Китоби “Мухтасар-ул- виқоя”-и Убайдуллоҳ ибни Масъуд

Дар 14 асри мавҷудияти дини мубини ислом барои ба халқ омӯзондани илми шариат садҳо китобу рисолаҳо навишта шудаанд ва машҳуртарину бузургтарини онҳо китоби “ҳидоят” (“Роҳ ба сӯйи ҳақиқат”) аст, ки ба қалами фақеҳи машҳури Осиёи Миёна Бурҳониддин Алӣ ибни Абдуҷалили Фарғонӣ (с. Ваф. 1197м.) тааллуқ дорад. 

Муаллифи “Ҳидоят” асари худро дар асоси китоби олими машҳури илми фиқҳи ҳамон давр. Абу Ҷаъфар қудурӣ (с. Ваф. 1037м.) “Мухтасар” ва асари олими дигари фиқҳ таълиф намудааст. 

Китоби “Ҳидоят” дар бораи муҳимтарин қонуну қоидаҳои мазҳаби ҳанафӣ баҳс карда, заруртарин китоби дарсии мадрасаҳои Осиёи Миёна ба шумор мерафт.

Бинобар он ки ҳаҷми ин асар бағоят калон ва забони он то андозае душворфаҳм аст, олимони зиёд барои оммаи васеъ дастрас гардидани ин китоб ба он шарҳҳои зиёд навиштанд. Аз ҷумла олими маъруфи Самарқандӣ Бурҳониддин Маҳмуди Маҳбубӣ дар охири асри 14 ин асари барҷастаро бо мақсади ба ҳама дастрас намудан мухтасар карда ба он “Ал-виқоя” ном гузошт.

Дар навбати худ “Ал-виқоя” боиси ба вуҷуд омадани чандин шарҳу эзоҳҳои дигар гардид ва яке аз онҳо “Мухтасар-ул- виқоя” аст, ки дар байни халқ ҳамчун “Мухтасар” шӯҳрат пайдо намудааст ва он ба қалами набераи Бурҳониддин Маҳмуди Маҳбубӣ, Убайдулло ибни Масъуд тааллуқ дорад.

“Мухтасар – ул - виқоя” аз ду қисм иборат буда, фарогири мавзӯъҳои гуногун аҳкоми шариат мебошад. 

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъҳазҳои исломӣ                                      Исоев Н.

Яндекс.Метрика