МАЗАММАТИ ТАҚЛИДКОРӢ ВА ЗОҲИРПАРАСТӢ ДАР ТАЪЛИМОТИ ДИН

Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.
Эмомалӣ Раҳмон

Масъалаи худнамоӣ ва бегонапарастӣ дар баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеа бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, Пешвои миллат аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки:
«Солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сару либоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус, миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Як гурӯҳи маҳдуди занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.
Ҳол он ки Худоро бо ақл мешиносанду бо қалб мепарастанд, на бо сару либосу сатру ҳиҷобу саллаву риш».

Дини ислом низ масъалаи худнамоӣ ва зоҳирпарастиро шадидан маҳкум намуда, дар ин маврид аз Паёмбари ислом дастуру ҳидоятҳои хос ворид шудааст.
Аз ҷумла:
Ибни Умар (р) гӯяд: Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе, ки либоси дароз ба унвони ғурур бипӯшад, Худованд ба назари лутф ва муҳаббат ба ӯ нигоҳ намекунад». Саҳеҳи Бухорӣ, Ҳадиси 1349.

Аз Ҷундуб ибни Абдуллоҳ ибни Суфён (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе ки барои шӯҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат расво мекунад ва касе, ки аз рӯйи риё амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд бо изҳор намудани риёкорияш дар баробари мардум дар рӯзи қиёмат шармандааш месозад». Ҳадиси 1619.

Дар ҳадиси дигар Паёмбар (с) фармудаанд: Оё шуморо аз аҳли дӯзах бохабар насозам? Ҳар сангдил, озманди худнамо ва мутакаббир». Ҳадиси 252.

Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе ки ба чизе худнамоӣ кунад, ки онро надорад, монанди касе аст, ки ба дурӯғ либоси аҳли зуҳд ва тақворо мепӯшад (то мардум ӯро аз ҷумлаи муттақиён бидоданд), вале дар ҳақиқат як дурӯғгӯ аст ва либосаш дурӯғи найранг аст».
Абӯҳурайра (р) гӯяд: Паёмбар (с) фармудаанд: «Дар оянда фитнаҳое рух медиҳанд ва касоне, ки менишинанд ва дар он дахолат наменамоянд, беҳтар аз касоне ҳастанд, ки дар он худнамоӣ мекунанд ва касоне, ки дар он худнамоӣ мекунанд, беҳтар аз касоне мебошанд, ки дар он ширкат менамоянд ва касоне, ки дар он ширкат мекунанд беҳтар аз касоне ҳастанд, ки дар он фаъолият доранд ва касе, ки худро ба он наздик намояд ба ҳалокат мерасад. Ҳар кас, ки тавонист паноҳгоҳеро ба даст оварад, бояд ба он паноҳ барад». Ҳадиси 1833.
Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст: Паёмбари Худо (с) аз ҳар либосе ҳибрро бештар дӯст доштанд (ҳибр навъе аз бурди ямонӣ аст, ки аз пунба сохта мешавад, яъне либоси хоксорона). Ҳадиси 1985.

Чунонки аз ҳадисҳои Паёмбар (с) маълум мешавад, дини ислом дар ҳама корҳо, аз ҷумла либоспӯшӣ, симои зоҳирӣ, рафтору гуфтор хоксорӣ ва фурӯтаниро мепазирад. Аммо баъзан шахсонеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ, ришмонӣ ба фарҳанги бегона таассуб намуда, тоҷикияти худро гум кардаанд.

Либосҳои сиёҳи занона дар ягон давру замон хоси занони тоҷик набуд ва дар ягон маъхазҳои динӣ барои пӯшидани либосҳои сиёҳ таъкид нашудааст.
Ҳатто дар маросимҳои азодорӣ занон либосҳои сабз ё кабуд пӯшида, ба сар рӯймоли сафед мениҳанд. Чунин таассубкорӣ асосан тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳн шуда, одамони аз асли масъала ноогоҳ ба он пайравӣ мекунанд.

Шакли дигари либосҳои ба ном сатр – ин либосҳое аст, ки ба ривояте бадани занро пӯшидааст, аммо чунон танг аст, ки тамоми андоми зан намоён буда, барои мардон диққатҷалбкунанда мебошад. Инҳоро Пайғамбар (с) «ориёти косиёт» ном бурдаанд, яъне либосдор ва дар баробари ин бараҳна.
Қисмати дигари занон ба мардуми Аврупо тақлид карда, юбкаҳои кӯтоҳ ё куртаҳои тунук мепӯшанд. Агар эътибор диҳед дар Аврупову Амрико чунин либосҳоро бештар занони бадахлоқ ба бар карда, ба ҳамин васила мардони шаҳватпарастро ба худ ҷалб мекунанд.

Пас оё чунин либоспӯшӣ ба зани тоҷик зебанда аст? Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки чунин иброз намуданд:
«Якчанд маротиба такрор ба такрор иброз доштам ва бори дигар таъкид менамоям, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.
Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону бонувони мо бояд шукронаи давлати соҳибихтиёр, озодиву осоиш ва сулҳу оромиро карда, дар пайи ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худашон хонаву дари обод, шароити аз имрӯза дида хубтар муҳайё кунанд, хонаву кошонаи худро тозаву озода нигоҳ доранд, боиффату соҳибмаърифат бошанд, бо рафтору кирдор ва андешаву пиндори неки худ номбардори ин Ватан, ин миллат ва ин марзу бум бошанд».

Худнамоӣ, тақлидкорӣ ва бегонапарастӣ танҳо хоси занон набуда, баъзе мардҳо низ ба он роҳ медиҳанд. Масалан, куртаҳои дароз, шими кӯтоҳ, камзӯлчаҳои покистонӣ, кулоҳи афғонӣ, ришҳои дарози пароканда хоси тоҷикон нест.

Бояд дар хотир дошт, ки либоси ҳар минтақа вобаста ба иқлими он аст. Масалан, офтоби Нимҷазираи Араб сӯзон буда, пайваста шамол қуми биёбонро ба ҳаво мебарад. Аз ин рӯ, барои насӯхтани сару гардан ва муҳофизат аз қум арабҳо ба сарашон рӯймол мегиранд. Сониян, куртаи дарози сафед мепӯшанд. Бо чунин курта ягон кор карда намешавад. Бинобар ин, мардуми афғону покистонӣ, ки асосан ба кори ҷисмонӣ машғуланд, куртаҳои нисбатан кӯтоҳ, ки ду бараш бурида шудааст, ба бар мекунанд. Ҳамчунин мардуми Африқо, Ҳинду Хитой, Индонезияву Малайзия – ҳар кадом либосҳои хоси худро доранд.

Аз ин рӯ, кӯр-кӯрона ба қавме тақлид кардан амали нораво мебошад. Мо бояд аз бибиву модарҳои худ пайравӣ кунем. Либосҳои атласу чакан магар ба занон зебанда нест? Модари тоҷик 1400 сол инҷониб мусулмон аст ва либоси модарони мо шинам, зебанда ва дар баробари ин ҷавобгӯ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ мебошад.

Инчунин, заноне, ки аз дигар минтақаҳо ба пойтахт меоянд бояд фарҳанги либоспӯширо риоя намуда, бо либосу пойафзоли хонагӣ ба пойтахт наоянд, зеро бо чунин рафтор ҳусни пойтахт ва шаъни зани тоҷикро коста мегардонанд ва бояд дар хотир доранд, ки ҳар маврид либоси хоси худро дорад.

Мардони гиромӣ ҳам, аз мондани ришҳои пароканда бояд худдорӣ кунанд. Хусусан, ин кор ба ҷавонон ҳеҷ зебанда нест. Чунки Худованд ба қалби муъмин назар мекунад, на ба зоҳири ӯ, Худованд амалу нияти моро қадр мекунад, на риёву тақлидро. Тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат: «Ҳар як инсон вазифадор аст дар зиндагӣ аз худ бо амалҳои хубаш номи нек боқӣ гузорад, зеро ҳар кори хайри ӯ дар номаи аъмолаш навишта мешавад».

Аз ин рӯ, аз хонандагони гиромӣ хоҳиш менамоем, ки ин суханонро ба аҳли хонаводаи худ расонанд, ба занону духтарон, ҷавонон насиҳат кунанд, онҳоро ба сӯи ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори писандида ҳидоят намоянд.

ШУЪБАИ ПАЖУҲИШИ ИСЛОМИ МУОСИР

Яндекс.Метрика