ИХТИЛОФИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ бо исломгароёни СИЁСӢ

Имрӯз ифротгароёни исломӣ талош доранд усулҳоеро пайгирӣ кунанд, ки бо манфиатҳои миллӣ комилан мухолифанд. Таълимоти ислом ба этносу миллати муайян ва давлату сохти алоҳидаи сиёсӣ нигаронида нашудааст, ҳарчанд ки кушишҳо барои миллӣ сохтану ба манфиати миллат истифода бурдани он дар таърих ба назар мерасад, аммо ҳамаи он талошҳо то ба ҳол хусусияти фаромиллии исломро аз байн набурда, ба он тағйироти ҷиддӣ ворид накардаанд. Бо вуҷуди ин азбаски ислом дар байни мардуми араб пайдо шуда забони онҳо забони китобҳои муқаддас гардидааст, бисёр расму оинҳои арабӣ вориди он гаштаанд, ҷиҳатҳои арабии он хеле зиёданд ва метавон гуфт, ки миллатгароёни араб дар гузашта ба он такя карда буданд ва имрӯз ҳам ба фоидаи худ аз он истифода мебаранд. Миллатҳои ғайриараб имконияти камтари истифода аз онро ба суди миллаташон доранд. Албатта, ислом дар тӯли таърихи худ, вақте бо фарҳангу тамаддуни дигар халқҳо дучор мешавад, бетағйир намемонад, он симои дигар, бештар симои интернатсионалӣ пайдо мекунад, ки он асос мешавад, ки онро таркибе иборат аз дини сомӣ ва фарҳанги эронӣ донанд . Яъне ин ҷо сухан аз он меравад, ки ислом аз исломи соддаи мардуми бадавӣ низоми фарҳангӣ ба худ гирифтааст. Дар исломи давраи аввал арабияти он хеле бештар нисбат ба дини умумибашарӣ будани он аст. Ба қавли Ибни Халдун ҷомеаи бадавӣ, ки арабҳоро бадавитарини онҳо медонад, ҳамбастагии соддатарин, ҳамбастагии “асабият” (қавмӣ) доранд, ки аз майли табиӣ бармехезад. Як фард бедуни як гурӯҳ (авлоду қабила), ки аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, зиндагӣ карда наметавонад. Қабоили бадавӣ бо якдигар дар задухӯрди доимӣ қарор доранд, чуноне ки дар нимҷазираи Арабистон то ислом буд ва баъди ислом ҳам то муддате давом дошт, аз ҷумла низои байни умавиён ва ҳошимиён. Ҳатто вожаи “араб” худ маънои саҳронишин, бадавӣ буданро дорад. Дар давраи хилофати умавиён “асабият” ҳукмрони комил буд ва бар зидди мардуми дигар, яъне шуубия, ки маънияш мардумӣ аст, яъне мардумони дигар равона шуда буд. Давлате, ки арабҳо бино карда буданд хилофат, ба ҳамбастагии васеътар эҳтиёҷманд буд. Ҳамчунон ки Ибни Халдун дуруст таъкид мекунад, асабият метавонад бо фатњи бисёр дигар шаҳру халқҳо давлати мутамаддин барпо намояд . Абулҳасани Мовардӣ ҳам дар китоби “Аҳком-ус-султония”-и худ чунин ақидаҳоро дастгирӣ кардааст. Пас, метавон хулоса баровард, ки ислом бо вуҷуди хусусияти умумибашарӣ доштанаш метавонад манфиати арабгароёнро ҳимоя намояд ва ҳадафи аслии ҷараёнҳои радикалӣ, салафия, ваҳҳобия, ихвония аз ҳамин иборат аст. Ҳасан ал-Банно пешвои “Ихвон-ул-муслимин” чунин мешуморад, ки дар давраи хилофати аббосиҳо вақте ақвоми эронию турк дар хилофат қудрат пайдо карданд, рӯҳи арабӣ шикаста шуд ва исломи “пок” ба олудагиҳо дучор гардид . 

Ба фикри Абуусмони Ҷоҳиз дар китоби “Ал-баён ва-т-табйин” давлати умавия арабӣ ва давлати аббосия аҷамии хуросонист . Вале бо вуҷуди ин ислом хусусияти фаромиллии худро аз даст надодааст ва ҷои умумияти миллиро умумияти исломӣ ишғол мекунад. 

Дар давраи Аббосиён хусусияти умумибашарии ислом ва фарҳанги он хеле барҷаста намудор буд. Дар фарҳанги ин давра унсурҳои арабӣ, ҳиндӣ, эронӣ, юнонӣ бо ҳам алоқаманд шуда, ривоҷи фарҳанги пешрафтаеро таъмин карданд, ки ин давраро давраи “тиллоӣ”-и фарҳанги исломӣ медонанд. 

Бо вуҷуди ин унсурҳои зиёди фарҳанги эрониён, хусусан расму оинҳо, анъанаву суннатҳои мардумони эронитабор аз ин фарҳанг дар канор монд. Баъди пирӯзии туркҳо ва муғулҳо фарҳанг ба таназзул дучор гардид, зеро онҳое, ки сари ќудрат омада буданд, мардуми фарҳангӣ набуданд, ба ҳамбастагии “асабият” пойбанд буданд. Ҳатто дар усули исломӣ ҳам дигар пешрафти назаррасе мушоҳида намешавад. Аммо баъди пайдоиши давлатҳои этникии эронитабор: Саффориҳо, Тоњириҳо, Сомониён ба фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои пештараи тоисломӣ эътибори зиёд дода шуд ва асарҳои бузурге дар васфи Эрони бостон, тамаддуни тоисломӣ пайдо шуданд, ки бузургтаринашон “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аст. 

Идома дорад.

Аҳмадов С. – д.и.ф., профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати ДМТ

 

Яндекс.Метрика