Конфутси мегӯяд : агар панҷ мавриди зерин риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад

Конфутси, ҳаким ва сиёсатмадори чинӣ, қарни панҷуми қабл аз мелод, ки ба унвони панҷумин шахсияти таъсиргузори таърих шинохта мешавад, панҷ мавриди зерро давои дарди тамоми робитаҳо медонад, ки агар риоят шаванд, ҳама чиз хуб пеш меравад:

● Меҳрубонӣ дар робитаи миёни падару писар

●Лутфи бародари бузургтар ба бародари кӯчактар ва тавозӯи бародари кӯчактар дар муқобили бародари бузургтар

● Адолати шавҳар бо зан ва итоати зан аз шавҳар

● Алоқамандии забардастон ба зердастон ва итоати зердастон аз забардастон

● Меҳрубонии фармонравоён ба тобеон ва вафодории тобеон ба фармонравоён!

Аз саҳифаи Хирад

Яндекс.Метрика