Конститутсия аз назари илми арзишшиносӣ – аксиология манбаи арзишҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодист. Дар Конститутсия беҳтарин ва гиромитарин арзишҳо, принсипҳо ва меъёрҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки барои рушди дуруст ва одилонаи инсон ва ҷомеа аҳамият доранд, тарҳрезӣ шудааст. Конститутсия ҳамчун манбаи арзишҳо қиммат ва эҳтиром дорад, вале бархурди арзишҳо дар ташкили ҳаёти иҷтимоӣ мушкилзо низ ҳастанд. Мушкилӣ на дар вуҷуди арзишҳо, балки дар равиши эътибор ва эҳтироми онҳо ва татбиқи мақсадноки онҳо вобаста ба шароит ва замон, бартарӣ ва афзалияти дурусти ҷойгиркунии онҳо дар зиндагии инсонҳо вобаста ба ҳадафҳои умумиллӣ аст.
Мушкилии Конститусия ҳамчун манбаи арзишҳо дар мувофиқату ҳамоҳангии онҳо дар замону макон вобаста ба манфиатҳои фардию иҷтимоӣ дар паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатист. Дар ҷаҳони пешраванда, тағйирёбанда ва дигаргунпазир, ки ҳар лаҳза арзиш ва қимматҳои неъматҳои инсониро дар заминаи дастовардҳои ақли инсонӣ тағйир медиҳад, ҷустуҷӯи қиммат ва арзишҳои нав мутобиқ ба рамӯзи рушди манфиати миллӣ лозим меояд. Рукнҳои муҳимми ҳаёти инсонӣ, адл, инсоф, ҳақиқат, озодӣ, баробарӣ дар он шакле, ки мо тасаввур мекунем, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тарозуи вақт, зери фишори манфиатҳо вазн дигаргун намуда, ғайриайнӣ ва субъективӣ будани худро собит менамоянд. Манфиат ҳамчун бузургтарин арзиш, ба бемории доимии адл ва иллати ҳастии ҳуқуқ табдил ёфта, кори худро новобаста аз хоҳиши мо дар маҷрои барои худ мувофиқ иҷро мекунад. Ба осиёби ин равиши табиӣ сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, маърифат ва вазъи номусоиди иқтисодии ҷомеа, дар гардишҳои буҳронҳои молиявии ҷомеаи сармоядорӣ об мерезад.
Донандагони нисбӣ диллетантҳо бовару донишҳои нисбии худро ба сони ҳақиқати бебаҳс зери туғёни худкомагии ақл ба осиёби мардуми камсавод тавассути сомонаҳои интернетӣ ворид месозанд. Хуб аст, ки ҷойи блогерҳои ғайриахлоқӣ ва мазҳаквиро блогерҳои китобхон кӯшиши иваз кардан доранд, вале то кадом сатҳ донишу малакаи ин блогерҳои нав аз кунгураи донишу боварҳои шахсиашон имкон медиҳад, халогии маърифатиро ҳамчун стандарти илмии саводнокии ҷамъиятӣ, бо ҷавобгӯӣ ба талаботи инсони нав дар сатҳи кишвар таъмин менамоянд. Ин саволи дигар аст. Албатта, худи зуҳури падидаи китобхонӣ нисбат ба ҳама навъҳои дигари фаъолияти болегерӣ, аз назари маънавӣ ба манфиати мафкураи миллист.
Умед дорем, ки барои бедории миллат китобхонони муосир мардуми интернетиро аз кӯчаҳои ҷудогона ба мақсадҳои куллии давлатдорӣ ва ватандорӣ раҳнамун месозад. Ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои фазои маънавӣ ва баҳои дурусти ҳодисоти таърихӣ ва иҷтимоӣ хамчун ченаки ахлоқӣ ва илмӣ хизмат мекунанд.
Антропологияи ҳуқуқ, аксиологияи ҳуқуқ ва фалсафаи ҳуқуқ, ки барои дарёфти ҳалли муаммоҳои ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба адл ва инсофи умум даъват шудаанд, имрӯз дар муқобили таҳоҷуми ғайриахлоқӣ, фишори аз ҳад зиёди андешаҳои бегонапарастӣ ва амалҳои ифротӣ ва донишҳои нисбии ба сони ҳақиқати бебаҳс вонамудшавандаи иҷтимоӣ бо дасти баста қарор доранд. Дар чунин гардишҳои маънавӣ ва печидагиҳои мафкуравӣ вазифаҳои функсионалии Конститутсия ҳамчун ганҷинаи арзишҳои ҳуқуқӣ ба маротиб мубрамтару аҳамиятноктар мегардад. Вале масофаи байни фаҳми меъёрҳои конститутсия ва андешаи гирифтори манфиатҳои ҷузъӣ шаҳрвандонро аз амалияи ҳуқуқии меъёрҳои конститутсия дур мондааст.
Чӣ бояд кард? Оё инсон қодир нест, ки ҳаёт ва зиндагии худро бо чунин меъёрҳое муназзам ва танзим намояд, ки меъёрҳои он воқеан инъикоси аслии талаботи рӯҳии зиндагии саодатманди ӯро таҷассум намояд, бо ҳаёти воқеии ҳуқуқӣ, ки дар саргаҳи муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ пайдо шуда бо арзишҳои адл, инсоф, баробарӣ ва озодӣ ба созандагӣ даст мезанад, мутобиқ бошад? Дар ҳолате, ки чунин меъёрҳоро Коснтитутсияи халқӣ ҳамчун ганҷинаи хайри ҷамъият ва аксиологияи ҳуқуқӣ барои ӯ муқаррар кардааст.
Гузашта аз он, дар баъзе мавридҳо беҳтарин ва хирадмандтарин инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ барои ҳалли нозуктарин нуктаҳои ҳаёти сиёсӣ ва нигоҳдории адл ва инсоф ба амалкарде даст мезананд, ки он аз доираи талаботи расмии эътирофшуда, расман берун буда, ба арзишҳои боз ҳам қавитари адл, инсоф ва амнияти кишвар такя менамояд. Дар ин ҳолатҳо ҳам сиёсатмадор ва ҳам ҳуқуқшинос ба хубӣ дарк мекунанд, ки татбиқи меъёрҳои муқаррарнамудаю эътирофкардаи ҷомеа ва меъёри низом пешбинӣ карда, дар гардишҳо ва чолишҳои муайяни таърихӣ мутобиқат ба манфиатҳои доимо рушдкукнандаи инсон ва миллат нестанд. Дар чунин ҳолатҳо бар дӯши Конститутсия масъулияти иловагӣ зам мегардад.
Чаро дар ин ҳолатҳо қонунияти маъмули ҳуқуқдони шинохтаи Рим – Ситсерон «агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош» амал намекунад. Ногуфта намонад, ки Ситсерон низ як шахси воқеӣ ва фарзанди замони худ буд ва дар гирдоби сиёсати беадолатонаи римиҳо дар ҳадди муайян ғарқшуда буд. Мо демократияи Юнону Ҷумҳурии Римро ҳамчун низоми форматсияи ғуломдорӣ хуб медонем. Одамони ғулом ва гладиаторҳо дар кадом ҳолати беҳуқуқӣ буданд сарчашмаҳои таърихӣ гӯёи он аст. Онҳо чи гуна бо тобеи қонун буданашон озод буда метавонистанд, дар ҳолате, ки вазъи ғуломӣ ва беҳуқуқиро қонун ба онҳо муайян крада буд. Ин ҳикмати озода, ки агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош, мансуби одамони озоди таҳти ҳимояи қонун қароргирифта буд. Ин тезиси ӯ, он замон як сутуни татбиқкунандаи низом ва то ҳадде ҳифзи талаботи ҳамон замон бо ченакҳои худаш низ буд, вале ба ҳукми таърих имрӯз шиори ҷомеаҳои демократӣ гардидааст. Ин низ муаммои ҳуқуқии тағйирёбии манфиатҳо ва мафҳумҳост. Зеро он замоне, ки ҷаноби Ситсерон озодиро дар сарҳади қонун медид, қонун ғуломкунии мардуми ғайриримиро амри воқеӣ ва адолатнок меҳисобид.
Умуман, тезиси «агар хоҳӣ озод бошӣ ғуломи қонун бош», тобеи фаҳми принсипи волоияти қонун қарор мегирад. Ҳарчанд, ки фаҳми принсипи мазкур миёни ҳуқуқшиносон дар самти волоияти қонун ба даврони давлатҳои муосири ҳуқуқбунёд дакка мехӯрад, муҳаққиқони сиёсатшинос нисбат ба баромади ин принсип дидгоҳи ягона надоранд. Мисол, муҳаққиқи барҷастаи ғарбӣ Ф. Фукуяма андеша дорад, ки «волоияти қонун, ки ҳамчун маҷмуи қоидаҳои барои иҷро ҳатмӣ фаҳмида мешавад, ҳатто барои акторҳои фаъоли ҷомеаҳои муайян, то ба мабонии динӣ рафта мерасад» [2, с. 19].
Ф. Фукуяма бо саманди фикрии баландпарвози таҳлилиаш, ки даъвои фаҳми асрори зиёд аз равандҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ менамояд, бениҳоят васеъ ва рӯякӣ ба мақоми баланди брахманҳои ҳиндӣ, мазмуни волоияти сарчашмаҳои исломӣ ва таҷрибаи Аврупои Ғарбӣ, ки аз таҷрибаи Калисои католикии Рим гӯё мабдаъ гирифтааст [2, с. 19-20], хулосаи сарсарӣ карда, принсипи волоияти қонунро ба решаҳои динӣ мечаспонад.
Ба назари мо ин дидгоҳ саҳеҳ буда наметавонад. Зеро волоиятро берун аз дин дар дигар муносибатҳои иҷтимоӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ низ пайдо кардан мумкин аст. Мисол, волоияти қарори падар дар оилаҳои падаршоҳии Рим, ё волоияти мақоми зан дар никоҳи подшоҳзани зардуштӣ ва ё дар матнҳои Ясои Чингизхон ва ғайра, вале ин ҳама ба мо ҳуқуқ намедиҳад, ки хулоса кунем, ки ин волоияте аст, ки баъдан ба қонун гузаштааст. Дигар ин ки то таъсири католитсизм ба ҳуқуқи Аврупои Ғарбӣ дар тамаддуни эллинӣ ҳам ҳикмати Ситсерон буду ҳам волоияти қонунҳои римӣ. Масъалаи тағйирнопазирии қонунҳои римию юнонӣ ва устувории онҳо худ гувоҳи волоияти қонун аст. Пас баромади принсипи волоияти қонунро ба арзишҳои эътиқодӣ васл кардани Ф. Фукуяма баҳснок аст.
Онҳое, ки дар мавриди волоияти қонун, дар банди қонун монда, ҳамчун ҳуқуқшиносони асил дар бандҳои он истодагарӣ мекунанд, донандагони рози ҳаёт ва мазмуншиносони ҳуқуқ онҳоро маззамат ба нуктагирӣ (букваед) менамоянд, ки шумо ҳақиқати кор ва оқибатҳои воқеии татбиқи қонунро дар ин ҳолатҳо дарк намекунед. Ба пасмназар ва пешманзари ҳуқуқ таваҷҷуҳ надоред. Ҳуқуқшиносоне, ки дар ҳаёт бо татбиқи чунин меъёрҳо дар ҳолатҳои мушаххас даст мезананд ва виҷдони худро нороҳат ҳис мекунанд, қисмате дар ғуломи қонун будан ва қисмати дигар бо андешаи кур будани қонун (слепой закон) худро ором мекунанд. Кӣ ҳақ аст? Чаро дар амалияи ҳуқуқӣ чунин ҳолатҳо рӯх медиҳад…?
Ба андешаи мо дар чунин ҳолатҳо номутобиқии рӯҳи қонунҳо бо рӯҳи зиндагии инсон, меъёрҳои навишта бо талаботу озу ниёзи мардум ошкор мегардад. Дар чунин ҳолатҳо сифати қонунэҷодкунӣ, ки ба сатҳи маданияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷомеа тобеъ аст, ҳамчун ҳисоби дар маҷмӯъ вуҷуддоштаи ҷамъи одамон баробари ҷамъият, чун ҳисоби формулаи математикӣ ба қонунияти ҳаётӣ мувофиқат намекунад ва ҷамъу тарҳи шаҳрвандон бо теъдоди рафторҳои ҳуқуқии ба созиши ҷамъият созгор мувофиқ нестанд. Нақш ва мақоми нафарони аз талаботи қонундуршуда зери фишори рафторҳои ғайриҳуқуқӣ барои шаҳрвандон ва ҷомеа намуна ва асаргузор мегардад. Нигилизми ҳуқуқӣ афзоиш ва қаҳрамонони манфӣ дучанд шуда, дар фазои иҷтимоӣ нақши гурӯҳҳои ҷинояткору коррупсионерҳо бештар мешавад. Ҳуқуқ ҳамчун математикаи озодӣ имконияти муаррифии имкони ҳуқуқи воқеии инсонро ба пуррагӣ дар даст надорад. Албатта, чунин ҳолатҳо дар ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ, ки халқ ва мардум дар кори эҷоди қонун даст дошта, ҳолатҳои муқаррарӣ ва ғайримуқаррарии равишҳои иҷтимоиро дар қолаби қонун ҷойгир кардааст, камтар дида мешавад. Вале бо вуҷуди он чунин вазъият дар таърихи қисмате аз давлатҳои ҷавони демократӣ дида мешавад.
Давом дорад.....
Рӯйхати адабиёт:
1. Джон Стюарт Миль О Свободе: Антология мировой либеральной мысли (I половины ХХ века) / Пер. с англ. А.Н. Неведомского. – М.: Прогресс-Традиция, 2000. – С. 288-392.
2. Фукуяма Ф. Угасение госдуарственного порядка: научно-популярное издание / Пер. с англ. К.М. Королева. – М.: АСТ, 2017. – С. 19-20.
Холиқзода Аабдураҳим Ғафор,
Шосаидзода Шаҳбоз Шосаид.