Китоби “Зиёдот” - и Имом Муҳаммад ҳамчун сарчашмаи нодири масъалаҳои фатвоҳои мазҳаби ҳанафӣ

“Зиёдот” шашумин китоб аз китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” аст. Ин китоб бисёр масоилеро, ки дар китобҳои пешин вуҷуд надоранд, шомил мебошад. Баъзе олимон онро дар шумори китобҳои “Зоҳиру-р- ривоят” зикр накарда, балки онро аз ҷумлаи китобҳои “наводир” ба ҳисоб овардаанд. Аммо аксари уламо онро аз зумраи “Зоҳиру-р- ривоят” донистаанд.

Муҳаммад ибни ҳасан ду китоби машҳури дигар низ дорад, ки қувваи “Зоҳиру-р- ривоят”-ро доранд, агарчи уламо инро эътибор накардаанд.

Якум: Китоби “Фи-р-радд ало аҳл ал-Мадина”. Имом Шофеъӣ ин китобро дар асари “ал-Умм”-и худ ривоят ва таълиқ карда, раъйи Абӯҳанифаро (р), ки Муҳаммад аз ӯ нақл карда бо раъйи аҳли Мадина мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар баррасии ҳар масъала мувофақати худро ё бо раъйи Абӯҳанифа (р), ё бо раъйи аҳли Мадина нишон додааст. Ин ду китоб аз ду ҷиҳат дорои арзиш мебошанд.

А) Дар ҳақиқат, онҳо санадҳои собитшуда ва ривоятҳои содиқона доранд, ки кофист, арзиши онро аз ривояти Шофеъӣ (р) дар китоби “ал-Умм”  дарку мушоҳада намуд.

Б) Муҳаммад дар ин китоб ба қиёс, суннат ва осор истидлол намудааст. Ва ин аз фиқҳи муқорин аст. Чун ба он китоб таълиқоти имом Шофеъӣ (р) ва мувозанати миёни афкори гуногун изофа шавад, фиқҳи муқорини мавзун ба вуҷуд меояд.

Дуюм: Китоби “Осор” китобест, ки Имом Муҳаммад дар он ҳадисҳову осоре, ки назди аҳли Ироқ ва дар ривоятҳои Абӯҳанифа (р) буд, ҷамъ овардааст. Китоби “Осор” дар бисёр ривоятҳояш бо китоби “Осор”- и Абӯюсуф баробар мешавад. Ин ду китоб муснаде аз Абӯҳанифа (р) ба шумор рафта, бисёр арзишманд мебошанд. Чунки бар миқдори иттилои Абӯҳанифа (р) бар аҳодис, осори саҳобагон, тобиъин ва миқдори эътимоди ӯ дар истидлол бар осору ҳадис ва ба ончи дар ривоят шарт мегузорад, далолат мекунад. Дар ин ду китоб маҷмӯъи ҳукмҳо ва фатвоҳое, ки онҳоро ба далил гирифта, аз дарунашон иллатҳоро истинбот карда, қиёс ва масъалаҳои фаръиро истихроҷ кардааст.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                      Исоев Н.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика