Иштироки муовини аввали Раиси ҲХДТ ва директори Маркази исломшиносӣ дар Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои Брикс ва давлатҳои ҳамкор дар шаҳри Владивостоки ФР

Бо дастури Роҳбари ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Муовини аввали Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ А. А. ҳамроҳи гурӯҳи корӣ аъзои КИМ ҲХДТ А. Ғ. Холиқзода ва Роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар ФР С. Мирзомиддинов рӯзҳои 16-19 июни соли равон дар Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои Брикс ва давлатҳои ҳамкор дар шаҳри Владивостоки ФР иштирок намуданд.
 
Нахуст дар ҷаласаи Пленарӣ муҳтарам Азизӣ А.А. дар мавзуи «Соҳибихтиёрии миллӣ зарурат ба ҳимоя аз таҳдидҳои колониалиро дорад», баромад намуданд. Мавсуф, зарурати ҳимояи дастаҷамъонаи соҳибихтиёрии давлатӣ ва миллиро аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ  ва муқовиматҳои сиёсии замони нав таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқи миллатҳо ба соҳибистиқлолӣ, худмуайянкунӣ ва муносибати озодонаю  баробар бо ҳар яки онҳо дар низоми байналмилалӣ арза доштанд. 
 
Дар навбати худ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода А.Ғ. дар бораи саҳми Тоҷикистон дар фарҳанги ҷаҳонӣ ва нақши Пешвои миллат ва халқи тоҷик дар фарҳанги таҳаммулгароӣ ва ҳамзистии осоишта дар васоити ахбори омма иттилоъ доданд. 
 
Аъзои гурўҳи кории Тоҷикистон бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Чин, Республикаи халқии Куба ва Ҷумҳурии Белорус, баргузор намуда, дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба густариш додани ҳамкориҳои ҳизбӣ корҳои муайяни ташкилӣ ва тарғиботиро анҷом доданд. 
 
Сипас, дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ҳаракати «Форуми ҷонибдорони муқовимат бо амалиёти муосири неоколониалистӣ - «барои озодии миллатҳо» Азизӣ А.А. дар ҳузури роҳбарони ҳизбҳои сиёсии давлатҳои иштирокчии форум маъруза намуданд. Азизӣ А.А. нисбат ба зуҳури амалиётҳои колониалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ дар шароити муосир изҳори нигаронӣ намуда, иштирокчиёни Форум ва аъзоёни Кумитаи доимии онро ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъона дар роҳи эҳтироми ҳаққи табии халқу миллатҳо ба худмуайянкунии сиёсӣ ва иқтисодӣ даъват намуданд. Ҳамзамон, гурўҳи кории Тоҷикистон ҷиҳати такмили «Тартиби кори Кумитаи доимии ҳаркат» фаъолона ширкат варзида, таклифу пешиноҳодҳои судманд ироа доштанд.  
 
Дар ҷараёни сафар вохўрии муҳтарам Азизӣ А.А. ва гурўҳи кории Тоҷикистон бо Раиси Ҳизби Умумироссиягӣ (Единая Россия) Медведев Д.А. ва мудири шуъбаи байналмилалии КИМ Партияи Коммунистии Ҷумҳурии Халқии Чин ЛЮ Тсянчао ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо аҳзоби сиёсӣ ба манфиати тарафҳо судманд баргузор шуд.
 
Роҳбарон ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии кишварҳои дўст (Россия ва Чин) паёми гарму ҷушон ва миннатдории худро ба Роҳбари ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек ҷиҳати ҳамкориҳои оянда арза доштанд. 
 
Абдуллоҳи Қодирӣ– сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ 
Яндекс.Метрика