Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзуи муқовимат бо ифротгароӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 28 декабри соли 2023 дар самти тарғиби арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз ифротишавии мафкураи ҷомеа баён гардиданд, инчунин иҷрои Нақшаи амали «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» якҷоя бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба ифротгароӣ дар Тоҷикистони муосир: пешгирӣ ва тавонбахшӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсия бо суханҳои ифтитоҳии муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Каримзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода, мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашо Вализода ва Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел оғоз ёфт.

Дар кори конфронс роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Конференсияи илмӣ-амалӣ ба мавзуъҳои мубрами имрӯза: асосҳои ҳуқуқӣ ва эътиқодии муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамкорӣ ва дастгирии ноҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар пешгирии ин зуҳурот, барқарорсозӣ ва офиятбахшии шахсони аз минтақаҳои ҷангзада баргардонидашуда, ҳадаф, усул ва мушкилоти ин раванд бахшида шуданд.

Зимни маърузаҳо муҳтавои «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, «Барномаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда барои солҳои 2023-2027», «Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо шарикони рушд ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар доираи амалисозии Стратегия, нақшаҳои минбаъда дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм ва ташаббусҳои ояндаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яндекс.Метрика