Истилоҳи «конститутсия» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, ба фармонҳои императорони Рум истифода мешуд. Дар фаҳмиши муосир бошад конститутсияҳо дар давраи революцияҳои буржуазии асри 18 ба вуҷуд омадаанд. Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати асосии давлат ба ҳисоб мерафт, ки барои муаян намудани ҳудуди ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон пешбинӣ шудааст.
Аввалин конститутсия соли 1787 дар ИМА пайдо шуд. Дар соли 1791 Конститутсияи Фаронса ва дар соли 1793 - Конститутсияи Полша қабул карда шуд. Конститутсияро дар шакли умумии худ метавон ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқӣ (маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ), ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, асосҳои муносибатҳои байни инсон ва давлат, сохтори давлат ва давлатро танзим менамояд, муайян кардан мумкин аст.
Моҳияти конститутсия, ки вай созиш ё созиши иҷтимоиро ифода мекунад, ки дар лаҳзаи қабули он аз тарафи қувваҳои гуногуни чамъиятию сиёсӣ аз рўи масъалаи асосие, ки вай ҳал мекунад, иборат мебошад.
Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ вазифаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва идеологии конститутсия чунин таъриф карда шудааст: Вазифаи ҳуқуқии конститутсия аз он иборат аст, ки конститутсия сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, принсипҳои ибтидоии тамоми низоми ҳуқуқро дар бар мегирад. Функсияи сиёсии Конститутсия аз он иборат аст, ки конститутсия заминаҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, асоси муносибатҳои давлат ва шахсро муқаррар намуда, принсипҳои фаъолияти системаи сиёсиро дар маҷмӯъ муайян мекунад. Вазифаи идеологии конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки конститутсия тавассути интишор ва тасдиқи ақидаҳо, мафҳумҳо ва арзишҳои муайяни сиёсию ҳуқуқӣ ба ҳаёти маънавии ҷамъият таъсир мерасонад.
Конститутсия пеш аз ҳама санади олии ҳуқуқӣ-сиёсии ҳар як кишвар буда, дар асоси он санадҳои дигари меъёрӣ ҳуқуқӣ амал мекунанд. Волоияти конститутсия дар қадами аввал дар он мушоҳида мегардад, ки арзишҳои умумии башарӣ инъикоси худро пайдо намуда, дар мадди аввал меистанд, ончуноне, ки дар моддаи панҷи конститутсия омадааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахлнопазиранд, аз тарафи давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд”.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардани он аз он шаҳодат медиҳад, ки конститутсия эъломияи иродаи халқ мебошад, ки ҷавҳари он ҳимояи ҳуқуқи табии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванд. Ва он поягузори эъмори ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ буда, дар шаклгирии ҷомеаи шаҳрванди заминагузор мебошад.
Чунон, ки профессор доктори илмҳои ҳуқуқ Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дар китобаш “Конститутсия ва масъалаҳои мубрами илми ҳуқуққайд кардаанд”: Конститутсия ҳамчун як қарордоди сиёсии халқ бо қудрат, як эъломияи иродаи халқ дар роҳи ташкили иттиҳоди сиёсӣ, як майдони маънавию ҳуқуқии ҷойгузини арзишҳо ва умедҳои умумии мардум аст, ки дар он мақом ва манзалати шаҳрвандон ва инсон мушахассан дар кори ташкили идораи давлат, муайян намудани шоҳроҳи давлатдорӣ, асосҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳифзи манфиатҳои табии сиёсиашон аниқ муқарар шудааст”.
Қобили зикр аст, ки боби аввали Конститутсия дар бораи асосҳои сохтори конститутсионӣ мебошад, дар моддаи 8 боби авввал омадааст: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад”.
Вобаста ба масълаи озодии эътиқод Сулаймон Давлатзода Райси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ” ҳангоми сухани ифтитоҳӣ иброз намуданд, ки Конститутсия кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои шахсиро додааст.
Дар моддаи 26 Конститутсия омадааст: “Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ кунад ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд”.
Сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.