Иттилоияи Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд.

Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Таъкид менамоем, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд»,- гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Амит " Ховар "

Яндекс.Метрика