Китоби “Ихтилофи Абӯҳанифа ва абӯлайло”-и Абӯюсуф, ҳамчун сарчашма оид ба масоили ихтилофӣ миёни Абӯҳанифа ва Ибни Абӯлайло

Унвони китобест,ки дарбаргирандаи масъалаҳои ихтилофӣ миёни Абӯҳанифа ва Ибни Абӯлайло мебошад. Дар ин китоб Абӯюсуф аксари масъалаҳои зикркардаи Абӯҳанифа (р) ва мавқеи ӯро таъйид кардааст. Абӯюсуф аз ҳузури ҳарду, ҳам Абӯҳанифа (р) ва ҳам Ибни Абӯлайло илм омӯхтааст. Ин китобро Муҳаммад аз Абӯюсуф ривоят кардааст. Аз ҳамин ҷиҳат дар ҳавошии китоб чунин ибора дида мешавад: “Муҳаммад гуфтааст, ба ин қавл амал мекунем”. Имом Сарахсӣ дар китобаш “ ал - Мабсут” қайд кардааст, ки Имом Муҳаммад дар китоби Абӯюсуф баъзе масъалаҳоро изофа намудааст.

Абӯюсуф пеш аз он ки ба ҳалқаи дарсии Абӯҳанифа (р) бипайвандад, муддате шогирди Ибни Абӯлайло буд. Сарахсӣ дар китоби худ “Вуслату Абӯюсуф...” чунин овардааст: “ Дар аввал” Абӯюсуф дар ҷаласаи дарсии Ибни Абӯлайло иштирок мекард, ки муддати нӯҳ сол идома дошт”. Баъзеҳо сабаби ба маҷлиси Абӯҳанифа (р) рӯй овардани ӯро чунин баён кардаанд: “Боре ӯ ҳамроҳи устодаш ” Абӯлайло дар ҷашни арусие иштирок намуд. Ҳангоме, ки қанд пошиданд ва Абӯюсуф аз он қандҳо каме гирифт, Абӯлайлонороҳат шуда, бо дуруштӣ ба ӯ гуфт: “Намедони, ки ин ҳалол нест” Абӯюсуф назди Абӯҳанифа (р)омаду ин масъаларо пурсид. Абӯҳанифа (р) посух дод: “Боке надорад”. Ба мо чунин хабар расидааст, ки Паёмбар (с) ҳамроҳи ёрони худ дар хурсандии марде аз ансор иштирок дошт.

Ҷиҳати шодиёна пеши меҳмонон хурмо рехтанд. Паёмбар (с)аз он хурмоҳо гирифтанд ва ба асҳоби худ гуфтанд: “Ҳар ки тавонад бардорад”. Ва ба мо хабари дигаре низ расидааст, ки Расули Худо (с) дар ҳаҷҷатулвадоъ сад шутурро наҳр карда, амр намуд, ки аз ҳар мол як пораи гӯште барояш бигиранд. Сипас, гуфт: “Касе, ки хоҳад пораи гӯште бигирад, метавонад бардорад”. Пас ин ва монанди ин ҳадя ва бахшишҳоеанд, ки аз назари шаръ хубанд. Ҳангоме барои Абӯюсуф тафовути манҳаҷи Абӯҳанифа (р) в Ибни Абӯлайло  маълум гашт, ба маҷлиси Имом пайваст. Боз сабаби дигареро низ дар ин бора зикр кардаанд: Мегӯянд: “Абӯюсуф бо Зуфар, ки ӯ дар он вақт шогирди Абӯҳанифа (р) буд, мунозара мекард. Аз он мунозара дарёфт, ки фиқҳи Абӯҳанифа (р) аз фиқҳи Абӯлайло тафовут дорад. Аз ин рӯ ба маҷлиси Абӯҳанифа (р) пайваст.Аз баски Абӯюсуфшогирди ҳарду буд, хост масоилеро, ки миёни ду устодаш мавриди ихтилоф буд ҷамъ намояд. Бинобар ин , ин китобро ҷамъ кард ва Муҳаммад онро аз ӯ ривоят кард, магар он ки баъзе суханоне, ки аз  Абӯюсуф набуданд, дар он ҷой дод.Дар асл тасниф аз Абӯюсуф ва таълиф аз Муҳаммад аст, ки онро аз таснифоти Муҳаммад ба ҳисоб овардаанд. Барои ҳамин Ҳоким онро дар ин мухтасар зикр кардааст”. (Сарахсӣ. “Мабсут”, ҷ 3, саҳ.128.)

Ин матлабест, ки “Мабсут” баён доштааст ва тавре, ки дида мешавад, аз он ду амрро метавон дарёфт: Аввал ин, ки дар ин китоб Муҳаммад он чи аз ғайри Абӯюсуф шунида, ба он изофа кардааст. Дуюм он ки тасниф аз Абӯюсуф ва таълиф аз Муҳаммад аст. Яъне маҷмӯаи маълумоте, ки китоб шомили он аст, ба таври умум аз Абӯюсуф буда, тартибдиҳандаи бобҳову танзимкунандаи фаслҳо Муҳаммад мебошад. Аммо намунаи дигаре аз ин китоб дастрас аст, ки дар он матлабе, ки Муҳаммад аз ғайри Абӯюсуф зиёд карда бошад, дида намешавад, балки тамоми матолиби он аз Абӯюсуф дониста шудааст. Пас мо даъво карда наметавонем, ки Муҳаммад матлаберо зиёд карда, қавлеро таълиқан гуфта бошад. Зоҳиран ин китоб таснифу табвиби Абӯюсуф буда. Дар сурати вуҷуд надоштани далили мухолифи он. Ин қавл ҳамчунон побарҷо боқӣ мемонад.

Вуҷуд доштани ин китоб дар “Мухтасар”-и Хоким, ки ӯ китобҳои Имом Муҳамадро дар он ихтисоран овардааст. Ин гуфтаро ботил намесозад, ки китоби ёдшуда аз таълифоти Абӯюсуф мебошад. Зеро Муҳаммад масъалаҳои худро дар зимни китоби “Асл” ҷамъоварӣ кардааст. Ҳангоме Муҳаммад китобҳои фиқҳи Ироқро ҷамъ мекард, бештари эътимодаш бар он буд, ки аз устодаш Абӯюсуф гирифтааст.

Китоб дебочаи гаронбаҳое барои омӯзиши амиқи масоиле мебошад, ки дар он аср миёни уламо доир мегашт. Дар ҳақиқат Абӯюсуф дар ин китоб андешаҳои мухолифро бо зикри далилҳояшон оварда, дар бисёре аз онҳо Абӯҳанифа (р) ва дар масоили андаке Абӯлайлоро нусрат додааст. Яке аз он масоили тақвиятдиҳандаи Абӯлайло дар китоби “Қазо” амадааст: “Абӯюсуф мефармояд: Ҳангоме қозӣ дар девони қазо иқрор ва шаҳодати шоҳидонро сабт кунад ва баъд он девонро назди ӯ биёранд, дар ҳоле ки ӯ он масъаларо аз ёд бароварда бошад, Абӯҳанифа (р) мегӯяд: “Сазовор нест, ки қозӣ иҷозат диҳад”. Аммо Ибни Абӯлайло инро иҷозат медод ва мо ба гуфтаи ӯ амал мекунем”.

Абӯюсуф дар ин китоб боз баёни далел ва навъҳои қиёсро ҷой додааст. Масалан: Ихтилофи Абӯҳанифа (р) бо Ибни Абӯлайло дар масъалаи вакил намудани шахсе оид ба харид чунин буд, ки агар шахсе чизеро харад ва дар ӯ айберо пайдо кунад, пас кадоми онҳо дар ин айб даъво мекунад? Абӯҳанифа (р) мегӯяд, ки вакил даъво мекунад. Абӯлайло бошад мегӯяд, ки вакил набояд баргардонад то муваккал савган хурад, ки ба айб розӣ нашудааст. Матни онро аз китоб меорем: “Агар марде чизеро аз барои шахси дигаре бо амри он шахс бихарад, баъди аз он дар он айберо пайдо кунад , Абӯҳанифа (р) мегӯяд, ки амркунанда ҳозир бошад ё набошад, харидор (вакил) даъво карда метавонад ва бар харидор қасам хӯрданро лозим намедонем, агарчи фурӯшанда гӯяд, ки амркунанда ба он айб розӣ шудааст Ибни Абӯлайло мегӯяд, ки муштарӣ чизи харидаи айбдоштаро баргардонда наметавонад то он даме, ки амркунанда ҳозир шуда, савган хӯрад, ки ба он айб розӣ нашудааст, агарчи дар дигар шаҳр бошад. Ҳамчунин марде, ки бо худ моли музораба дорад ва ба шаҳре омада, то бо он мол тиҷорат кунад Абӯҳанифа (р) мегӯяд: Агар чизе, харид ва сипас дар он айбе пайдо кард, чизе харидаашро ба соҳибаш бармегардонад ва аз ӯ барои ризоияти омир бо айби дошта талаби савганд карда намешавад.

Ибни Абӯлайло мегӯяд: Муштарии музориб чизи харидаашро баргардонда наметавонад, то даме, ки соҳиби молро ҳозир кунад ва савганд бихӯрад, ки ба айби мол розӣ набуд, агар чи он матоъро надида ва агарчи ғоиб бошад. Оё надидаи мардеро, ки марди дигареро амр мекунад, то матоъи ӯро бифурӯшад. Агар муштарӣ баъд аз харид айби матоъро пайдо кард дар ин ҳолат фурӯшанда айбдор карда мешавад ё таклиф карда мешавад, ки соҳиби матоъро ҳозир кунад. Оё надидаӣ, ки дар хариду фурӯш болои фурӯшанда (вакил) даъво карда мешавад ва ӯро ба ҳозир кардани омир таклиф карда намешавад ва хусумате байни амркунанда ва харидор нест.

Дар ин ҷо мебинед, ки Абӯҳанифа (р) харидани вакилро дар ҳаққи баргардонданаш ба сабаби айби бар хариди вакил қиёс мекунад. Дар ҳоле ки гардонидани матоъи айбдошта дар ҳарду сурат дида мешавад. Ва низ хиёри айбро ба хиёри руъят(дидан) қиёс мекунанд.

Ин китоб бо он чи аз масоил ва далилҳое, ки дар бар гирифта аст, шуълапорае аз таақули фиқҳии Абӯҳанифа (р) буда, нишонаи равшанфикрии ӯст.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                     Исоев Н.

 

 

Яндекс.Метрика