КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 31-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ниммаи аввали 2 сентябри соли 2022 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи ироияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолӣ давлатӣ” баргузор гардид.
Дар Конфересияи мазкур Мирзозода Иброҳим Холмурод Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Меликзод Парвина Иноятулло вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мусозода Илҳом муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Усмонзода Хайриддин Усмон директори Марказӣ тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Абдураҳим Ғаффор директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони ташкилоти ибтидоӣ, аъзоёни кумитаву ташкилотҳо ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Конфренсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас Қурбонзода Убайдулло-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, зикр кард, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Маҳз дар ҳамин раванди ҷомеасозӣ бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон мо бо роҳандозии мувафаққонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсози миллӣ мувоҷеҳ гаштем, ки он яке аз рукнҳои муҳими таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор меравад.
Сипас Мирзозода Иброҳим Холмурод иштирокчиёни Конфренсияро ба муносибати Ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда қайд карданд, ки дастовардҳои бузурге, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ноил шудааст, воқеан ҳам барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардуми он нақши бузург доранд.
Дар идома Усмонзода Хайриддин Усмон зимни суханронии худ изҳор намуд, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ, ки имсол ба мо 31-умин солгарди онро ботантана таҷлил хоҳем кард, ба мо имкон фароҳам сохт, то замина ва такягоҳи асосии рушди босуботи Тоҷикистон , зиндагии шоиста, ҳамдилӣ ва ваҳдати миллиро дар ҷомеаи Тоҷикистон боз ҳам бештар тақвият диҳем.
Холиқзода Абдураҳим Ғаффор директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Истиқлолияти миллӣ, халқӣ ва давлатӣ дар шароити Тоҷикистон” андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар раванди давлатсозии миллӣ нақши муҳим дошта, Истиқлолияти мамлкати моро бо ҳам мустаҳкам мегардонад.
Ҳамзамон Раҳимзода Шоҳзод сардори Раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, изҳор намуд, ки Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, давлат обод шуд, сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор гардид».
Бо садо додани суруди милли Конфересия илмӣ- назариявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба анҷом расид.

Бознашр аз сомонаи ҲХДТ

Яндекс.Метрика