Истиқлол – сарчашмаи хушбахтиҳо

Хушбахтӣ – ҳолати ҷисмонию рухонии роҳатбахшу сурурбахши инсон аст, ки дар қаноатмандию ризоиятмандӣ аз зиндагӣ ифода меёбад.   Вай, пеш аз ҳама, ҳолати моддист, зеро ки ҷисми инсон  ба таври моддӣ аз неъматҳои барои зиндагӣ зарур баҳраманд мегардад. Хушбахтӣ ҳамзамон ҳолати рӯҳист, зеро шуури инсон аз дарки дурусти воқеияти иҷтимоӣ ризоиятмандии назаррас ба маъраз мегузорад. Аз ин нигоҳ, сарчашмаи хушбахтии фард метавонад ҳам модару падар бошад, ҳам дониши амиқ, ҳам қудрати ҷисмонии ғайримуқаррарӣ, ҳам мероси ғании падару модар, ҳам дарёфти тасодуфии ганҷе ва ҳам амсоли инҳо. 

Аммо вақте сухан дар хусуси хушбахтии миллат меравад, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо танҳо Истиқлол асту халос. Аввалин дари хушбахтӣ, ки Истиқлол барои миллат боз мекунад, ин эътироф гардидани давлати миллат ҳамчун узви комилҳуқуқ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонист. Новобаста аз он ки миллат ба тозагӣ соҳиби давлат гардиду ҳанӯз ҷавон аст ва аз лиҳози рушди иқтисодӣ  қадамҳои нахустини худро мегузорад, ин давлат аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, баробарҳуқуқ эътироф мегардад. Ин дари хушбахтӣ роҳ ба сӯи дигар хушбахтиҳост. Таърихи ҷомеаи башарӣ бо далелҳои сершумор собит менамояд, ки истиқлолҳо ҳодисаҳои тасодуфӣ нестанд. Миллатҳо барои ба даст овардани он дар тӯли таърих муборизаҳои шадид бурда, ҷоннисориҳо намудаанд. Аслан таърихи ҳар миллат ин таърихи муборизаҳои ӯ барои Истиқлол аст. Огоҳӣ аз таърихи башар, хусусан таърихи хеш ҳар фарди соҳибилму соҳибмаърифат ва ватандӯстро водор менамояд, ки дар нисбати тақдири миллату Ватан бетараф набошад ва барои ҳифзи Истиқлоли ин миллат  тамоми неруву ғайрати худро сафарбар намояд.  

  Дари дуюми хушбахтӣ, ки Истиқлол барои миллат боз намудааст, барқарор намудани робитаҳои ҳамаҷонибаи судманд бо дилхоҳ кишвари хориҷӣ аст. Маҳз бо истифода аз ин имконият кишвари тозаистиқлоли  мо бо бисёр кишварҳои хориҷӣ  муносибатҳои дӯстию ҳамкориро ба роҳ мондааст. Яъне, дар ин самт фаъолияти сиёсии вай дигар   бо иродаи ниҳоде, ташкилоте, умумияте ё идеологияе маҳдуд намегардад. Давлат бо дарназардошти манфиатҳои гуногунсоҳаи кишвар бо дилҳоҳ кишвари хориҷӣ дари дӯстию ҳамкориро боз намуда, баҳри рушди худ дилпурона қадам мезанад. 

Дари сеюми хушбахтӣ, ки истиқлол барои миллат боз намудааст, гузоштани қадамҳои ҷиддӣ дар самти раҳоӣ аз вобастагиҳост. Имрӯз ба шарофати Истиқлол  миллат бо маҳсулоти ғизоии худӣ таъмин шуда, ҳатто ба хориҷ аз кишвар маҳсулоти худро содир карда истодааст. Мо ба қадри ин неъмат он гоҳ мерасем, ки агар он рӯзҳоеро, ки бозорҳои мо холӣ буданду бо чашми чор ба маҳсулоти хориҷӣ менигаристем, ба ёд оварем. Имрӯз ба шарофати Истиқлол дар тӯли сол бозорҳои мо аз маҳсулоти ғизоии худӣ пур аст, ки мо бояд аз он шукргузорӣ намоем.

                   Дари чоруми хушбахтӣ, ки истиқлол барои мо боз намудааст, бо истифода аз имконият ва қудрати хеш мунаввар сохтани хонаҳои фарзандони миллат ва ҳамсоягон аст. Истиқлол ба мо имкон дод, ки дар шоҳроҳи зиндагӣ аз имтиҳони ҷиддии мушкилотҳо гузарем ва қудрати созандагии хешро бисанҷем. Хушбахтона, сарварии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллат эҳсоси боварӣ ба нерӯи созандагии хешро ато кард ва иродаи матину садоқати бемисли Пешвои миллат ба Ватан роҳнамои миллат ба сӯи бурдбориҳои пайдарпай гардиданд. 

        Дари панҷуми хушбахтӣ, ки Истиқлол барои фарзандони миллат боз кард, ба маротиб боло рафтани мақоми Зан-Модар дар ҷомеа аст. Агарчанде Зан-Модари тоҷик дар замони шуравӣ низ аз озодиҳои зиёде бархӯрдор буданд, лекин ин озодиҳо маҳз дар даврони Истиқлол ба шарофати дастгирии пайваста ва боисрори Пешвои муаззами миллат либоси амалӣ пӯшиданд. Имрӯз ҳангоме шахс Зан-Модари тоҷикро дар вазифаҳои роҳбарикунанда, назораткунанда, ҳисобчӣ, соҳибкори муваффақ ва ҳатто ронандаи нақлиёти калонҳаҷми мусофиркаш мебинад, хеле хушҳол мегардад. Яъне, Истиқлол ба Зан-Модари тоҷик имконият дод, ки дар фазои имкониятҳои ҷисмонию ақлонӣ пару боли хешро бикушояду озодона парвоз намояд. Бешак ин қуллаи хушбахтиҳо барои Зан-Модари тоҷик аст.   

       Дари шашуми хушбахтиҳо, ки Истиқлол барои миллат боз намудааст, имконияти озод барои касби дониш аст. Имрӯз ҳар фарди ҷавони ҷомеа метавонад дар кишвари худ забонҳои мухталифро омӯзад ва тавассути забонҳои хориҷӣ дари илму донишро баҳри хеш кушояд. Дар кишвар ҳам дар сатҳи муассисаҳои миёнаи таълимӣ ва ҳам дар сатҳи  муассисаҳои олии таълимӣ тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд. Дар ин самт танҳо иродаи матини фарзандон ва роҳнамоии падару модарон зарур асту халос.   

Хулоса, суханро ба дарозо накашида, таъкид намудан мехоҳем, ки чунин дарҳое, ки аз онҳо хушбахтиҳо чун борони баҳорӣ саршори сару рӯйи фарзандони миллатанд,  беҳудуданд. Барои дарк ва баҳрамандӣ аз онҳо танҳо чашми биною ақли расо лозим асту халос. Бо боварии том мехоҳем тазаккур бидиҳем, ки  танҳо истифодаи маҳсулноки неъматҳои Истиқлол ва масъулияти ҷиддӣ дар назди миллату Ватан имкон медиҳад, ки дар ин замони пурталотуму пурмоҷаро Онро чун арзиши бемисл ҳифз намоем ва сарбаландона онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Ҳаводиси ҷаҳонии солҳои охир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар баробари бадастоварии Истиқлол ҳифзи он низ корест басо мушкил ва масъулиятнок. Дар ин ҷода бетараф набуда, самимона, содиқона меҳнат кардан худ саҳмгузорӣ дар таҳкими решаҳои Истиқлол маҳсуб меёбад. Дар ин рӯзҳои саид ҳамаи ҳамватанонро бо 32-умин солгарди ҷашни фархунда табрик гуфта, барои онҳо хонаободию салбаландӣ ва барои кишвари маҳбубамон фазои сулҳу оромро хоҳонам. 

Абдухалилзода Кароматулло

Яндекс.Метрика