Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат!

❗Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат,
Ғаниҳол аст марди ин бизоат.
Ҳамегуям ман, инро чорае нест,
Ки чун ман дар ҷаҳон бечорае нест.
Чи будӣ, гар гурез асти зи махлуқ,
Сари хилватнишин буди ба Айюқ.
Дареғ аст ин, ки баҳри як дирам зар
Гуҳар бо хок бояд кард ҳамсар.
Агар дарвеш, агар шоҳу амир аст,
Ба гетӣ аз кафофе ногузир аст.
Маро камтар хуриш будиву пушиш,
Ба мадҳи кас накардам ҷаҳду кушиш.
Умедам ҳаст ҳамроҳии мардон,
Аз ин уммед навмедам магардон.
Шабе кунҷам будиву мавзеи хоб,
Сари куи сафову чашмае об.
Худовандо, набояд тахту тоҳам,
Мадеҳ лекин ба махлуқ эҳтиёҷам.
Дарунамро ба нури худ сафо деҳ,
Диламро байъате бо Мустафо деҳ!
✍️Носири Хусрав.

Яндекс.Метрика