Китоби “Ас - Сияр ас-сағир ва ас - Сияр ал - кабир”-и Имом Муҳаммад яке аз сарчашмаҳои мазҳаби ҳанафӣ

“Ас - Сияр ас-сағир ва ас - Сияр ал - кабир”. Ин ду китоб дарбаргирандаи ҳукмҳои мубориза аст бо он чӣ дар он ҷоизу ноҷоиз мебошад. Ҳамчунин фарогири аҳкоми аҳду паймон ва дар кадом замон ҷоиз будани шикастани он, аҳкоми амон ва аз ҷониби чӣ ҷоиз шудани он ва аҳкоми ғаноим, фидя ва ғуломдорӣ ва ғайра ва дар ҳолати разм ё мухолафат мебошад. 

Ин ҳукми сираҳо ба пурагӣ аз Абӯҳанифа (р) ривоят шудааст. Ҳатто баъзе аз олимон гуфтаанд, ки Абӯҳанифа (р) инро ба шогирдонаш баён карда буд. Ва аз ӯ Абӯюсуф дар китоби “ар-Раду ало сияр ал-Авзоъӣ”, Ҳасан ибни Зиёди Луълуӣ ва Муҳаммад ибни Ҳасан дар китоби “ас-Сияр ас-сағир ва ас-Сияр ал-кабир” ривоят кардаанд. Китоби “ас-Сияр ас-сағир”- ро бори якум Муҳаммад ибни Ҳасан таълиф кардааст. Тавре, ки дар мақолаҳои пешин зикр кардем, ин китоб аз Абӯюсуф ривоят шуда ё бар он назар карда, онро таъйид кардааст. Аз он чи қаблан гуфта будем, маълум шуда буд, ки китобҳои ба “Сағир” номида шуда, ривоятҳои Абӯюсуфанд ва китобҳои ба “Кабир” васф шуда, ривоятҳои ӯ нестанд.

Аммо сабаби таълиф ва таърихи “ас-Сияр ал-кабир”- ро Ибни Обидин аз Сарахсӣ нақл карда мефармояд: “ас-Сияр ал-кабир” аз таълифоти охири Имом Муҳаммад дар фиқҳ аст. Сабаби таълифи китоби “ас-Сияр ал-кабир” дар он аст, ки китоби “ас-Сияр ас-сағир” бадасти олими аҳли Шом Абдураҳмон ибни Амри Авзоъӣ афтод ва ӯ гуфт: “Ин китоб аз кист?” Ба ӯ гуфтанд, ки аз они Муҳаммади Ироқӣ аст. Пас гуфт: “Чаро аҳли Ироқ дар ин боб тасниф кардаасд? Зеро онҳо илме дар сияр надоранд ва набардҳои Расули Худо (с) ва асҳоби ӯ дар ҷониби Шому Ҳиҷоз буд на дар Ироқ, ҳол он ки Ироқро ба наздикӣ фатҳ кардаанд?!”. Ин суханони Авзоъиро ба Муҳаммад расониданд ва ӯ дар ғазаб шуда, худро муддате аз ҳамнишинии мардум фориғ карда ин китобро тасниф кард. Ҳикоят шудааст, ки ҳангоме Авзоъӣ ба ин китоб назар кард, гуфт: “Агар ин китоб ҳадисҳоро дарбар намегирифт, мегуфтам, ки ин мард илмро вазъ кардааст.Ҳамоно Худованди мутаол масири дурусти ҷавобро дар раъйи ӯ муайян кардааст. Худованд дуруст мефармояд: “Болои ҳар соҳибилме олиме ҳаст”. Ин суханест, ки Сарахсӣ онро баён намуда, сипас Ибни Обидин онро нақл кардааст ва он ду амрро исбот мекунад:

Якум, он ки китоби “ас-Сияр ал-кабир” охирин китоби таълифшудаи Имом Муҳаммад аст.

Дуюм, ин ки сабаби таълифи он инкори Авзоъӣ дар вуҷуд доштани китоби “Сияр” дар Ироқиҳо мебошад ва исботи ин ки Авзоъӣ аз китоби “ас-Сияр ал-кабир” иттилоъ доштааст. 

Амри аввал собит аст. Барои ҳамин ровиёни китобҳои ӯ Абӯҳафси Кабир ва Аҳмад ибни Ҳафс ин китобро ривоят накардаанд. Ҳангоме ин китобро таълиф кард, дар хориҷи Ироқ буд ва аз ӯ Абӯсулаймони Ҷузҷонӣ ва Исмоил ибни Савоба ривоят кардаанд. Гуфта шудааст, ки ин китобро баъд аз воқеае, ки байни Муҳаммад ва Абӯюсуф иттифоқ афтод, навиштааст. Бинобар ин, ба сабаби нафрати зиёд доштанаш дар китоби худ ӯро зикр накардааст. Агар аз ӯ ҳадисе ривоят мекард, номи ӯро ёдовар намешуд, балки мегуфт, ки ба ман инро марди сиққае (бовариноке) гуфтааст ва муродаш Абӯюсуф будааст.

Аммо амри дувум: Ба будани ин китоб Авзоъӣ сабабгор буда, онро хондааст. Ин калом қобили кабул нест. Зеро ба ҳақиқатҳои таърихӣ ихтилоф дорад. Авзоъӣ соли 127-и ҳиҷрӣ вафот кардааст ва Муҳаммад соли 102 таваллуд шуда, соли 179-ҳиҷрӣ  вафот кардааст. Пас агар мо ин суханро қобили қабул қрор бидиҳем аз ин бармеояд, ки Муҳаммад охирон китоби худро дар бисту панҷсолагии худ таълиф кардааст. Зеро байни вилодати Муҳаммад ва вафоти Авзоъӣ бисту панҷ сол фарқ дорад. Ин ғайри мақбул аст, ки Муҳаммад охирон таълифи худро худро дар бисту панҷсолагӣ карда, бошад балки маъқул ин аст, ки баъди ин сол таълифро шурӯъ кардааст. Агар мо ин ривоятро қабулфармоем пас бояд бигӯем, ки Муҳаммад панҷоҳу ду соли дигар китобе нанавиштааст, ки ин амри аҷиб аст. Матни китоб тавре, ки зикр кардем, далолат бар ин мекунад, ки он баъд аз ихтилофи Абӯюсуф ва Муҳаммад навишта шудааст. Чунки номи Абӯюсуф дар ҷое аз он зикр нашудааст. Ин ихтилоф баъд аз он ки Муҳаммад аз назари синну сол ба камол расида буд, пеш омад.

Аз назари илмӣ Муҳаммад ба сатҳе расида буд, ки дар бисёре аз масоил бо устодаш баҳсу мунозара мекард. Яқинан чунин рафтор дар ин синну сол наметавонад иттифоқ афтад. Китоби “Сияри кабир” ва “Сияри сағир” аҳком ва санадҳои онро аз осор ва хабарҳо баён намудааст.

 

Исоев Н. - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                                         

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика