**КУРСҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ИМОМХАТИБОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН **

**Имрӯз дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмонибни Собит бо ташаббуси Кумитаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии имомхатибони вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.**

Нахуст, Холиқзода Абдураҳим, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи меҳмононро хайра мақдам гуфта, дар мавзӯи:“Роҳҳои муқовимат бо ифротгароӣ дар шароити муосир” суҳбат намуд.

Профессор Холиқзода Абдураҳим дар бораи мафҳум ва моҳияти ифротгароӣ, маъно ва шарҳи луғави “ Ифрот”, ифрот ҳамчун зуҳурот ва дар паҳнои илм ҳамчун объекти омӯзиш ва ифрот ва намудаҳои он: аз ифрот то ифротгароӣ, муқовимат бо ифротгароӣ тарз, усул ва восита ва намудҳо... андешаронӣ намуд.

Мавсуф қайд намуд, ки “Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро ба фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии осоишта ба вижа насли ояндасози миллат сафарбар кардааст ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ амал карда, ба эътиқоди динии шахсон таъсир мерасонанд”.

Дар идомаи суханронӣ Холиқзода Абдураҳим иброз доштанд, ки ин зухуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.

Гуфта шуд, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роху восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, маврида интиқод қарор медиҳанд.

“Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд”.

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ Мутеъуллоҳ Наҷотзода, муовини директори  Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Хатарҳои ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маҳкум кардани он аз дидгоҳи дини мубини Ислом”ва Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Омилҳои асосии тамоюли ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва роҳҳои пешгирӣ аз он” баромад намуданд.

Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.

 

Абдуллоҳи Қодирӣ – сухангӯи Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Яндекс.Метрика