Ифодаи ҳувияти миллат ва давлат дар Парчами миллӣ

Ҳар гоҳ, ки ба Парчами миллӣ назар меандозем, як ҷаҳон маълумот доир ба таърих ва фарҳанги миллату давлат пеши назарамон ҷилвагар мегардад. Ба ин маънӣ Парчами миллӣ таърихи пӯшидаи миллат аст. Дар он тамоми бурду бохти миллат, ҳусну қубҳи он, хусусиятҳои фарҳангии он нуҳуфта аст. Дарки он нуҳуфтаҳо аз сатҳи донишу маълумоти ҳар фарде вобаста аст, ки ба он назар меандозад. Шахси соҳибмаълумоту соҳибмаърифат бо назар андохтан ба парчами миллат ва давлат тамоми таърихи гузаштаи миллатро пеши назар оварда, маҷозан ба он муносибати худро муайян менамояд. 

 

Парчами миллӣ аз ин лиҳоз оинаи миллату давлат аст, ки шахси соҳибьмаърифату худогоҳ дар он ҳастии миллатро бо тамоми ҷузъиёташ мебинад. Шахси ноогоҳ дар он оина ба ҷуз худ чизи дигареро дида наметавонад.

 

Парчами миллӣ ҳамзамон ифодагари орзую омоли миллату давлат аст. Вай маҷмӯи рамзҳост, ки як ҷаҳон маъниро ифода менамояд. Дар маркази Парчам гузошта шудани ранги сафед ифодагари орзую омол ва ҳадафҳои миллату давлат мебошад. Бо ин рамз мо маҷозан ба тамоми оламиён маълум менамоем, ки роҳи мо, ҳадафи мо, кӯшишу талоши мо ҳамагӣ сафеду пок ва беолоиш аст. Ин роҳу равишро мо ҳам барои худ ва ҳам барои тамоми оламиён орзу дорем. Ранги сурх маънои миллати мубориз будани моро ифода менамояд. Ин миллат дар тӯли таърих бо нобасомониҳои зиндагӣ, душворию талхии ҳаёт, душманони дохилию хориҷӣ мубориза бурд ва дар оянда низ мубориза хоҳад намуд. Яъне, миллат миллати мубориз аст. Вай бо сари баланд тавассути меҳнату талош ва муборизаҳои шадид ба ҳамаи ҳадафои худ ҳатман даст меёбад.

 

Ранги сабз рамзи сарсабзию шукуфоии миллат аст. Яъне, чун хадафи миллату давлати мо поку беолошиш аст, мо тавассути муборизаҳои фидокоронаи фарзандони баномуси миллат давлати худро ба баҳори ҳамешасабзу хуррам мубаддал мегардонем ва ин сарсабзию хуррамиро барои тамоми миллатҳои ҷаҳон хоҳонем.

 

Ҳамин тавр, тавассути се ранги пурмаъно мо худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, ҳамзамон ҷаҳониёнро барои ҳамкорӣ даъват менамоем. Бо дидани Парчами мо ҳар миллате, ки орзую ҳадафи пок дорад, моро ҳамчун ҷузъи худ қабул мекунад, ва ҳар миллате, ки ҳадафи нопок дорад, ақли тира ва манфиатҷӯяш дар мо фақат душманро мебинад.

 

Дар рӯзи Парчами миллӣ тамоми ҳамватанонро табрик намуда, ба онҳо дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ сарбаландиҳоро орзу дорем. Бигзор, ки фарзандони ин миллати фарҳангӣ Парчами миллатро чун Темур Раҳимов баланд бардошта, дар арсаи ҷаҳонӣ ин миллатро ҳамчун миллати созанда муаррифӣ намоянд.

 

Иди Парчами миллӣ ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад!

Абдухалилзода К.

Яндекс.Метрика