Дар қатори дигар ҳунарҳои мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём то имрӯз ҳамчун мероси гаронмояи моддию маънавӣ омада расидааст, кандакорӣ мавқею манзалати хоса дошта, тариқи усули мактаби “Устод ва шогирд” давра ба давра рушд кардааст. Яъне, бо пешравии ҷомеа низ ин ҳунар ташаккул ёфта, бори дигар аз фарҳанги бойи мардуми тоҷик дарак медиҳад.
Чӯбтарошӣ ва кандакорӣ аз ҳунарҳои қадимии Шарқ аст, ки дар Тоҷикистон зиёд рушд кардааст. Ин намуди санъати мардумӣ дар он минтақаҳое арзи вуҷуд мекунад, ки он ҷо чӯб зиёд аст. Мардуми тоҷик дар ин намуди санъат бештар аз дарахтони бед, чинор, чормағз, зардолу ва тут истифода мекунанд. Ҳунари чӯбтарошӣ – аз тарошидан ва шакл бахшидан ба чӯб оғоз мешавад. Агар чунин хулоса кунем, ки дар ҳар як хонаи мардуми тоҷик нақше аз ин ҳунар ҳаст, мутмаинем, ки иштибоҳ нахоҳад шуд. Зеро бистари нахустини тифли тоҷик, ки гаҳвора аст, дар худ нақше аз ҳунари кандакорӣ дорад ва чунин ақида низ ҳаст, ки ин як далели дар муҳити зебоипарастиву ҳунар тарбият ёфтан аз замони тифлияти мардуми мост.
Кандакорӣ таърихи ҳазорсола дошта, намунаҳое, ки аз ноҳияҳои Ишкошиму Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Вахш (Аҷинатеппа), Ҳисор, Восеъ (Ҳулбук), Қубодиён (Тахти Сангин) дарёфт шудаанд, ба асрҳои 8, 10, 15, 19 тааллуқ доранд. Санъати муосири кандакории чӯбии тоҷикон, дар ду самт инкишоф меёбад: мардумӣ ва касбӣ. Вале дар ҳар ду ҳам анъанаҳои асримиёнагии санъати ороишӣ нигоҳ дошта шудаанд. Услуби мардумӣ идомаи анъанаҳои пешин буда, дар деҳот бисёр вомехӯрад. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон маҳсули дасти кандакоронро дар сутуну болор, дару тирезаҳои чойхонаҳо, масҷидҳо, осорхонаҳо, қасрҳои фарҳанг, биноҳои маъмурӣ дидан мумкин аст. Дар осорхонаҳои кишвар намунаҳои олии кандакорӣ ҳифз шудаанд. Сутунҳои кандакоришуда дар деҳаҳои Рарз, Фатмев, Куруди ноҳияи Айнӣ, Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ, сарсутунҳои масҷидҳои Ҳавзи Сангин, дењаи Далёни Болои шаҳри Истаравшан, дењаи Ҷомӣ дар Хуҷанд, дењаи Сурх дар Исфара бо анъанаҳои қадимаи кандакорӣ ороиш ёфтаанд. Барои инъикос намудани фарҳанги миллӣ, на танҳо расму одатҳо, касбу ҳунарҳои мардумӣ, балки тамоми ҷузъиёти маҳаллии ҳар як пеша нақш ва ҷойгоҳи худро дорад. Ба ҳама маълум аст, ки рӯз то рӯз мардуми дунё нисбат ба ҳунарҳои дастӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда истодаанд. Дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба ҳунармандони соҳибистеъдод диққати махсус дода, барои пешбурди фарҳангу тамаддуни миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои асилу қадимии аҷдодиашон кӯшиши бештареро ба харҷ медиҳанд. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ барои эҳё ва тараққии касбу ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардидааст. Эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ба ҳайси “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” метавонад далели чунин гуфтаҳо бошад. Бояд зикр кард, ки ҳунарҳои мардумии ҳар як миллат хусусияти аёният дошта, онҳо воситаи хубе барои ҷалб намудани таваҷҷуҳи сайёҳон мебошанд.
Яке аз чунин намунаи ҳунарҳои волои тоҷикон кандакорӣ мебошад, ки аз замонҳои пеш то инҷониб маъмул буда, дар ороиши хонаву иморатҳо ва ҷойҳои дигари фароғатӣ хидмат кардааст. Ҳунари кандакориро дар саросари кишвар мушоҳида кардан мумкин аст ва тибқи мушоҳидаҳо, дар ҳар як хонаи тоҷик маснуоти кандакорӣ ба назар мерасад.
Маҳсули ҳунари кандакории рӯи чӯб, ки то ба мо расидааст, таърихи хеле қадима дошта, намунаҳои он ба замони Сомониён тааллуқ дорад. Масалан, меҳроби чӯбини Искодар бузургтарин меҳробе мебошад, ки он соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи Фалғар имрӯза ноҳияи Айнӣ ёфт шудааст ва соли 1946 онро ба шаҳри Душанбе овардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин гуна бозёфтҳои кандакоришуда далели он аст, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз ҳунари кандакорӣ дар марзи Тоҷикистон, аз ҷумла водии Зарафшон мавқеи хоса доштааст.
Кандакории санг низ аз қадимтарин навъи санъати ороишиву амалии тоҷикон аст. Дар сарзамини тоҷикон анвои сангҳои барои кандакорӣ мувофиқ фаровонанд. Намунаҳои ин ҳунар, ки аз ҳафриёти Панҷакенту Истаравшан, Ҳулбуку Тахти Сангин, Самарқанду Нурато ёфт шудаанд, аз қадимӣ будан ва рушди ин навъи санъат гувоҳӣ медиҳанд. Намунаҳои олии осори кандакорӣ дар чӯб ва сангро дар ороиши дохилии иморатҳои Кохи Наврӯз, Толори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Душанбе), чойхонаҳои солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Данғара ва ғайра сохташуда дидан мумкин аст.
Кандакорӣ беҳтарин ва холистарин анвоъи санъат буда, аз қадим бо ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мардуми тоҷик алоқаманд мебошад. Он ҳисси зебоипарастии ҳар як халқ ва миллатро таҷассум намуда, муҳаббатро нисбати касбу ҳунар афзун менамояд. Бартариятҳои дигари ҳунарҳои дастӣ, ба хусус кандакорӣ инсонро аз бекорию дилтангиҳо раҳоӣ мебахшад. Ин қабил ҳунармандонро аз хурд то бузург ҳурмату эҳтиром карда доимо номашонро ба некӣ ёд мекунанд.
Эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошанд. Дар воқеъ, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо, ин иқдом айни муддао аст, зеро ҳифз ва муаррифии осори ниёгон барои ҳар фарди худшиносу ватандӯст ҳам фарзу ҳам суннат мебошад.
Садуллоев Аҳмадҷон – мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ