Конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»

2 июли соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи дин танзими анаъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории ҳамаҷониба бо бахшу шуъбаҳои дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он дар соҳаи озодии виҷдон» бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид. Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар соҳаи озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави мамлакат муҳити созгори сиёсию иҷтимоӣ эҷод карда шуд, ки барои таҳкими пояҳои сулҳу субот ва аз байн бурдани сарчашмаи ҳама гуна низоъҳо мусоидат намуд. Дар қисмати ҷаласаи умумии конференсияи мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода суханронӣ карданд. Дар маҷмӯъ дар ҷаласаҳои илмии ин ҳамоиш 20 маърӯза шунида шуд ва мавриди баҳсу мунозира ва муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт.

 

Яндекс.Метрика