ИҚТИБОС АЗ СУХАНРОНИИ ПРОФЕССОР - Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов

“Дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик – оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад.
Кори КУМИТАИ ҶАВОНОН, Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, муассисаҳои марбути тадқиқоти илмии Академияи миллии илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд ба шароити «мубориза барои ҳаёт» посухгӯ, баробарвазн ба вазъ буда, фаъолияти онон на ба ҳисоботдиҳӣ, балки ба натиҷагирӣ равона гардад. Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад!”
Саймумин Ятимов

Таҳиякунандаи мавод: Абдуллоҳи Қодирӣ

Яндекс.Метрика