Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзӯи " Қонуни танзим - омили рушди мафкураи миллӣ".

Имрӯз, 06/06/2024с дар толори Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - амалӣ дар мавзуи " Қонуни танзим - омили рушди мафкураи миллӣ" баргузор гардид.

Дар Конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон ва олимону муҳаққиқони соҳа иштирок ва дар бораи самаранокии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" маърӯза намуданд.

Қайд карда шуд, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносӣ

Яндекс.Метрика