Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид.

Рӯзи 4-уми майи соли 2023 бо ташаббуси кафедраи сотсиология дар толори фарҳангии факултети фалсафаи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи “Таҳқиқотҳои сотсиологӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” баргузор гардид. Дар конфренсия олимону донишмандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ш. Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ВМКБ, намояндагони ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, омӯзгорону донишҷӯёни факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок ва суханронӣ намуданд.

Яндекс.Метрика