ИХТИЛОФИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ бо исломгароёни СИЁСӢ

Идома:

 

Инчунин китобҳое, ки афзалияти эрониёнро бар аъроб нишон диҳанд, мисли “Фазл-ул-Аљам ало-л-араб ва ифтихорању”, “Фазоил-ал-фурс”, Саид ибни Бахтакон (ваф. 865) “Фазл ал-аљам мин-ал-араб” пайдо шуданд, шеъри оламгири форсу тоҷик ба вуҷуд омад, низоми давлатдории эрониён дар хилофат қабул шуд, ки ин ҳама на ба унсурҳои фарҳанги динӣ, балки фарҳанги дунявӣ тааллуқ доштанд. Ислом чун пештара бо фарҳанги қадимаи эрониён ихтилофи худро нигоҳ дошт, вале дар давлатдорӣ ва вилоят асарҳое пайдо шуданд, ки фориғ аз ғояи хилофат буданд, китобҳои Абӯмансури Саолабӣ, “Насиҳат-ул-мулук”-и М. Ғаззолӣ, “Сиёсатнома”-и Рузбаҳонӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк ва ғайра дар баробари ҳукумати пешвоёни ислом шоҳони эрониро васф карданд. Ҳатто дар китобҳое, ки бар ҳифзи хилофат бахшида шуда буданд, мисли “Аҳком-ус-султония”, “Китобу сирри-л-визаро”, “Туҳфат-ул-вузаро”-и Мовардӣ таваҷҷуҳ ба сохти давлатдории эрониён хеле зиёд буд. Дар ин китобҳо шакли давлатдорӣ бо доштани вазорату дастгоҳҳо, чуноне ки дар эрониёни пеш аз ислом буд, тарғиб шудааст. Масалан, муҳофизи низоми хилофат А. Мовардӣ дар китобҳояш ду навъи вазоратҳо, вазорати танфиз (иҷроия) ва вазорати тавфиз (мустақил)-ро пешниҳод карда, вазифаҳои халифаро низ муайян кардааст. Ҳукумати Аббосиҳо ба муваффақиятҳои зиёд дар пешрафти кишвар ба сабаби фаъолияти самараноки вазирони форс ноил гаштааст. Аз ҷумла, аввалин вазири онҳо Абусаланаи Халол (ваф. 780) ва баъд бармакиҳо дар нуфузи қудрати аббосиҳо ва пешрафти хилофат саҳми зиёде доштаанд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ худи давлат ба маънои комили он, яъне давлати мутамаддин дар давраи аббосиҳо шакл гирифтааст. Аммо ин барои усулгароёни муосири исломӣ ва арабгаро таназзули давлат дар ислом ҳисоб мешавад, зеро эрониёну туркҳо ба зимоми давлат даст ёфтаанд. 

Исломгароёни муосири ифротӣ ҳеҷ ба он созиш карда наметавонанд, ки нуфузи халқҳои дигари мусулмон дар давлат бисёр бошад, чи расад ба давлатҳои дунявӣ, ки роҳи бунёди ҷомеаи муосир, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Ин давлатҳо ифодагари манфиатҳои миллӣ мебошанд, ки ба ақидаи фаромиллии исломӣ ва арабгароии онҳо рост намеояд.

Аммо дар ҷаҳони муосир, бо вуҷуди раванди оламшумулӣ (глобализатсия) маҳз давлатҳои миллӣ ва дунявӣ мақоми шоистаро ишғол мекунанд ва манфиатҳои миллӣ: рушди забон, фарҳанг, арзишҳои таърихӣ ва муосири миллат муайянкунандаи асли вуҷудият ва пешрафти ҳар миллат аст. Моделе, ки имрӯз исломгароён пешниҳод мекунанд ба гузашта ва он њам гузаштаи на чандон писандидаи таърихӣ равона шудааст. Ба илму бозёфтҳои муосири илмї, техникӣ ва фарҳангӣ мувофиқ  набуда, давлатро дар бунбаст ва дар гӯшае дур аз ҷаҳони муосир қарор медиҳад.

Имрӯз Тоҷикистон баъди беш аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ гаштааст ва ин давлат рӯз аз рӯз ва сол ба сол мақоми шоистатаре дар ҷаҳон ишғол карда истодааст ва ҳар кӣ зидди ин низом ва давлат қарор гирад, душмани миллат, фарҳангу озодии он аст ва хоҳу нохоҳ чунин шахс ба вартаи расвоӣ кашида мешавад, чунон ки Саидойи бузург гуфтааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 

Аҳмадов С. – д.и.ф., профессори кафедраи онтология ва назарияи маърифати ДМТ

Яндекс.Метрика