1. Конститутсия: мафҳум, моҳият ва мақоми он.
Зери ин мафҳум аларрағми маънӣ ва ҳикмати ибтидоии вожа ва истилоҳи таърихии илмӣ, бори амонати вазнини халқу миллатҳо нуҳуфта шудааст, ки кушоиш ва шарҳу тавзеҳашон ба тақдири зиндагии давлату миллатҳо устувор тавъам аст. Ҳастии давлатҳои муосирро бе вуҷуди ин санади тақдирсоз ва ё неруи васлбахшу намодеҳи ин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, хоҳ дар шакли навишташуда ва ё ғайри он тасаввур кардан имконнопазир аст. Конститутсия аст, ки табиати давлатро эълон, шакли онро муайян, мақсад ва ҳадафи онро рӯшан ва шоҳроҳи муосири вайро муаррифӣ карда, принсипу арзишҳои бунёдии низоми ҳуқуқии давлат ва ҷомеаро муқаррар ва эълон менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавишти миллат, роҳнамо ва дурнамои орзӯю омоли халқ, замина ва рӯҳи низоми ҳуқуқии мардуми тоҷик, сармашқи эҷод ва рушди қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳо, «қавлу қасами миллати тоҷик дар назди гузашта, имрӯза, оянда ва аҳли ҷаҳон», «таҷассумгари беҳтарин арзишҳо ва суннатҳои ниёгон» (Э. Раҳмон), эътирофгари соҳибихтиёрии давлатӣ, тақсимгари адли сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баёнгари ҳокимияти халқу тараннумгари инсон, рамзи шартии ҳастии фарҳанги миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии миллат, ҷомеа ва давлат, оинаи таҷалии ҳастӣ, орзуҳо ва боварҳои миллати сиёсӣ, акс ва мусаввараи парчам ва нишони давлат ва ҳуқуқи халқ дар даврони муайяни таърихӣ ва ғ. муаррифӣ мегардад.
Қисми 1 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (минбаъд бо истилоҳи «Қонуни қонунҳо» мо ба ин санад шартан шояд ишора менамоем) мафҳуми Конститутсияро чунин муайян кардааст:
«Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад». Яъне, Конститутсия қонуни одӣ не, балки қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки се гурӯҳи масъалаҳои марказии давлатдориро танзим ва муқаррар менамояд: а) асосҳои сохтори конститутсионии давлат; б) мақоми ҳуқуқии инсон ва шахс; в) тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
Конститутсия, яъне паймони ҷомеаи адолатноки мо дар роҳи бунёди давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, муайянкунандаи набзи ҳастии сиёсиву ҳуқуқии миллат ва шоҳроҳи рушди давлати мост, ки ба зиндагии сиёсии халқи Тоҷикистон мазмун ва муҳтаво дода, ҳамчун шиносномаи миллати соҳибдавлат моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Конститутсияро одатан ҳуқуқшиносон ҳамаҷониба меомӯзанд, чунки вай қабл аз ҳама санади ҳуқуқист, иродаи ба расмиёт даровардашудаи халқ аст, ки дар роҳи бунёди ҷомеа ва давлат мардум бо райъи худ тавассути он ба созиш омада, як низом ва ҷомеаро бунёд кардаанд. Дар он масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ – шакли ташкили идораи давлат (моддаи 1), сохтори конститутсионӣ, асосҳои иҷтимоӣ-фарҳангии рамзҳои давлатӣ (моддаи 2 ва 3); эътирофи арзишҳои бунёдӣ – забони миллат (моддаи 2), инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ (моддаи 5); эътирофи ҳокимияти халқ (моддаи 6), таҷзияи ҳокимияти давлатӣ (моддаи 9), волоияти қонун (моддаи 10), асосҳои иқтисодии давлат (моддаи 12) ва дигар аслҳои фазои ҳуқуқӣ ва низоми идораи давлат муайян шудааст.
2. Конститутсияи Тоҷикистон санади олии ҳуқуқии давлат ва кафили низому тартиби ҷомеа.
Эътирофи усули волоияти конститутсионӣ мутобиқ ба талаботи қисми 1 моддаи 10 Конститутсия марзу буми фазои озодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро муайян карда, замина барои принсипи айнияти миллӣ ва конститутсионии давлат эҷод менамояд.
Бо ин мақсад қисми 1 моддаи 10 Конститутсия сароҳатан эълон менамояд: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Маҳз, ҳамин қисмати Конститутсия гувоҳи он аст, ки асли ҳама низоми ҳуқуқии кишвар бояд дар пояи муқаррароти он сурат гирад, дар сурати ихтилофи назари қонунгузории дохилӣ волоияти меъёрҳои он низоми ботинии ҳуқуқро дифоъ менамояд. Дар ҳолати ихтилофи хориҷӣ бошад, меъёрҳои он тавассути принсипи айнияти конститутсионии Тоҷикистон истиқлоли ҳуқуқии давлатро таъмин менамояд. Зеро волоияти конститутсионӣ ҳамагуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳатто санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро поёнтар аз неруи меъёри конститутсионӣ мегузорад. Нахуст талаботи ин модда аз низоми қонунгузории кишвар талаб менамояд, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қабл аз қабул шуданашон бояд мазмунан ба талаботи Конститутсияи кишвар муқоиса намояд. Сониян, дар сурати пайдо шудани ихтилоф баъд аз эътирофашон ва ё гуногун шудани назар нисбат ба фаҳми меъёрҳои татбиқшаванда, тавассути принсипи айнияти конститутсионӣ ва мақомоти назоратӣ муҳофизати истиқлоли ҳуқуқиро таъмин менамояд. Ҳамин тавр, қабул, эътироф ва ҳимояи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқии давлати Тоҷикистон тавассути Конститутсия роҳандозӣ шуда, қувват ва неруи ҳуқуқии онҳо то сарҳади муқаррароти меъёрҳои конститутсионӣ амал менамоянд.
Қисмҳои 3 ва 4 моддаи 10 Конститутсия санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро ҳамчун ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии кишвар майян карда, афзалияти онҳоро нисбат ба қонунҳои ҷумҳурӣ пайдо намуда, садоқати давлати демократиро ба принсипҳо ва стандартҳои байналмилалӣ арҷгузорӣ менамояд:
«Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Ҳарчанд, ки дар қисми 3 моддаи 10 афзалият ва бартарияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба қонунҳои ҷумҳурӣ ишора шудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки онҳо аз Конститутсия болотар мақом доранд, зеро мақоми Конститутсияро қисми 1-уми ҳамин модда аллакай ҳамчун меҳвари асосии санади меъёрии ҳуқуқии дорои қувваи олии ҳуқуқӣ муайян кардааст.
Истилоҳи «қонунҳои ҷумҳурӣ» дар қисми 3 моддаи 10 ба он тавре, ки баъзеҳо андеша доранд, бо ду далел фарогири маънои Конститутсия буда наметавонад. Аввал, ин ки қисми 1 моддаи 10 аллакай маъно ва неруи волоияти хуқуқии Конститутсияро муайян кардааст. Ҳеҷ як санади меъёрии ҳуқуқӣ аз вай болотар буда наметавонад. Ин муқаррароти конститутсионист ва афзалият низ дар худи Конститутсия муайян аст. Сониян, Конститутсия қонуни одии кишвар нест, вай мутобиқ ба талаботи қисми 1 моддаи 16 Қонуни қонунҳо «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст» ва он дар илми ҳуқуқшиносӣ ба сифати қонуни марказӣ ва асосии давлат мақоми хос ва олиро таърихан бебаҳс касб кардааст, ки номи он дар асл низ на қонун, балки Конститутсия аст. Маҳз ба ҳамин хотир дар раддабандии неруи ҳуқуқии санадҳои меъёрии хуқуқӣ ин мазмунро боз талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амиқтар муқаррар кардааст.
Моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дақиқ низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварро мутобиқ ба неруи ҳуқуқиашон чунин муқаррар менамояд:
«1. Санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъектони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар карда мешавад.
2. Ба низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида;
- санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо, қонунҳо;
- қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармоишҳои вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қарорҳои кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- қарорҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
3. Тартиби ҷойгиршавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми 2 моддаи мазкур қувваи ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд.
4. Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) ва Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии (ҶШС) Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон то қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар қисмати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат накарданашон, амал мекунанд».
Маҳз, қисми 2 ва 3 моддаи 9 Қонуни мазкур волоияти меъёрҳои Конститутсияро дар тақвияти моддаи 10 Конститутсия такроран собит менамояд. Қисми 2 моддаи 16 Қонуни мазкур бошад дар тақвияти моддаи 10 Конститутсия, мақоми Конститутсияро дар низоми қонунгузорӣ муайян кардааст:
«2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, набояд хилофи Конститутсия бошанд. Дар мавриди ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд».
Тарзе мебинем дар сурати ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ё қисмҳои таркибии онҳо, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Яъне, бартарӣ сареҳан ба Конститутсия дода шудааст.
Пас, Конститутсия дорандаи меъёрҳои олии давлатдорӣ ва ҷомеасозӣ буда, қувват ва неруи меъёрҳои он аз ҳама дигар санадҳои ҳуқуқӣ ва меъёрӣ баланд буда, дар муайян кардани табиати ҳуқуқии ҷомеа нақши марказӣ ва ҳалкунандаро доро аст. Конститутсия асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, мақоми ҳуқуқии инсон ва шахс, шакл, сохтор, таҷзия ва намои идораи давлат, принсипҳои фаъолияти давлат, низоми адолати судӣ, назорати қонун ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалро муқаррар намуда, бунёди низоми хуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодии давлатро таҳия мекунад. Чунин волоияти мазмунӣ ва ҳуқуқии конститутсионӣ ба сифати муайянкунандаи рӯҳу равони фазои ҳуқуқӣ дар ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқӣ аҳамияти калони илмӣ ва амалиро дошта, дар кори ҳифзи низоми ҷамъиятӣ, субот, тартибот, адлу инсоф, ҳифзи арзишҳои миллию башарие, ки халқ эътироф кардааст, тақдирсоз аст. Маҳз аз ҳамин ҷанбаҳо ворид шудан ба шарҳи мақом ва манзалати Конститутсия дар низоми ҳуқуқӣ ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамин асли (принсипи) волоият ва афзалияти Конститутсия ва меъёрҳои он дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ маънои онро дорад, ки вай ба сифати таҳкурсии бинои давлатсозӣ баромад менамояд. Ҳама дигар муносибатҳои арзиши ҳуқуқӣ дошта набояд ба он мухолифат варзанд, балки баръакс дар доираи мавзуи муқаррароти он таҳия ва ташаккул ёбанд. Доираи мавзуи муқаррароти вай васеъ буда, дар партави ҳуқуқу озодиҳои навишташудаю нонавишта, ки мухолиф ба талаботи Конститутсия ва қонунгузорӣ нестанд дар ҷомеи шаҳрвандӣ муайян мегарданд. Аз ҳама муҳиммаш он аст, ки рушди қонунгузории кишвар дар заминаи муқаррароти вай таҳия шуда, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ танҳо дар сурати мувофиқ омаданашон ба принсипу меъёрҳои он ҷонибдорӣ карда мешаванд. Яъне, Тоҷикистон дар доираи парадигма ва муқаррароти он сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро ҳамчун арҷгузорӣ бо раъйи халқ ва манфиатҳои миллат роҳандозӣ менамояд.
Холиқзода Абдураҳим Ғафор – директори муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор
Маҳрамбеков Маҳрамбек Анварбекович – котиби илмии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қурбоншоев Илҳом Ҷумахонович– мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши махазҳои исломии муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент