КИТОБХОНАҲОИ БЕМИСЛ

БАРОИ МАЪЛУМОТ
Дар Андалусия (Испания) Ибни Носир ном шахс китобхона бунёд карда буд. Бино ба гуфтаи Ибни Халдун дар ин китобхона 400 ҳазор ҷилд китоб маҳфуз будааст.
Дар Қоҳира бошад, Азизуллоҳ китобхонаи «Хизонат ул-кутуб»-ро созмон додааст, ки вай дорои 100 ҳазор ҷилд китоб будааст.
ХХХ
Дар шаҳри Гейтингени Олмон китобхонаест нодир. Захираи китобии вай ҳамагӣ 5373 нусха дастхатро дар бар мегирад. Ин дастхатҳо ба замонҳои хеле қадим мансубанд ва ҳамаи дастхатҳо дар барги дарахти нахл таълиф шудаанд.
ХХХ
Дар шаҳри Амритсари Ҳиндустон бинои бошукуҳе ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Бино аз санги мармар бунёд ёфта, бо зархалу мис нақшу нигор баста. Дар ин бинои бошукуҳ китобхона ҷой дода шудааст. Вале захираи китобии вай аз як нусха китоби муқаддас иборат мебошад.
ХХХ
Дар Британияи Кабир (Лондон) китобхонаи ғалатӣ вуҷуд дорад. Вай соли 1926 бо номи фаъолзани ҳаракати занони Англия Милиценти Фосет созмон ёфта буд. Ҳоло китобхона дорои беш аз 20 ҳазор ҷилд китоб мебошад. Ҷамъи захираи китобии он ба фаъолияти наҷибонаи занони номвари ҳамаи қитъаҳои олам бахшида шудааст.

Аз саҳифаи шабакаи интернетии Китобдор

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика