Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон дар доираи муқаррароти Нақшаи чорабинињо оид ба иҷрои дастуру супоришњои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муњта¬рам Эмомалӣ Рањмон, ки дар маросими таҷлили ҷашни Вањдати миллӣ ва мулоқот бо роњбарон ва фаъолони вилояти Суғд 24-29 июни соли 2018 баён доштанд, Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи “Фарҳанги таҳам¬мул¬па¬зирӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа” 24-25 октябри соли 2018 ба муносиба¬ти Соли рушди сайёњӣ ва њунарњои мардумӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи њокимияти давлатии вилоя¬ти Суғд дар шањрњои Хуҷанд ва Исфара баргузор намуд.
Қисмати якуми конференсияи мазкур дар қасри фарњанги ба номи А. Рӯдакии шањри Хуҷанд рӯзи 24 октябри соли 2018 бо иштироки роњба¬рони аввали мақомоти иҷроия, зиёиёну олимон ва фаъолони вилояти Суғд доир гардид. Дар ҷаласаи умумӣ раиси вилояти Суғд – Р. Ањмадзода, ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъала¬њои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – А. Рањмонзода, муовини якуми раиси вилояти Суғд – Р. Рањматзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон – С. Давлатзода ва директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон – Ф. Баротзода баромад карданд. Пас аз он ҷаласаи якуми конференсия оғоз гардид, ки дар он 5 гузориши илмӣ – “Дунявият ҳамчун кафили таҳаммулпазирӣ” – Азизӣ Рустам, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, “Омӯзаҳои дини мубини ислом дар бораи фарҳанги таҳаммулпа¬зирӣ ва одоби ҳамзистӣ” – Мӯсозода Ҳусайн, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Хуҷанд, “Нақши танзими анъана ва ҷашну маросим дар пешгирии хурофот” – Мањмудзода Саттор Хол, сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис¬тон, “Нақши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар таъмини рушди устувори ҷомеа” – Қудратов Боқӣ, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Бӯстон, “Таҷрибаи фарҳанги ҳамзистии пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилӣ дар Тоҷикистон” – Марамбеков Марамбек, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Дар ҷамъбасти кори ҷаласаи дуюм бањсу мунозира ва музокирањои иштирокчиён доир ба ҷанбањои мухталифи фарњанги тањаммулпазирӣ ва одоби њамзистӣ, инчунин вежагӣ ва нозукињои он дар фазои фарњангӣ-сиёсии вилояти Суғд фикру андешањои ҷолиб баён намуданд.
Қисмати дуюми конференсияи мазкур дар қасри фарњанги шањри Исфара рӯзи 25 октябри соли 2018 бо иштироки роњбарони аввали мақомоти иҷроия, нињодњои қудратӣ, зиёину фаъолони шањр барпо гардид. Масъулони њукумати шањр вобаста ба Соли рушди сайёњӣ ва њунарњои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар назди бинои қасри фарњанги шањри Исфара намоиши њунарњои мардумӣ ташкил намуданд, ки дар он њам калонсолон ва њам хурдсолон бо намунањои ҷолиби њунарњои сокинони ин гӯшаи зебои кишвар ширкат намуда, махсусияти њар яки онњоро муаррифӣ карданд. Пас аз он, конференсия ба кори худ шурӯъ кард. Дар ҷаласаи умумӣ муовини якуми раиси шањри Исфара – С. Қосимӣ, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис¬тон – С. Давлатзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон – Ф. Баротзода, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИЊД вилояти Суғд – С. Рустамзода баромад карданд. Пас аз он ҷаласаи дуюми конференсия оғоз гардид, ки дар он 6 гузориши илмӣ – “Усули таҳаммулпазирӣ дар таълимоти исломӣ ва нақши он дар муноси¬бат¬ҳои байналмилалӣ” – Наҷотзода Мутеъуллоҳ, муовини директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷу쬬њурии Тоҷикистон, “Дифоъ ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ дар замони ҷањонишавӣ ва чандгонагии фарњангӣ” – Аҳмедов Обидбой, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара, “Роҷеъ ба таърихи ҳамзистии адён ва мазоҳиб дар Осиёи Марказӣ” – Муллоҷонов Сайфулло, мудири Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Прези¬ден¬ти Ҷу쬬њурии Тоҷикистон, “Омили динӣ дар фарҳанги таҳаммулпази¬рӣ ва одоби ҳамзистӣ дар ҷомеа” – Алиев Муллоалӣ, сармутахасиси Раёсати ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис¬тон, “Қонуни танзим эътимод ба зиндагии шоиста” – Суњроб Рустамзода, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИЊД вилояти Суғд, “Ғояи таҳаммул дар осори ниёгон ва нақши он дар тарбияи ахлоқӣ-иҷтимоии наврасону ҷавонон” – Шоев Зиёвуддин, мудири Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи њозирин пешнињод гардид. Дар ҷамъбас¬ти кори ҷаласаи дуюм теъдоди зиёди фаъолону зиёиён ба бањсу мунозира ва музокира баромаданд ва ба саволњои худ ҷавоб гирифтанд. Пешнињод гардид, ки доир ба масоили пешгирии насли ҷавон аз шомилшавӣ ба сафи њизбу ҷараёнњои ифротӣ, мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризм, даъвати ҷавонон ба хизмати аскарӣ, ширкати соњибкорон ва саховатмандон дар корњои ободонӣ ва бунёди иншоотњои таъйиноти иҷтимоӣ дошта дар байни сокинони Исфара баъзе мушкилот ва нофањ¬ми¬њо вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, зарурати баргузор намудани вохӯрию мулоқотњо дар шањраку ҷамоатњои дењот ва дењањои бузург пеш омада¬аст. Бо њамин мақсад рӯзњои 26-27 октябри соли 2018 зери роњбарии ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъалањои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Рањмонзода гурӯњи корӣ оид ба баргузор намудани вохӯрию мулоқотњои бевосита бо мардум дар тамоми 12 ҷамоати дењоти шањри Исфара гузаронида шуд. Дар гурӯњњои корӣ раиси шањри Исфара С. Саломзода, роњбарият ва намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис¬тон, Маркази исломшино¬сӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нињодњои қудратӣ ва дахлдори вилояти Суғд ва шањри Исфара иштирок намуда, мазмуну муњтавои дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат, сиёсати роњбарияти олии кишвар ва Њукумати Ҷумњурии Тоҷикис¬тонро доир ба дарёфти роњњои њалли масоили дар боло зикршуда шарњу тавзењ доданд. Дар баробари ин, сокинони Исфара имкон пайдо карданд, ки фикру андеша, талабу дархост ва мулоњизањои худро бевоита ба А. Рањмонзода ва С. Саломзода ба таври шифоњӣ ва хаттӣ бирасонанд. Аз ин ҷињат, қисмати амалии конференсияи мазкур дар мањалњо бисёр муфид ва таъсирбахш буд. Баъди ҷамъбасти фаъолияти Гурӯњи корӣ дар шањри Исфара 27 октябри соли 2018, соати 17.00 дар ҷаласаи корӣ бо иштироки роњбарони мақомоти иҷроия ва фаъолон баргузор гардид, ки дар он ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъала¬њои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа А. Рањмонзода ва раиси шањри Исфара С. Саломзода баромад намуда, ба шахсони масъул ҷињати рафъи камбудињои мавҷуда маслињату машва¬рат¬њои ҷиддӣ доданд. Қарор карда шуд, ки дар оянда маҷмӯи чорабини¬њои хусусияти методӣ-амалӣ ва илмӣ-назариявӣ дошта дар байни қишру табақањои гуногуни шањру ноњияњои дигари вилояти Суғд аз ҷониби нињодњои дахлдор ташкил ва баргузор карда шавад.