Луқмаи ҳалол аз дидгоҳи Мавлоно

Аз назари Мавлоно ҳарчизеро, ки мо мехӯрем ва меошомем дар рӯҳияи мо таъсир дорад ва луқмаи инсон бояд ҳалол бошад.

Луқма танҳо он хӯроке нест, ки аз роҳи даҳан фурӯ мебарем, балки луқмаҳое ҳастанд, ки зеҳну ҷисму ҷони моро низ ғизо медиҳанд.

Мо рӯзона сари дастархонҳои гуногун ва рангоранге бо дӯстону наздикон менишинем ва барои ҷисму ҷонамон рӯзӣ бармедорем.

Мо бояд бидонем он рӯзӣ ва нолае, ки ба ҷисму ҷонамон мерасонем , ҳалол аст ё ҳаром ?

Мавлоно бо тафаккури ноб ва андешаҳои созандаи хеш барои санҷиши ҳалол ва ҳароми рӯзии мо меъёри ахлоқиеро пешниҳод намудааст, ки он чунин аст:
Агар дар диламон эҳсоси дилтангӣ, нороҳатӣ ва торикӣ ба вуҷуд омад, яқин дошта бошем ва бидонем, ки дар кадом коре, маҷлисе ва ё маъракае ҳамнишин ва ҳамсуфраи шайтон шудаем ва мо худ аз он бехабарем.

Мавлоно мефармояд :

То ту торику малулу тираӣ
Дон, ки бо деви лаин ҳамшираӣ!

Ҳазрати Мавлоно дар бораи нишонаи луқмаи ҳалол ва таъсири он бар ҷисму ҷонӣ одамӣ мегӯяд: гармию равшаноӣ ва камолу умед ва ишқу муҳаббат нисбат ба мардум, хизмат ба халқ ва ризояти онон аз нишонаҳои луқмаи ҳалол аст.

Луқмаӣ к-он нур афзӯду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол,

Илму ҳикмат зояд аз луқмаи ҳалол ,
Ишқу риққат ояд аз луқмаи ҳалол.

Дар муқобил , агар дар дили мо ҳасад ва нафрату хашм ва ғафлат аз маънавияёт мавҷ бизанад , бояд решаро дар луқма пайдо кунем, ки мо дар куҷое луқмаи ҳаром хӯрдаем ё ба ҷисму ҷони худ ризқу рӯзии нопок додаем:

Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.

Мо бояд ончиро, ки мехӯрем, менӯшем, мехонем ва ё мӯсиқиеро гӯш медиҳем, барномаеро тамошо мекунем... ва ҳама барои мо
"луқма" ҳастанд ва фикри мо ва навъи нигоҳи мо ба олами ҳастиро шакл медиҳанд:

Луқма , тухм асту бараш, андешаҳо,
Луқма , баҳру гавҳараш андешаҳо...

Ҳалолтарин қуввате, ки ба мо мерасад , он аст , ки натиҷааш ишқ ба инсонҳо ва ҳастӣ ва майли хидмат ба халқ ва албатта майли пар кашидан ба сӯи ҷаҳони маъност:

Зояд аз луқмаи ҳалол андар даҳон,
Майли хидмат, азми рафтан он ҷаҳон ...

Аз назари Мавлоно мо бояд мувозиб ва муроқиби нафси хеш бошем ва асари луқмаро бисёр диққат кунем!
Мо бояд сари кадом дастархон ва ё суфраи кас менишинем ва ҷисму ҷонамонро бо кадом луқма сер мекунем,таваҷҷуҳ кунем!

Ҳусули ризқи ҳалол, ибодат аст!

(Ҳадис)

Баргардон ва таҳрири матни он аз сомонаи андашаи Мавлоно.

Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Яндекс.Метрика