Мавқеи дунявият: моҳият ва хусусиятҳои он

                     

     Дар адабиётҳои илмӣ -таълимии мавҷуда аксаран бо се навъи ҷаҳонбинӣ - ҷаҳонбинии асотирӣ, ҷаҳонбинии динӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ-фалсафӣ дучор меоем. Баъзан дар радифи шаклҳои ҷаҳонбинии зикршуда боз  ҷаҳонбинии муқаррарӣ (ба русӣ- обыденное мировозрение) вомехӯрад. Аммо дар хусуси мавқеи  дунявият ҳатто ишорае ҳам пайдо намешавад. 

    Аммо зимни таҳқиқи воқеияти имрӯза аз нигоҳи муносибати одамон ба арзишҳо равшан маълум мегарад, ки ташаккули муносибат ба дунявият низ воқеан вуҷуд дорад. Зимни мушоҳида ва таҳлили сӯҳбату гуфтугӯҳо бо шахсиятҳои мухталиф ба осонӣ дарк кардан мумкин аст, ки муҳокимарониҳои  мусоҳиб на илмӣ асту на динӣ. Дар мазмун ва ҳадафҳои мусоҳиб ва ҳатто дар рафтору кирдори одамон майл намудан ба арзишҳои дунявӣ равшан мушоҳида  мешаванд.  Сабаби маъмул нагардидану ба таври васеъ мавриди таҳлил қарор  нагирифтани ин навъи ҷаҳонбинӣ бевосита дар фазои идеологии ҳукмрони ҷомеа нуҳуфтааст. Шояд ҳаёти маънавии ҷомеа дар ҷойгузин  намудану мубрам гардидани он ҳеҷ заруратеро эҳсос намекард. 

   Аммо имрӯз, ки ҳаёти маънавии ҷомеа дигаргун гардида, ҷаҳонбинии динӣ ҳар чӣ бештар ва ошкортар аз худ  дарак медиҳад, мавқеи  дунявият низ ҳамчун василаи муқовимат аз худ дарак дода истодааст. Ҷаҳонбинии мазкур на танҳо дар шакли муносибати одамон ба арзишҳои мавҷуда, балки дар шакли ғоя ва ҳатто мафҳуми комилан  ташаккулёфта низ дучор меояд. Аз ҷумла, дар  сомонаҳои интернетӣ ифодаҳои «ҷаҳонбинии дунявии қарни 21», ҳатто китобе бо номи «Ҷаҳонбинии дунявӣ ва даъват барои дар ҳаёт татбиқ намудани меъёрҳои шариат» ба чашм вомехӯранд. 

   Бинобар ин суоле, ки бояд мавриди матраҳ қарор гирад,  аз он иборат аст, ки мавқеи дунявият чист ва ба он то чӣ андоза ҳамчун ҷаҳонбинӣ муносибат кардан мумкин аст?

   Дар оғоз бояд зикр намуд, ки худи мафҳуми «ҷаҳонбинӣ» ҳамчун маҷмӯи фикру ақида ва донишу тасаввуротҳои шахс дар бораи олам ва муносибати  вай ба ин олам таъриф меёбад. Бидуни шак зимни меъёр қарор додани ҳатто таърифи мазкур низ дунявият тамоюли ташаккул  аз худ  дарак медиҳад. Яъне, муносибати тамоюли дунёгароидоштаи шахс  бидуни тардид аз донишу тасаввуротҳои ӯ маншаъ мегирад. Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи дунявият  мақоми муайянкунанда ва бартариятнок доштани арзишҳои дунявӣ нисбат ба арзишҳои динист, ки дар раванди фаъолияти ҳаётии одамон  ба зуҳур мерасад. Чӣ хеле ки дида мешавад, мавқеи дунявият хусусияти  зиддидинӣ надорад. Дар он  мақоми аввалиндараҷа на ба арзишҳои динӣ, чуноне  ки дар ҷаҳонбинии динӣ мушоҳида мегардад, балки ба арзишҳои дунявӣ дода мешавад. Дунявият танҳо ба ҷаҳонбинии илмӣ ва дастовардҳои технологияҳои баланд такя менамояд. Ба қавли дигар, ҷаҳонбинии илмӣ шакли олӣ ва ифодаи комили мавқеи дунявист.  Дар ҳама гуна ҷомеа ҳамеша гурӯҳи зиёди одамоне дучор меоянд,  ки дар ҳаёти инфиродии онҳо нақш ва мақоми дунявият хеле барҷаста аст. Ин ҷо суоле пайдо мешавад,  ки оё  мо мавқеи дунявиятро бо ҷаҳонбинии рӯзмарра ё муқаррарӣ (обыденное или повседневное) айният надода истодаем? Албатта, не. Зеро ҷаҳонбинии рӯзмарра метавонад динӣ бошад ва ё ҳадди ақалл дар он арзишҳои динӣ афзалият дошта бошанд. Аммо дар шакли ҷаҳонбиние, ки манзури таҳлили мост, маҳз арзишҳои дунявӣ афзалият доранд. 

     Албатта, васеътар ва амиқтар шарҳу эзоҳ додани моҳияти мавқеи дунявият  таҳлилу таҳқиқи ҷиддитарро дар муносибатҳои мухталифи  қишрҳои гуногуни ҷомеа ба арзишҳои ҳаётан муҳими инсонӣ тақозо менамояд ва он мавзӯи баҳси алоҳида хоҳад буд.  Ин ҷо бо андешаҳои овардашуда иктифо намуда, мухтасаран таъкид  намудан мехоҳем, ки нақш ва мақоми мавқеи дунявият на танҳо дар  кишвари  мо, балки умуман дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  тадриҷан  бартарият касб  карда истодааст. 

 

Кароматулло Абдулҳаев
сардори Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Яндекс.Метрика