳам ҳақ ба љониби Пешвои миллати мо, Президенти мамлакат, Љаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба маврид аз барои ҳар яки мо таъкид мекунанд: 

«Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари љони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба љо орем» .

Яъне ватанро бо забон не, бо шиорбардориҳо ва  байрақбардориҳо не, ҳатто бо қалам ҳам не, балки бо қалбамон, бо амалкарду дастовардҳоямон, бо рафтори шоистаю дастовардҳоямон дӯст дорем, ӯро ҳамчун гаҳвора ва паҳнои орому осуда ва гулгулшукофони буду боши худу фарзандонамон эҳсос кунем, ҳамчун хотираи неки ниёгонамон қадр созем ва ба мисли як макони зиндагии наслҳои ояндаамон обод созем, ҳифз намоем, рушд диҳем ва орому зебо ба мерос гузорем.  Қадами нахуст дар роҳи расидан ба ин шоҳроҳи ватаншиносӣ ва қадршиносӣ аз меҳан, ин шукри ватанро ба ҷо овардан аст.   

Холиқзода А.Ғ.

Яндекс.Метрика