Китоби «Таъриху-р-русул ва-л-мулук» ҳамчун сарчашмаи таърихӣ

«Таъриху-р-русул ва-л-мулук» («Таърихи пайғамбарон ва шоҳон»), асари Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ мебошад, ки аз љумлаи асарҳои беназири таърихӣ  маҳсуб меёбад. Ўсоли 838 милодӣ дар Омул таваллуд шуда, соли 922 милодӣ дар Бағдод вафот кардааст.

«Таърихи Табарӣ» дар (13 ҷилд) ба забони арабӣ таълиф шуда, воқеаҳои таърихии Арабу Аҷам ва дигар халқҳои ҳамсояро (то соли 915) дар бар мегирад. Ҷилди 1-ум аз муқаддима ва тавсифи халқҳои қадими Шарқи Наздик иборат аст. Ҷилди 2-юм ба таърихи давлати Сосониён, ҷилдҳои 3-юм ва 5-ум ба замони ҳукмронии Муҳаммад ва чор халифаи аввал (Абӯбакр, Умар, Усмон, Алӣ), ҷилдҳои 6-ум ва 9-ум бошад ба давраи таърихи хилофати Умавиён, ҷилдҳои 10-ум ва 13-ум бошад ба давраи хилофати Аббосиён маълумот дода шудааст.
Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-ТабарӣДар асараш роҷеъ ба Марв, Балх ва Хоразмро забт кардани шоҳи Сосонӣ — Ардашери I, кориши хоқони турк ба Хуросон, муборизаи шоҳи Эрон Фирӯз (Пирӯз; 459—484) бо Ҳайтолиён, Маздак ва Маздакия, Суғд, Хуталон, оид ба таракқиёти иқтисодиёти онҳо, ҳуҷуми арабҳо ба Мовароуннаҳр ва муборизаи халқҳои ин кишвар бар зидди истилогарони аҷнабӣ ва ғайра маълумоти муҳим оварда шудааст.
Китоб чун солнома таълиф шуда, маълумот дар он на аз рӯи мавзӯъ, балки ба таври хронологӣ омадааст. Онро соли 963 вазири Сомониён Мир Абӯалӣ ибни Муҳаммади Балъамӣ ба забони форсии дарӣ тарҷума карда, ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст. Балъамӣ ҳангоми тарҷума лаҳзаҳои зиёдеро аз ҳаёти халқҳои эронӣ (аз ҷумла достони «Баҳроми Чӯбина»), ки дар нусхаи аслии асар набудаанд, ба китоб илова кардааст. Асар минбаъд ба забонҳои туркӣ, урду ва ғайра тарҷума ва нашр шудааст.
«Таърихи Табарӣ» баъди аз тарафи шарқшиноси немис И. Г. Л. Козиртин нашр карда шудани як қисми он (воқеаҳои солҳои 632—636) дар Европа шӯҳрат ёфт. Баъзе порчаҳои асар аз тарафи Н. А. Медников, А. Э. Шмидт ва В. И Беляев ба забони русӣ низ тарҷума ва нашр карда шудааст.
Ҳоло нусхаҳои дастнависи «Таърихи Табарӣ» дар китобхонаҳои Москва, Ленинград, Тошкент ва Душанбе маҳфузанд.
 

Мутахассиси пешбари шуъбаи иттиллоот ва ташхиси диншиносӣ                         Исоев Н.
 
 
 
 

Яндекс.Метрика