Китоби “Ал-Ҷомеъ ал-кабир”-и Имом Муҳаммад яке аз сарчашмаҳои фатвоҳои мазҳаби Абӯҳанифа (р)

Донишмандон дар мавриди ин китоб иттифоқ кардаанд, ки Имом Муҳаммад онро аз Абӯюсуф ривоят накардааст. Агарчи Абӯюсуф ба таъбири Муҳаммад донотар будааст бар он чи дар китоб аст. Дар китоб масъалаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки аз Абӯюсуф гирифта шудааст. Илова бар ин, дар он китоб масъалаҳое вуҷуд дорад, ки аз устодаш Абӯюсуф дар ёддоштҳои хоссаш ҷамъоварӣ карда ва ё аз дигар фуқаҳои Ироқ омӯхтааст.

Муҳаммад ин китобро ду бор тасниф кардааст. Ҳангоми таснифи он бори аввал ёрони ӯ- Абӯҳафси Кабир, Абӯсулаймони ҷузҷонӣ, Ҳишом ибни Убайдуллоҳи Розӣ, Муҳаммад ибни Самоъа ва дигарон аз ӯ ривоят карданд. Баъд аз таҷдиди назар, бори дуюм, ба он бобҳо ва масоили зиёдеро изофа намуд ва ибораҳои онро дар бисёр мавзеъҳо таҳрир намуд, ки дар натиҷа лафзу маънои он зебову гуворо шуд. Ёронаш ин китобро бори дигар аз ӯ ривоят карданд. 

“Ал-Ҷомеъ ал-кабир”- ро гурӯҳи зиёде аз уламо шарҳ дода, масоили онро тахриҷ ва ба усул ва қиёсҳояшон баргардондаанд. Аз ҷумла Абуҳозим Абдулҳамид ибни Абдулазиз, Алӣ ибни Мӯсои Қумӣ, Аҳмад ибни Муҳаммади Таҳовӣ, Абӯлҳасани Куфӣ, Абуамр Аҳмад ибни Муҳаммади Табарӣ, Абӯбакри Ҷассоси Розӣ, Абулайс Наср ибни Муҳаммади Самарқандӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Яҳёи Ҷурҷонӣ, Шамс ал-аиммаи Ҳалвонӣ, Шамс ал-аиммаи Сарахсӣ, Фахр ал-ислом Алӣ Баздавӣ, Абулюср Муҳаммад Баздавӣ, Ҳисомуддин Амр ибни Мозиҳ, Маҳмуд ибни Аҳмади Бурҳон, Алоуддин Муҳаммади Самарқандӣ, Абӯҳомид Аҳмади Итобӣ, Қозихон, Бурҳонуддини Марғинонӣ ва Ҷамолуддини Ҳасирӣ мебошанд.

Ин китоб шарҳест, ки масъалаҳои боарзишеро аҳамият дода, фуруъоти зиёдеро дарбар мегирад, ки гоҳе онро аз “Асл” ва ғайри таъллифоти Имом Муҳаммад гирифта ва гоҳе аз шарҳҳои Кархӣ, Ҷассос ва Сарахсӣ баҳра бурдааст. Дар ин миён мушоҳада мешавад, ки аз он чи баъзе шориҳони китоб бар баъзе масъалаҳо ирод ворид кардаанд, посух медиҳад, мисли Абӯҳозим, Розӣ ва Ҷурҷонӣ. Бо Ҷасос дар бисёре аз андешаҳояш, ки хосси ӯст, баҳсу муноқаша мекунад. Аз ин ҳам болотар дар аввали ҳар боби “Асл”, ки Имом Муҳаммад болои он ин масоилро бино кардааст, мегӯяд: “Асли боб чунин аст ва Муҳаммад бар он чунин бино кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат роҳҳои истихроҷи масоил осон шудааст”.

“Ал-Ҷомеъ ал-кабир” мисли “Ал- Ҷомиъ ас-сағир”.аз истидлолҳои фиқҳӣ холист. Дар он далеле аз Китоб ё Суннат дида нашуда, роҳҳои қиёс, баёну тафсил нагардидааст. Лекин хонандаи масоили ҳар боб дар ҳоле, ки тафреъот ва тафсилотро пайгирӣ мекунад, аз миёни сатрҳо қиёси онҳоро мушоҳада мекунад. Дар натиҷа баъд аз тафсилоту тафреъот,  қиёсро бидуни гирифтан аз ягон ьдалил, истинбот мекунад.

Ин ҷо мисолҳоеро дар айб кардани муштарӣ моли фуруширо пеш аз харид ва эътибори ин айб карданро ҳангоми харид нақл мекунем. Ӯ мефармояд: “Марде либосеро бо даҳ дирҳам харид ва пеш аз гирифтан онро айбдор кард. Пас ин амали ӯ қабз аст. Агар он мол дар дасти фурӯшанда талаф ёбад, дар ҳоле, ки онро манъ накарда бошад, пас қимати мол барои харидор лозим мегардад. Агар фурӯшанда онро манъ карда ва баъд аз он талаф ёфта бошад, барои харидор ҷуз ҳисса ва миқдори зарар чизи дигаре лозим намешавад”. Ин қавли ҳамаи фуқаҳост. Аммо агар мол дар ҳолати айбдор кардани муштарӣ дар дасти фурӯшанда ё дар канори ӯ ё бар дӯши ӯ бошад ё чорпои саворӣ, ки ӯро бо даст дошта бошад ё либосе, ки фурӯшанда онро пӯшида бошад ё чаҳорпое, ки ӯ онро савораш бошад ё ангӯштарине, ки онро истеъмол карда бошад, пас агар муштарӣ нуқсон дар он пайдо кард ва баъд аз он мол талаф ёфт, талаф дар моли фурӯшанда мешавад, хоҳ пеш аз воқеа онро манъ карда бошад ё баъд аз он.

Ин аз ҷумлаи мисолҳоест, ки дар он далиле барои иллате, ки қиёс ба он ҷомеъ шавад, вуҷуд надорад. Ба ҳайсе, ки ҳукми ин фаръҳоро аз он сабаб, ки ин иллат дар он ҳукм рост ояд, дода тавонад. Аммо аз тафсилу муқобилгузоштан, истихроҷи иллатеро, ки ҳамчун қоида эътибор карда шавад, имкон дорем. Ин иллат он аст, ки нуқсонеро эътибор карда мешавад, ки харидор дар моли фурӯшӣ иҷод мекунад, аз ҷиҳати қабз кардани он, дар сурате, ки қабзи он дар ҳолати воқеа мумкин бошад. Пас имкони қабз ва айбкунонӣ иллатест, ки колои фурӯширо ба зиммаи ӯ вогузоштааст. Ба ҳайсе, ки агар талаф шавад, бар зарари худи ӯ талаф мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар бисёр бобҳои “Ал-Ҷомиъ ал-кабир” ва “Ал- Ҷомиъ ас-сағир” чунин қиёсҳо дида мешавад.

 

Мутахассиси пешбари

шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                                                              Исоев Н.

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика