Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим»

Дирӯз, дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили 15 - солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ташаккули фарҳанги миллӣ, танзими анъана ва ҷашну маросим» доир гардид.
Дар кори конференсия роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону муҳаққиқон, сохторҳои шаҳрӣ, роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ, намояндагони комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон, маъмурини ошхонаву тарабхонаҳои пойтахт, мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Кори конференсияро нахуст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни баргузории конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим ширкат варзида, андешаҳои худро дар бораи Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ чунин баён дошт: Таҳлили шароити қабл аз баргузории Иҷлосия бо ҳама маводи дастрасу тахлили ҳама омилҳои таъсирбахш бешак касро ба андеша меорад, ки - ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дар саргаҳи давлатсозии мо қарордошта бо роҳбарону ташкилкунандагонашон, ки ба иродаи парлумон таъсир доштанд, дар рўзҳои аввали соҳибихтиёрии кишвари мо фурсати муносиби давлатсозиро дуруст ҳазм накарданд, консепсияи ягонаи сиёсии давлатсозӣ надоштанд, давлатро идора карда натавонистанд.
Паҳнои парлумон то замони тағйирпазирии сохтору роҳбарияташ, рушди парламентаризми тоҷикро аз камтаҷрибагии касбию заъфи ҳаракату ҳизбҳои сиёсиаш бо зиёждравиҳои миллӣ, динӣ ва камтаҷрибагии сиёсӣ ба омили асли нооромиҳо дар кишвар табдил дода буд. Неруҳои нави сиёсии ибтидои солҳои навади асри гузашта, тимсоли ҳизби Демократии Тоҷикистон, Созмони мардумии «Растохез», созмони «Лаъли Бадахшон», клуби сиёсии «Маърифат», ташкилоти сиёсии «Ошкоро», клуби сиёсии «Рў ба рў» бо роҳу воситаҳои мухталифи сиёсӣ ошкорою пинҳон ба мафкураи вакилону қарорҳои парлумон таъсир мерасонданд. Дарк мешуд, ки амалкарду ғояҳо ва фикру ҳадафҳои аксари онҳо тадриҷан вазъиятро ноором ва таҳти кадом як ғояи мудҳише ҳадафмандона донистаю надониста мусибатеро ба сари мардум бор хоҳанд кард. Ва имрўз вақт собит кард, ки ин неруи муттаҳидкунанда, ки он солҳо пинҳонӣ арзи вуҷуд дошт ва таҳти таъсири ғояи марказонидашудаи сиёсӣ ба ҳамаи ин қувваҳои сиёсӣ дар сарҳади ҳадафҳои нопоки худ таъсир мерасонд, маҳз ҳамин ҳизби террористии наҳзати исломӣ будааст
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт. ....дар сатҳи конститутсияи мардумӣ рушди ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон гардида (қисми 1. м. 8 Конститутсия), ба шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод гардида, гуногунандешии сиёсӣ ба сифати ҷавҳари ташаккул ва ифодаи иродаи халқ шинохта шуд (м. 28). Тоҷикистон дар баробари эълони конститутсионии ҳуқуқҳои сиёсӣ, сарҳади амалкарди ҳизбҳои сиёсиро дар доираи Конститутсия ва қонунҳо муқаррар карда, таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсиеро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, (қисми 3-5 м. 8. Конститутсия) қонунан манъ кард. Муҳимтарин ҳикмати ин муқаррарот он буд, ки фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ аз як ҷониб қонунан эълон гашта, аз ҷониби дигар паҳнои амалкарди ҳуқуқии онҳо дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон масъалагузорӣ гашт.
Маҳз танзими ҳуқуқӣ нашудани ҳамин масъала давлати моро дар остонаи соҳибихтиёрӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида буд. Таъсиси мактаби бисёрҳизбӣ ва маданияти гуногунандешӣ бо асосҳои устувори конститутсионӣ дар ҳад ва паҳнои манфиатҳоии умумиллӣ қадами навбатии устувори давлатдории мо дар ин самт буд.
а) Бо таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламгири ниёгон симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (5 сентябри соли 1994), ёдбуди 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (сентябри 1995), 675-солагии Хоҷа Камол (соли 1996), 1000-солагии Носири Хисрав (2003), 1025-умин солгарди Абўалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 90, 100-солагии мавлуди академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-100 солагии зодрўзи Мирзо Турсунзода (2001) ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ халқро бо фарҳанг ва маънавиёти хеш шинос намуда, бо қадршиносии Айнӣ, Ғафуров, Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон фарҳангӣ будани сиёсати давлатро расмӣ карда, манбаи маънавӣ ва фарҳангиро ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлати миллӣ масъалагузорӣ кард;
б) Зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихии халқу миллат: 1100-солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700-солагии шаҳри Кулоб (2006), 5500-солагии Саразм поси хотираи шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик, эҳёи тафаккури созанда, эҷодкор ва қаҳрамононаи таърихии халқ, чопи китобҳо ва асарҳои безаволи ниёгон ба хотири устувории решаҳои таърихии миллат ва эътирофи ҳаққи табиии тоҷикон ба низоми идора ва мустақилият буд, ки на танҳо халқро ба худ шиносонид, балки ҳаққи таърихии тоҷиконро мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ ба давлати тозаистиқлол ҳифз намуда, манбаи назарии тасарруфии дастовардҳои таърихии миллатро қавӣ намуда, пайвасти устувори меросбардории арзишҳои таърихиро ҳамчун қисми таркибии ғояи бунёди давлати муосир масъалагузорӣ намуданд;
в) мақом ва нуфузи забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ пайваста баланд бардошта, қонуни нави забони давлатиро қабул намуда... Дар харитаи сиёсии кишвар ва ҷаҳон Суғду Рашт, Рўдакию Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Темурмалику Спитамен, Ҷомию Ҳамадонӣ ҳамчун марказҳои маъмурию ҳудудӣ пайдо шуданд. Пули миллии «сомонӣ» бо симои шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ муносибатҳои иқтисодӣ ва субъектҳои муносибатҳои шаҳрвандӣ ва молиро ба шинохти фарҳанг, забон ва қаҳрамонони миллат тавъам намуда, муҳимтарин манбаи рушди миллат ва қисми таркибии борбардорандаи фарҳанги миллӣ – забони модариро қонунӣ гардониданд;
г) дар шароите, ки бегонагон бо суиистифода аз озодиҳои давлати демократии Тоҷикистон ақида ва мазҳабҳои тундравро ба фазои андешаи динӣ ворид намуда, хостори нооромии ҷомеа буданд, ў ҳамчун Роҳбари ғамхор ва дифоъкори андешаи динӣ ва муҳофизи ақидаи аҷдодӣ соли 2009-умро соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуда, бо чопи китобҳои мазҳабию ақидагии ниёгон мардуми мусулмони кишварро бо мазҳаби ақлгаро ва таҳаммулпазири ҳанафӣ шинос намуд.
Беш аз 300 ҳазор нусха Қуръони каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои зиёди Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Абўҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони тоҷикро, ки саршори ғояҳои инсондўстона ва ақидаи беолоиши динӣ буданд, бо дастгирии бевоситаи давлат чоп намуд. Ин ҳама асосҳои ғоявии ҳифзи истиқлолияти давлатиро дар паҳнои андешаи ҷомеа таҳия намуда, роҳи тафаккури ҷомеа ва миллатро ба сўи худшиносии миллӣ ҳамвор гардонида, манбаъҳои назарӣ ва ғоявии муҳофизати манфиатҳои давлати муосири тоҷиконро ҳамчун сипар коркард карданд. Қабули қонунҳои сирф миллӣ, чоп ва тақдими китоби «Тоҷикон»-и аллома Б. Ғафуров ба ҳар хонадони тоҷикистонӣ ва боз дигар корҳои таърихии ин шахсияти таърихӣ дар ин самт аз мавзўи алоҳидаи сўҳбати мо хоҳад буд. Дар маҷмуъ гуфтан мумкин аст Иҷлосия ва фарзанди каҳрамони ў бо эҳёи арзишҳои сиёсии башарӣ ва васли он бо арзишҳои миллӣ давлати моро ба ҳайси як давлати устувори демократӣ бо мазмуни миллӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.
Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олӣ саҳифаи нав дар таърихи давлатдорӣ ва айёми гардиши куллӣ дар давлатдории навини мо..
1.Се дастовради бузурги Иҷлосия: интихоби дурусти Роҳбар, Ваҳдати миллӣ ва роҳ ба сўи давлати демокартӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона.
2.Бо гузашти солҳо паҳлуҳои мухталифи ин Ичлосияи таърихӣ ошкор хоҳад шуд, вале ба назари мо ба ду гурўҳи омилҳои муҳимми ин Иҷлосия диққат додан муҳим аст: яке омилҳои сиёсӣ ва дигаре омили миллию динӣ мебошад Чаро? Чунки:
3.Ду омили аслие, ки аслан Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ тела дод, агар дуруст таҳлил намоем, яке омили сиёсӣ ва дигаре маҳз ҳамин омилҳои миллию динӣ буд.
4.Ҳар ду омил дар асл дар паҳнои парлапентаризми тоҷик шахрвнадони кишварро ба ҷиноҳҳо ҷудо намуд: ҳам унсурҳои миллӣ, ҳам динӣ ва ҳам сиёсӣ…
5.Бузургии шоҳроҳи таърихии иҷлосия дар он буд, ки мўро аз хамир ҷдуо намуда ҳамин се омили аслро инкор накард: на гуногунандешии сиёсиро на эхёи арзишҳои миллиро ва на арзигшои диниро… Чунки таърих ва таҷрибаи давлатҳо чунин тундравиҳоро дар ҳар се самт зиёд медонад…
6.Баръакс худшиносии миллӣ, динӣ ва сиёсӣ бо эҳёи беҳтарин анъанаҳо шоҳрохи давлатдории моро рўшноӣ бахшид…Гуногунандешии сиёсӣ бо 7 ҳизби сиёсӣ, садҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ… фазои сиёсии моро, эҳёи арзишҳои миллӣ, бо амалҳои мушаххаси ҷашнҳои таърихӣ, идҳои миллӣ, шахсиятҳои бузурги миллат, забони модарӣ, омўзиши таърихи халқ… ва ниҳоят эҳёи арзишҳои динӣ, шиносонидани халқ ва миллат бо мазҳаби худ, озодиҳои динӣ ва ғ…
7.Ва нихоят қонунҳои миллӣ ва ислоҳоти маънавии ҷомеа дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва тарбияи фарзандон… нуктаи ниҳои ин амалкард…
Ҳамчунин, иштирокчиён дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла, «Иҷлосияи 16-ум оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва миллӣ», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ роҳнамои рушди босуботи ҷомеаи муосири Тоҷикистон», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ-заминаи таҳкими сиёсати иҷтимоӣ», «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ», «Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустин минбари мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», «Нақши Пешвои миллат дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Консепсияи танзиму сарфаҷӯии Пешвои миллат ва ањамияти миллию глобалии он» ва ба ин монанд маърӯзаҳо намуда, мисолҳои ҳаётӣ оварданд.
Аз ҷониби маърузачиён зикр гардид, ки бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод. Зикр шуд, ки Қонуни мазкур моҳиятан ба ислоҳи падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва манфиати мардум равона гардидааст.
Дар фарҷом миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика