ИФРОТИҲО АЗ ДИНИ ИСЛОМ СӮИИСТИФОДА МЕНАМОЯНД

Чанде пеш дар фазои иттилоотии ҳам дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронии ду нимчамуллои афғон дар хусуси вазъи динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус муносибати Ҳукумат ба сатру ҳиҷоб мавриди баҳсу мунозираҳои тулонӣ қарор гирифт. Ин ду нимчамулло бидуни он ки аз вазъи динии ҷомеаи Тоҷикистон огоҳии равшан дошта бошанд, дурӯғу буҳтонро пешаи худ намуда, ба таҳқири миллату давлат ва ҷомеаи фарҳангпешаю динпарвари Тоҷикистон даст заданд. Ҷойи шубҳае нест, ки маълумоти ин ду нимчамуллои кучагӣ ба бофтаҳои дурӯғини ҳаммаслакони тоҷикистонияшон асос меёфт. Хушбахтона, на танҳо мардуми Тоҷикистон, ба хусус аҳли дину илми кишвар, балки иддае аз мардуми афғон низ бар зидди ин ду нимчамулло баромад намуда, тамоми афкори иғвогаронаи онҳоро маҳкум намуданд. Ҳамзамон қишри фарҳангпешаи мардуми афғон дар суханрониҳои хеш таъкид намуданд, ки ин ду нимчамулло дар байни мардум бо рафторҳои ғайриахлоқии худ шуҳрат пайдо кардаанд. Мантиқан онҳо ҳаққи аз номи ислом гап задан ҳам надоранд. Азбаски ботини онҳо чун зоҳирашон ифлос ва зиддиахлоқист, бидуни гушдиҳӣ ба амри имону виҷдон баҳри иғвою нифоқ ва тахриби ҷомеа иҷрои дастури хоҷагони хориҷияшонро ҳадафи худ қарор додаанд.
Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки чаро баъзе аз мусулмонон ба дурӯғу буҳтон даст мезананд? Магар онҳо аз аҳкоми дини ислом дар хусуси гуноҳи кабира будани дурӯғ, махсусан аз ҳукми ояти 10-уми сураи «Бақара» хабар надоранд? Барои чӣ имрӯз мусулмон бадхоҳи мусулмон шудааст? Ба ваҳдати мусулмонон чӣ халал ворид менамояд? Чаро ҷомеаҳои ғайримусулмонӣ ба дастовардҳои афсонавӣ дар соҳаҳои мухталифи илм ноил мегарданду мусулмонон дар пайи харобии ҳамдигаранд? Чаро чунин ҳолати нангин – тафриқаандозию низоъангезӣ ва ҳамдигарбадбинӣ дар байни мусулмонон бештар рух медиҳад?
Пайи дарёфти посух ба пурсишҳои мазкур ба хулосае расидем, ки дар ҳамаи ҷомеаҳо дар ҳамаи марҳилаҳои таърихии рушди онҳо шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки ба сабаби маҳдудии илму дониш, заифии малакаю маҳорати касбӣ, мавҷудияти ҷаҳонбинии носолим ва ё хостаҳои пойдарҳавояшон мақоми худро пайдо карда наметавонанд. Чунин ашхос ё гурӯҳи мазкур бо мақсади дарёфти мақоми муносиб дар ҷомеа ба ҷойи он ки дар пайи камолоти хеш бошанд, дар пайи дарёфти нуқси ҷомеа гардида, таҳрифи воқеиятро пешаи худ месозанд. Ба андешаи онҳо дар нокомияшон дар ҷомеа на ноуҳдабароии онҳо, балки низоми ҷомеа гунаҳгор аст.
Қобили зикр аст, ки чунин ашхос ё гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар солҳои 90-уми садаи гузашта сабабгори асосии сурат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида, ба ҷомеаи тоҷик хисороти ниҳоят калони молию ҷонӣ оварда буданд. Имрӯз низ чунин ашхоси манфиатҷӯ ва иғвоангезро қариб дар ҳамаи ҷомеаҳо вохӯрдан мумкин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон низ аз ин истисно нест.
Таҳлили раванду ҳодисаҳои динӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ гувоҳи он аст, ки дини мубини ислом дар дасти чунин афрод ҳамчун василаи ноором сохтани ҷомеа, ба силоҳи идеологӣ табдил дода шудааст. Чӣ хеле, ки мушоҳидаҳо собит менамоянд, воқеан ҳам дини ислом пайваста дар тӯли даҳсолаҳои охир аз тарафи аҳли таассубу ифрот баҳри таҳқир ва тавҳини миллату давлатҳо ва таҳрифи сиёсати динии роҳбарони кишварҳо муғризона истифода мегардад. Ин навбат туъмаи чунин нерӯҳои ифротии иғвоангез миллату давлати Тоҷикистон гардидааст. Гурӯҳҳои ифротии чӣ дохилӣ ва чӣ хориҷӣ бидуни он, ки аз моҳияти масоили марбут ба дин огоҳии равшан дошта бошанд, вазъи солими динии кишварро дар чашми оламиён носолим ва мушкилзо муаррифӣ намуда, мехоҳанд, ки бори дигар дар байни аҳли ҷомеа тухми низою тафриқа коранд, ки ин воқеан ҳам боиси нигаронии аҳли ҷомеа, ба хусус қишри меҳанпарасту худшиноси миллат мебошад.
Дар робита ба вазъи динии кишвар аз номи бузургони миллат гуфтанием: «Он чӣ ки айён аст, ҳоҷат ба баён нест». Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлол ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масҷидҳои зиёде бунёд ёфтаанд, Қуръону аҳодис ба забони тоҷикӣ тарҷума гардидаанд, сафи ҳоҷиёни фарзию умра ба маротиб зиёд гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистон дорои яке аз масҷидҳои зеботарин ва боҳашаматтарин дар Осиёи Марказист, ки ин бешак бозгӯ аз сиёсати динии оқилонаи роҳбарияти олии кишвар аст. Доир ба вазъи динӣ дар кишвар суханро ба дарозо накашида, мухтасаран таъкид менамоем, ки анбуҳи бузурги намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа дар дилхоҳ масҷиди кишвар бозгӯ аз вазъи динии кишвар буда, далели раднопазир бар ҳама гуна иғвою буҳтони ҳам душманони дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар маҳсуб мешавад.
Дар робита ба муносибати Ҳукумат ба сатру ҳиҷоб бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди сатру ҳиҷоби исломӣ баромад накардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди бегонапарастӣ баромад карда буд ва дар оянда низ баромад хоҳад кард. Моҳияти иқдоми мазкур дар он ифода меёбад, ки мардуми мусулмони кишвари мо бояд талаботи шариатро бо истифода аз расму русуми миллӣ адо намоянд. Талаботи мазкур зидди шариат нест. Зеро мақсад аз ҳукми оятҳои ба сатру ҳиҷоб бахшидашуда, чун аз ҳукми ояти 31-уми сураи «Нур» ва ояти 59-уми сураи «Аҳзоб» маҳз, пешгирӣ намудани рафтори ғайриахлоқӣ ва ҳифзи иффати хоҳарону модарон аст, на риояи зоҳирии ҳукми оят. Ҳангоме ба сабаби фуруд омадани оятҳои мазкур шинос мешавем, мебинем, ки ҷамоаи тоисломии араб дар чӣ ҳолати фаҳш ва зишт зиндагӣ мекардааст. Муносибатҳои шаҳвонӣ ва таҳқири зан ба сатҳи баланди ғайриахлоқии ҳуд расида, ҳолати маъмулиро касб намуда будааст. Маҳз, ба хотири пешгирии чунин рафтори номуносиб ва ба танзим даровардани муносибатҳои шаҳвонӣ дар байни занону мардон оятҳои зикршуда фуруд омадаанд. Аз ин рӯ, ҳадаф аз сатру ҳиҷоб ҳифзи номус ва иффати хоҳарону модарон аст, на худнамоии зоҳирӣ.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути Конститутсияи кишвар роҳи рушди дунявиро интихоб намудааст, дар самти мазкур ба арзишҳои эътиқодии тамоми мардуми кишвар эҳтиром мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи покӣ ва иффати хоҳарону модарони мусулмонро барои барподорӣ ва таҳкими оилаҳо, ва аз ин ҷо барои тарбияи ахлоқии насли наврасу солимии ҷомеа муҳим шуморида, иҷрои талаботи шариатро бо риояи расму русуми миллӣ зарур мешуморад. Зеро барои ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистион ва ҳам мардуми кишвар сират аз сурат муҳимтар ва муқаддамтар маҳсуб меёбад.

Абдухалилзода Кароматулло Абдухалил – муовини директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Яндекс.Метрика