Рӯзҳои 23-26 августи соли 2024 дар шаҳри Тошканд ва Самарқанди Ӯзбакистон VIII-умин Конгресси байналмилалӣ зери унвони "Мероси ниёгони бузург - асоси эҳёи сеюм" баргузор гардида истодааст.
Дар Конгресси мазкур масъалаҳои гуногун аз он ҷумла Осиёи Миёна дар даврони тоисломӣ ҳаёти маънавӣ ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ дар ин давра, масъалаҳои асосии мероси маънавӣ, маориф ва илм ҳамчун асоси тамаддуни башарӣ, нодираҳои мероси сарчашамшиносӣ, меъморӣ ва ҳунармандӣ - мерос барои оянда, Осиёи Миёна гаҳвораи тамаддуни исломӣ ва ғ.мавриди баррасии мутахассисон ва донишмандон қарор гирифт.
Дар ҳамоиши байналмилалӣ зиёда аз 300 олимон ва мутахассисони шинохта аз 35 кишвари дунё иштирок доранд.
Бояд қайд кард, ки дар Конгресси мазкур Тоҷикистонро мутахассисон аз Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, АМИТ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд.
Лозим ба ёддоварист, ки санаи 23 - юми августи соли равон директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим дар қисмати пленарии Конгресс дар мавзуи "Нақши Имом Бухорӣ дар рушди тамаддуни башарӣ" баромад намуданд.
Дар идомаи Конгресс Холиқзода Абдураҳим Ғафор дар мавзуи "Низоми ҳуқуқи Осиёи Миёна то даврони исломӣ", Зокирзода Н.М. дар мавзуи "Хусусиятҳои таълимоти динӣ дар Осиёи Миёна дар асри XIX ва аввали асри XX", Шарифзода А.Қ. дар мавзуи "Ашъори Ҷомӣ ва Навоӣ дар катибаҳои гулдузҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон" ва Маҳмадуллоев С. дар мавзуи "Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ-форсӣ дар фарҳанги исломӣ" маърӯза намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ