Иштироки кормандони Маркази исломшиносӣ дар Дави миллӣ

19 - уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дави миллӣ баргузор гардид.

Дар Дави миллӣ одамони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида дар назди майдонгоҳи «Наврӯзгоҳ» хотима ёфт.

Бояд қайд кард, ки дар оғози чорабини мазкур муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар қатори дигар вазорату идораҳо дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Бояд зикр кард, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика