Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

"Бедил шахсиятест, ки шабеҳи уқёнуси асрор ва маънӣ, бо розу ҷаззобият ва сеҳри маъруфияти бесобиқа. Сарманшаи ӯ аз минтақаи фарҳангии Хуросони бузург буд ва дар қалби Ҳинди гуҳарбор парвариш ёфт. Бедил ва сабки баланди ҳиндии ӯ на фақат доираҳои адабиро тасхир намуданд ва ба ҳунари мусиқӣ (бахусус, ‘'Шашмақом”-и безавол) ҳамроз гардиданд, балки ба ҳар ноҳия ва минтақа, ба ҳар маҳалла ва гузар ва муҳимтар аз он, ба ҳар хонадон роҳ ёфтанд...". (Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон) *** Мирзо Бедил, ки раҳнамои сухан аст, Биллаҳ, ки бесухан Худои сухан аст. (Аз Тазкираи «Сафинаи Хушгӯ») *** ЧАНД БАЙТИ НОБИ АНДӮХТАНӢ АЗ МИРЗО БЕДИЛИ ДЕҲЛАВӢ Чун ҳубоб аз шайхии зоҳид мапурс! Ин сари бемағз дастор асту бас! Ай он ки гаҳе хилвату гаҳ анҷуманӣ, Пайваста ба ваҳми ғайр оташ фиканӣ. Найранги дуӣ боз надорад ин ҷо, Ман бо ту туам, чунон ки бо ман ту манӣ. Ҷоҳил аз ҷамъи кутуб соҳиби маънӣ нашавад, Нисбате нест ба шероза сухандониро. Марҷаи маънии ин сустхаёлон дарёб, То бидонӣ, чӣ қадар фитраташон кӯтоҳ аст. Ҳарчанд ба дониш аз ҷаҳон афзунӣ, Ё дар пирӣ муаллими гардунӣ. Ҳар гоҳ ба пеши кас бари ҳоҷати хеш, Тифлӣ ба ту зебад, на афлотунӣ. На тори умр маҳкаму на тори дӯстӣ, Афсӯс аз ин ду ришта, ки бисёр нозук аст... Аз тавофи хона гар мақсуд Соҳибхона нест, Сар ба деворе занеду каъбаҳо вайрон кунед. Хатти тақдир аст холӣ аз ғалат, Аз хато холӣ набошад ҳеҷ хат. Ба пирӣ ҳам нафаҳмидем, афсӯс, Ки дунё бозии тифлонаи кист? Хоксорон то куҷо доранд поси обрӯ, Сояро аз оҷизӣ ҳар кас таги по мекунад. З-ин чаман барги гуле нест, нагардонад ранг, Бохабар бош, ки имрӯзи ту фардо дорад! Хомтабъон аз фишори ранҷи даҳр осудаанд, Пухтагӣ ангурро зиндонии хум кардааст. Чу гул дар вақти пирӣ мекашӣ хамёзаи ҳасрат, Макун, эй ғунча, сарфи хоб шабҳои ҷавониро. Сахт душвор аст манзури халоиқ зистан, Бо ҳама зиштӣ агар дар пеши худ хубам ,бас аст. Аз сари таъмири дил бигзар, ки меъморони ишқ, Рӯзи аввал ранги ин вайрона, вайрон рехтанд. Даъвии мардони ин аср инфиъоле беш нест, Шер меғурранду чун вомерасӣ, бузғолаанд. Вафову меҳрубонӣ аз сияҳчашмон маҷӯй, Бедил, Вафо рафту муҳаббат мурду бераҳмӣ таваллуд шуд. Ба дарё гар надорӣ ошноӣ, Кафи хоке зи соҳил кун гадоӣ. Маҳви кайфияти найранги вафоям, Бедил, Он ки мехост фаромӯш кунад, ёдам кард. Юсуфӣ кун, гарат асбоби масеҳоӣ нест, Ба фалак гар нарасидӣ, буни чоҳе дарёб. Ҳамчу оина агар соф шавӣ, Ҳар куҷо анҷумани дидор аст. Бознашр аз саҳифаи Марвориди тоҷику форс

Яндекс.Метрика