ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ИСЛОМШИНОСӢ ДАР "ДАВИ МИЛЛӢ"

Субҳи имрӯз аҳли коллективи кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии ҷумҳуриявии "Дави миллӣ ва марафони велосипедрони бахшида ба " Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон " дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дави миллӣ, ки ҳамасола бахшида ба " Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон" санаи 23 май баргузор мегардад, субҳи 21 май, соати 08:00 тавассути кӯчаҳои Карамов - хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории мусобиқа - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика