Консепсияи таърихи илми фиқҳ

Аҳамияти донистани таърихи илми фиқҳ
Аҳамияти донистани таърихи ҳар илм аз касе пӯшида нест ва метавон гуфт, ки аҳамияти донистани таърихи ҳар як илм аз донистани худи он илм кам нест. Фаҳмиши дақиқи ҳар як илм каму беш ба донистани рафти таърихии он дар гузашта вобаста аст, яъне ҳар як илм якбора ба вуҷуд наомадааст, балки дар тӯли таърих марҳилаҳои таҳаввулот ва рушдро паси сар кардааст. Илмро дар замоне бодиққат омӯхтан мумкин аст, ки мо таҳаввули онро медонем ва инсонияти имрӯза аз талоши олимону адибони гузашта баҳра мебарад.
Аз он ҷумла, илми фиқҳ аз ин таъриф истисно нест. Ҳуқуқшиносони арзишманд ва фақеҳи заҳматкаши гузашта умри худро дар рушду густариши ин илм сарф намуда, дар ташаккул ёфтани он нақши бузург бозидаанд. 
Натиҷаи табиии донистани таърихи фиқҳ, пеш аз ҳама шинохти усул ва методологияи назари фақеҳони ин соҳа ҳангоми омӯзиши андешаҳои дуруст аз ғалат, сарчашмаҳои аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа мебошад. 
Таърих:
A)Дар луғат: замони вуқуи воқеа, саргузашт,  ҳодиса, ҳикоят ё як силсила амалу ҳодисаҳоеро, ки  қобили зикр аст ва бо тартиби замонҳо ҷорӣ шудааст, баён менамояд. 
б)Дар истилоҳ: «Таърих иборат аст аз баён сохтани пайдоиши чизе ва таҳаввули он дар тӯли таърих аст. Аз ин рӯ, он вақте маъно ва мафҳум пайдо мекунад, ки яъне метавон ба таърихи тадвин пардохт, ки аввалан қадам ба арсаи зуҳур ва бруз ниҳода, дувум таҳаввуле дар он падид омада бошад.
Мутаассифона, «Таърихи фиқҳ» аз гузашта то кунун мавриди таваҷҷуҳ ва инояти мутафаккирон қарор нагирифтааст. Ягона чизе, ки то андозае аз ҷониби муаррихон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, он таърихи фиқҳ не, балки "таърихи фақеҳон" будааст. Ва ин дар ҳолест, ки “Фиқҳ” таърихи ғанӣ ва тӯлонӣ дорад, ки бидуни донистани “таърихи фиқҳ ” ба умқи “фиқҳ ” расида ва дар бораи он иттилоъи дақиқе дарёфт кардан ғайриимкон аст.
Асосан, донистани илми «фиқҳ» бидуни донистани таҳаввул ва ташаккули он дар таърих ғайриимкон аст. Яъне ҳар «боби фиқҳ» ва ҳар «масъалаи фиқҳӣ» якбора матраҳ нашуда буд, балки ҳар кадоме аз онҳо таърихи тӯлонӣ доранд ва чун силсилаи занҷир бо ҳам пайванданд. Барои фақеҳ лозим аст, ки аз таърихи таҳаввул ва ташаккули он маълумот дошта бошад, то дар ҳар боби фиққ фаҳми дуруст дошта бошад. 
Масъалаи фиқҳ дар замони Паёмбари Ислом
Дар замони он паёмбар мусулмонон дар масъалаҳои пешомада, аз қабили намоз, рӯза, ҳаҷ, закот  ва ғайра ба он шахси гиромиқадр муроҷиат мекарданд ва аз ӯ ҳукмҳои шаръиро меомӯхтанд. Дар он замон илми фиқҳ ба маънои муосири худ ҳеҷ гоҳ мавриди ниёз набуд; Ин маънои онро дорад: аз далилҳои муфассали он қарорҳои ҳуқуқӣ баровардан. Яъне мусулмонон ба манбаи ваҳй мустақиман иртибот доштанд ва дар ҳузури  ӯ ба иҷтиҳоду истинод эҳтиёҷ надоштанд.
Аз сӯйи дигар, ҳеҷ далелу далеле вуҷуд надорад, ки худи Паёмбари Акрам (с) иҷтиҳод кардааст. Дар баъзе масъалаҳое, ки аз ӯ пурсида мешуд, он паёмбар мунтазири ваҳй ва рисолати илоҳӣ мешуд ва ҳеҷ гоҳ ба масоили шаръӣ бо иҷтиҳод посух намедод.
Аммо пас аз даргузашти Паёмбар (с) аҳли суннат ба истинод ва иҷтиҳод ниёз доштанд, то дар партави он ба масъалаҳои нав аҳкомеро пайдо кунанд, зеро кишвари исломӣ рушд кард ва мардуми зиёде дини исломро кабул карданд. Вусъати равобити мусулмонон ва гайримусулмонон аз як тараф, инчунин рушду шукуфоии ҳаёти ичтимоии онҳо масъалаҳои наверо ба миён овард, ки бояд ба онҳо посух дошта бошанд. Азбаски манбаи ваҳй бо даргузашти Паёмбари Ислом (с) қатъ шуда буд, истинбод ва иҷтиҳод бар асоси Қуръон ва суннат поярезӣ шуд.
Масалан, Шурайҳ аз ҷониби Умар ба вазифаи қозӣ дар шаҳри Кўфа таъин шуд. Умар (р) дар номае ба ӯ гуфт: Бубин дар китоби Худо чи баён шудааст, пас дар ин бора аз касе напурс ва агар чизе бар ту баён нашуд, пас ба суннати Расули Худо (с) пайравӣ кун. ва агар чизе дар суннат бар ту баён нашуд, пас ба назари худ доварӣ кун». Аз рӯи ақидаи худ иҷтиҳод кун!
Аз ин рӯ, саҳабагони садри аввал пас аз даргузашти Паёмбари гиромии Худо (с) ба иҷтиҳод дар партави китобу суннат ва ҳамчунин “раъй” рӯ оварданд. Ин маънои онро дорад, ки фақеҳони саҳоба вақте, ки аз китобу суннат матни сареҳ наёбанд, бар асоси он чи шариат муъайян кардааст ва бо риояи аҳдофи умумӣ ва аҳдофи шариат ба раъй иҷтиҳод мекарданд.
 
Дар ин маврид раъй; шомили қиёс, масолиҳи мурсала ва монанди он мебошад.  
 
 
Наботов М.А. - сармутахассӣ шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ       
Яндекс.Метрика